Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мардон ва бохти занони шатранҷбози тоҷик дар даври панҷуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Алишер Каримов.
Алишер Каримов.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки бо иштироки беш аз 1700 шатранҷбоз аз 186 кишвар дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён дорад, то рӯзи 10-уми август идома хоҳад кард.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври панҷуми мусобиқот тими Суринамро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Аз ин пеш мардони шатранҷбози кишвар дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов ва Илҳоми Ҷалолиддин дар даври аввал тими Ҷазираҳои Вирҷинии Бритониёро бо ҳисоби 4:0 ва тими Қазоқистонро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб карда, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тимҳои Словакия бо ҳисоби 0,5:3,5 ва Белгия бо ҳисоби 1,5:2,5 ноком шуда буданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мардонаи Тоҷикистон дар панҷ даври мусобиқот се имтиёз гирифтааст.

Дар мусобиқаи занон Тоҷикистонро Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Лидия Антонова намояндагӣ мекунанд.

Занони шатранҷбози тоҷик дар даври панҷум аз тими Ирландия бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуданд. Қаблан дастаи занонаи Тоҷикистон аз тимҳои Ҳиндустон ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 0:4 шикаст хӯрда буд. Бонувони шатранҷбози тоҷик дар даври сеюм бар тими Арабистони Саудӣ ва дар даври чаҳорум бар тими Барбадос бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз гаштанд.

Ба ин тартиб, дастаи занонаи Тоҷикистон дар панҷ бозӣ ду имтиёз гирифтааст. Дар даври навбатӣ дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Андорра ва дастаи занонаи кишвар бо тими Суринам рақобат мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як даста дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ 11 бозӣ анҷом медиҳад, ки ҳар як дидор аз чаҳор бозӣ иборат аст.

Дар пасманзари рӯйдодҳои сиёсӣ дастаҳои Русия ва Беларус ба Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 28-уми июл дар Ченнайи Ҳиндустон оғоз шуд, роҳ наёфтанд. Инчунин шатранҷбозони Чин ба далели маҳдудияти коронавирус дар кишвар ба Ҳиндустон нарафтанд. Дастаи Покистон Олимпиадаро бойкот эълон кард.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG