Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Сурия то Душанбе. Ҳамсарони ҷангҷӯёни ДОИШ куҷо шуданд? ВИДЕО


Гуруҳи заноне, ки аз Сурия ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд, на дар боздоштгоҳ, балки дар истироҳатгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарии нимсолааш ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, барои ба зиндагии маъмулӣ мутобиқ шудани ин занон муҳлати муайян зарур аст.

Вай афзуд, "аз аҳволи онҳо ҳар рӯз хабар мегирем, бо онҳо суҳбат мекунем. Вазъияти равонии онҳоро шумо медонед, вақте, ки солҳои зиёд онҳо фақат дар даруни ҷанг буданд, баъди бозгашт барояшон муҳлати муайян даркор аст."

Қурбонзода мушаххас нагуфт, ки ин занон дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд ва то куҷо ба мунсифона баррасӣ шудани қазияи онҳо мешавад умед баст. Вале таъкид кард, ки онҳо бо равоншиносу ҳуқуқшиносон таъмин ҳастанд.

Рӯзи 25-уми июл 146 зану кӯдаки тоҷик аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин гуруҳи занону кӯдакон то замони интиқолашон ба Тоҷикистон, дар урдугоҳи Ал-Ҳавл дар вилояти Ҳасакаи Сурия нигаҳдорӣ мешуданд, ки таҳти назорати курдҳои Сурия аст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, занони баргашта аз Сурия дар осоишгоҳанд, на дар маҳбас
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Қаблан, Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд. Даҳҳо зани тоҷик дар он кишвар ба зиндон маҳкум шуданд. Вале то ҳануз миёни Ироқу Тоҷикистон ягон шартномаи истирдод вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди ин хабари овардани гуруҳи занону кӯдакон аз Сурия, Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанберо, ки духтараш дар Ироқ аст, умедвор кардааст. Зӯҳро Хоҷаева, духтари ӯ ки чаҳор фарзанд дошт, соли 2014 ба Ироқ рафт. Тифли панҷумашро дар боздоштгоҳ ба дунё овард. Мақомоти тоҷик соли 2019 дар қатори даҳҳо кӯдаку наврас панҷ фарзанди ӯро ба ватан баргардониданд.

Сабзагул Камолова мегӯяд, талошҳо барои бозгардонии занон аз Сурия, умедвории ӯро барои овардани духтараш бештар кардааст. "Ҳамеша раҳ нигоҳ мекунем, ки имруз меояд ё пагоҳ. Шаб меояд ё шаби дигар. Дигар чизеро намедонам, ҳам худаш ва ҳам фарзандонашро интизорӣ мекашем",-гуфт ин модар.

Тибқи иттиллои Радиои Озодӣ, заноне ки аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд, борҳо барои оварданашон ба ватан талош кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин занон аз ҳузури худ дар кишварҳои ҷангзада хабар дода, хостори бозгашт ба Тоҷикистон буданд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, ба ин бовар аст, ки ҳарчанд аксари ин занон бо ташвиқи шавҳаронашон ба ин кишварҳо рафта буданд, вале онҳо бегуноҳ нестанд, вале набояд шиканҷа шаванд. "Онҳо бояд бо адвокат кор кунанд, ин чиз ҳам бисёр муҳим аст. Ва албатта бо аъзои оилаашон, падарашон, модарашон, ё бародарашон мулоқот кардан мумкин бошад. Вақте ки дар зиндон мардумро мебаранд, онҳо ҳақ доранд, ки бо наздиконашон мулоқот кунанд",-афзуд Фаридун Ҳодизода.

Мақомот мегуянд, аксари занон ҳамсарони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шуданд. Гуфта мешавад, гурӯҳе дар зиндон ва бархе ҳам дар урдугоҳҳо ба сар мебаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG