Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулҳамид Самад: Рисолати адиб ҳушдор додан аст. ВИДЕО


Абдулҳамид Самад дар сӯҳбати Радиои Озодӣ. Душанбе
Абдулҳамид Самад дар сӯҳбати Радиои Озодӣ. Душанбе

Дар адабиёти муосири тоҷик Абдулҳамид Самадро ҳамчун намояндаи барҷастаи насри деҳотӣ мешиносанд. Худи адиб мегӯяд, мавзуъҳояшро ба ину он ҷудо намекунад.

Нависандаи маъруф ва яке аз меросбарони Садриддин Айнӣ, барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Абдулҳамид Самад 75-солагии худро ҷашн мегирад. Дар адабиёти муосири тоҷик Абдулҳамид Самадро ҳамчун намояндаи барҷастаи насри деҳотӣ мешиносанд. Худи адиб мегӯяд, мавзуъҳояшро ба ину он ҷудо намекунад. Дар давоми беш аз 50 соли фаъолияти эҷодияш вай даҳҳо қисса, ҳикоя ва роман навиштааст ба мисли “Баъд аз сари падар”, “Паррончакҳо”, “Пиёлаи шикаста”, “Аспи бобом”, “Майдон”, “Акаи ошиқ”, “Талош”, “Чароғи дил”, “Гардиши девбод”. Муннақидон бовар доранд, ки ин адиб дар инкишофи насри нимаи асри 20-ти тоҷик ва аввали асри 21 нақши барҷаста дорад. Дар зодрӯзаш Абдулҳамид Самад Меҳмони Радиои Озодӣ шуд.

"Дар ду давра зиндагӣ кардам..."

Радиои Озодӣ: Дар ин синну сол агар ба ақиб нигоҳ кунед, ҳаёти худро чӣ гуна тавсиф мекунед?

Абдулҳамид Самад: Дар ин рӯз ва дар ин синну сол шахсан ман бояд аз парвардигор сипосгузор бошам, ки маро ба ин синну ба ин рӯз расонд. Зеро ман бемориҳову дардҳои зиёдеро кашида, амалиёт ё ҷарроҳиҳои бисёреро паси сар кардаам. Дар ин зиндагӣ ман бо инояти худованд бо бисёр инсонҳои шариф ва муътабар ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он шинос шудам. Аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтам. Ҳамнишинӣ бо мардуми бисёр соҳибном, бофазл ва бомаърифат худ як хушбахтист. Дувум, сипосгузории ман аз он аст, ки дар ду давра зиндагӣ кардем – асри бист ва асри бисту як, яъне нисфи умрам дар ин тараф аст. Мо насли ҳамон замонем, зеро давраи кӯдакиву ҷавонӣ ва оғози фаъолиятам дар нимаи дувуми асри бист гузашт. Боз аз парвардигор сипосгузорӣ мекунам, ки давраи озодии меҳан ва истиқлолияти давлатиамонро дидем. Шоҳид шудем ва дидем, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар ҳама соҳаҳо чӣ қадар рушд кард, инкишоф ёфт.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам Тоҷикистони соҳибистиқлол эҷод мекунед. Оё дар Тоҷикистони шӯравӣ дар муқоиса бо соҳибистиқлолӣ дар эҷодиёт маҳдудиятҳое буданд?

Ҳолномаи Абдулҳамид Самад

Абдулҳамид Самад 5 августи соли 1947 дар деҳаи Шикоргаҳи ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ва моҳномаи «Фарҳанг» кор кардааст. Аз соли 1993 то соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Муаллифи чанд қисса, аз ҷумла, «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо», «Шохи чинор», «Аспи бобом», «Пиёлаи шикаста», «Косаи давр» ва романи «Гардиши девбод» аст. Соли 1990 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд ва нуҳ сол баъдаш ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Абдулҳамид Самад: Ин чиз вобаста ба ирода, характер ва имони эҷодкор аст. Масалан, устод Айнӣ, ки ҳоло дар боғи ба номашон қарор дорем, он чизе, ки дилашон буд, мехостанд иброз доранд - ҳам барои хонандаи он замон ва ҳам барои оянда. Ҳам дардҳои гузашта ва ҳам дардҳои замонашро вай бар пояи имони худаш иброз дошт. Устод Лоҳутӣ, ки аз ғарибӣ ба ин ҷо омад, аз назари худ гуфт. Устод Турсунзода ё устод Улуғзода ё Миршакару Ҷалол Икромӣ насли солҳои 1930-юм ҳастанд ва боз адибони солҳои баъдӣ низ ҳастанд, ки баъдтар омаданд. Онҳо боз аз назари худашон ба таҳқиқи проблемаҳои зиндагиву таҳаввулоти фикриву андешаҳои инсон пардохтанд. Насли дигаре шурӯъ мешавад аз Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, баъдтар Ғаффор Мирзо ва Файзулло Ансорӣ, Шукуҳӣ ин тараф устод Мӯъминшо, Лоиқу боз як насли дигар. Ҳоло боз як насли адибони дигар омадаанд. Эҷод аз рӯи фаҳмиши ман, ки то ба ин синну сол омадаам, ин ба имони ҳамон одам вобаста аст, иродаи ҳамон одам аст. Фарз кардем, устод Фазлиддин Муҳаммадиевро гирем, ки баъд аз Толис он кореро дар адабиёти мо бо як “Тобистон”-у чанд ҳикоя кард, ки маърифати насри мо роҳи дигареро гирифт. Дар Улуғзодаву устод Икромӣ, пас аз Айнӣ албатта, онҳо барои мо, ҷавонон, роҳ кушоданд. Аз рӯи ҳадафҳояшон карданд. Дар ин радиф нависандаҳое буданд, ки аз пайи мавзӯъ рафтанд, аз пайи саногӯӣ рафтанд ва имрӯз мо хоҳему нахоҳем, хонанда асарҳоеро мехонад, ки бештар арзишҳои миллӣ дошта бошанд.

"Худам ҳам аз зиндон раҳидам"

Радиои Озодӣ: Дар ин замина як асари шумо бо номи “Маҳбус”, ки дар солҳои Тоҷикистони шӯравӣ навишта шудааст...

Абдулҳамид Самад: Соли 1988 навиштанашро шурӯъ кардам ва соли 1992 чоп шуда буд. Ҳарчанд навиштани онро аз пеш дар дил доштам.

Радиои Озодӣ: Мавзӯи ин қисса дар замони шӯравӣ то ҷое мамнӯъ дониста мешуд.

Абдулҳамид Самад: На танҳо мамнӯъ, балки дандоншикан ҳам буд. Орзуи навиштан дар ин мавзӯъро доштам, зеро зиндагиам ҳам ба мисли маҳбусон дар он замон буд. Андешаву тафаккуру шӯриву талхии зиндагии онҳо хоси ман буд. Забони муоширати зиндониёнро омӯхтам ва мефаҳмидам, ки касе дар он ҷо барои гуноҳе нишаставу каси дигар дар пайи туҳмату буҳтон ва бадхоҳии атрофиён ба зиндон афтодааст. Дар зиндон хулқу атфори маҳбусон сахт тағйир меёбад ва таҳқиқи он хеле душвор аст. Зеро дар он ҷо мафҳуми мардиву ҷавонмардӣ ва номардӣ тобишҳои дигаре мегиранд. Талош кардам дар қисса чунин вижагиҳои қаҳрамонҳоямро бозтоб диҳам. Дар он замон иҷоза намедоданд, ки вориди зиндон шавем. Ба ҳамин хотир, дар охирсухани ин қисса навиштам, ки дар баробари ин маҳбусон ман низ аз ин зиндон раҳидам.

 Дидбони саргузашти миллат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:58 0:00

Радиои Озодӣ: Устод, оё дар солҳои шӯравӣ, ки шумо ин асарро навиштаед, маҳдудиятҳое буданд, ки «ин мавзӯъ барои нашр нест ва набояд чунин асаре эҷод шавад»? Яъне, сензура он солҳо вуҷуд дошт?

Абдулҳамид Самад: Албатта буд ва мо наметавонем гӯем, ки ин кор набуд. Ман тӯли даҳ сол дар шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” кор кардаам ва ҳар як асари нашрмешуда нахуст як бору ду бор муҳокима мешуд. Ҳайати таҳририяи маҷалла ба сари худаш набуд, ҳар як асарро тамоми роҳбарияти Иттифоқи нависандагон мехонд. Ҳолатҳое буданд, ки як ҷумла ё як ҷузъиёт хилофи талабот бошад, Главлит (Сарраёсати кор дар умури адабиёт ва нашриёт) зери он хат мекашид ва то ислоҳи он нашраш манъ мешуд. Мо ба муаллиф мефаҳмонидем ва ӯро ба ислоҳ водор месохтем. Агар розӣ намешуд, маҷбур будем нашри маҷалларо боздорем. Зеро он замон компютер набуд ва ҳамаи матн бо ҳуруфи сурбӣ чида мешуд, ки кори заҳматталаб буд ва фурсат мехост.

Радиои Озодӣ: Главлит ин амният аст ё чӣ?

Абдулҳамид Самад: Ин сонсур аст. Агар муаллиф мухолифат мекард, сипас ин матлаб ба шӯъбаи дахлдори амният фиристода мешуд.

Радиои Озодӣ: Шуморо ҳам даъват карда буданд ба ин идора?

Абдулҳамид Самад: Ман ба ин чиз гирифтор нашуда будам, вале бисёре аз нависандаҳои мо бо ин мушкил рӯбарӯ мешуданд. Ман, ки мудири шӯъбаи маҷалла будам, вазифадор будам мактубро ба сохторҳои дахлдор расонам. Зеро кашолкорӣ боиси нашр нашудани шумораи навбатии маҷалла мешуд. Масалан, дар романи Ӯрун Куҳзод “Ҳам шаҳри азиму ҳам кӯҳи баланд” барои чанд ҷумла эрод гирифта буданд. Барои ислоҳи он то ду-се моҳ вақт мерафт ва хонанда бе шумораҳои нави маҷалла мемонд. Бидуни ислоҳи ин матн нашри шумораҳои нав ҳам имкон надошт. Чунин вазъият дар нашриёту матбуоти мо вуҷуд дошт ва моҷароҳое низ дар ин замина рух медоданд. Масалан, романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одина.

Радиои Озодӣ: Шумо ин қазияро шоҳид будед?

Абдулҳамид Самад: Ман он вақт дар маҷалла кор мекардам ва романро барои нашр омода кардем. Як-ду ҷузъиёти ночизе буд, ки ба назарам, ҳоло ҳам зарурати нашри он муҳим нест... Ман аз соли 1977 дар муҳити Иттифоқи нависандагон ҳастам ва даҳ соли аввал дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” кор кардаам...

"Шарт нест ҳар гапи кӯча дар асар ҷой гирад"

Радиои Озодӣ: Пас, ҳоло низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гунаи солҳои шӯравӣ маҳдудиятҳое дар бозтоби мавзӯъҳо дар адабиёт вуҷуд дорад?

Абдулҳамид Самад: Инро мушоҳида накардаам, вале ақидае дорам, ки дар ин давра ба ҷойи ҳамон сонсур ё инки ҳамон “Главлит” бояд ҳар як адиб, ҳар як эҷодкор дар ниҳоди худаш ҳамин чизро бояд дошта бошад.

Радиои Озодӣ: Яъне, манзуратон худсонсуриро?

Абдулҳамид Самад: Манзурам ин аст, ки оё ҳарфҳои мегуфтаи эҷодкор ба маърифати хонандаи мо чизе меафзояд ё не? Ҳар як гапи кӯчагӣ, лашулуши кӯчагиро эҷодкоре, ки худро эҳтиром мекунад, шарт нест дар асараш ҷой диҳад... Ҳоло ба сари худ ҳастем. Ҳоло ҳар кас худаш медонаду дави аспаш, лекин дил мехоҳад, ки дар адабиёти мо асарҳои шоиста пайдо шавад, то баъд аз 15-20 сол ҳам хонанда бигӯяд, ки осори насли имрӯза арзанда аст. Адибоне, ки ба синни 70 ё 80 расидаанд, чунин асарҳо доранд, аммо насли имрӯза ин асарҳоро мутолиа мекунад ё не, мавзӯи дигар аст. Зеро замон ҳам дигар шуд, охир. Ҳоло ҷойи аввалро сармоя гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Шумо тӯли 23 сол аз роҳбарони Иттиҳоди адибон будед ва тӯли чанд сол дар вазифаи муовини аввали раиси ин Иттиҳодияи эҷодӣ фаъолият кардаед. Раҳбарияти феълии иттиҳод интиқод мекунад, ки дар он солҳо ба узвияти ин созмон нафарони “тасодуфӣ” пазируфта шудаанд. Шумо дар посух чӣ гуфта метавонед?

Абдулҳамид Самад: Воқеан, дар он солҳо ба истилоҳе бо “хотирбинӣ” бархе аз эҷодкорон соҳиби узвияти Иттиҳоди адибон шуданд. Вале узвият дар ин созмон ҳеҷ имтиёзеро намедиҳад. Дар солҳои шӯравӣ имкон дошт, ки аъзои иттифоқ ба истироҳатгоҳҳо бираванд ё барояшон 20 метри мураббаъ манзили иловагӣ медоданд. Ҳоло чунин имтиёзе нест. Бархеҳо танҳо ба хотири шӯҳратталабӣ талош мекарданд худро узви ин иттиҳод муаррифӣ кунанд.

Радиои Озодӣ: Устод, ҳоло ки шуморо дар вазъи хуби ҷисмонӣ мебинем ва ба ин далел пурсиданиам, ки чӣ ниятҳои эҷодӣ дар пеш доред?

Абдулҳамид Самад: Худованд, ки ҷон додааст, ҳамааш дар дасти худаш аст. Намедонем, ки фардо чӣ мешавад. Корҳоямро тақрибан ҳамаашро кардаам. Чанд сол шуд ба такидани қоғазҳо машғулам ва бештарашро анҷом ҳам додаам. Чизҳоеро навиштаам, ки онро “Раҳоварди зиндагӣ” мешавад номид, ҳатто дафтар ё рӯзномаи зиндагинома ҳам мешавад номид. Дар ин 30 дафтар тамоми марҳилаҳо ва ҷузъиёти зиндагиву эҷодиёт паиҳам зикр мешаванд. Дафтари аввали ин хотирот дар шумораҳои ҳафт ва ҳашти маҷаллаи “Садои Шарқ” нашр хоҳад шуд. Метарсидам, ки мемирам ва таҳрири он дафтарҳоро касе анҷом намедиҳад, зеро ин корест, ки ба ҷуз аз муаллиф касе наметавонад онро анҷом диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG