Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози оташбас миёни "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин ва Исроил


Оташбас миёни гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ва Исроил дар Ғаза аз соати 23:30 шаби гузашта ба иҷро даромад. Ин созиш бо миёнаравии Миср ба даст омад ва ба ин ҷанги сахти серӯза поён дод. Тибқи гузоришҳо, дар ин ҷанг 43 фаластинӣ ҷон бохтанд, ки шуморе аз онҳо кӯдакон ҳастанд.

Чанд соат қабл аз иҷрои оташбас, созмони "Ҷиҳоди исломӣ" эълон кард, ки бо Исроил дар ин бора ба созиш расидааст. Муҳаммад Ал-Ҳиндӣ, як мақоми баландпояи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин дар баёнияе гуфт, "чанд дақиқа қабл бо миёнаравии Миср дар бораи оташбас созиш ҳосил шуд".

Қабл аз ин нахуствазири Исроил таъкид карда буд, ки "Исроил дар амалиёти Ғаза ба ҳадафи худ расид ва тӯлонитар кардани ин амалиёт зарараш аз фоидааш бештар аст".

Исроил рӯзи ҷумъа мавзеъҳои "Ҷиҳоди исломӣ" дар Ғазаро ба шиддат бамборон кард. "Ҷиҳоди исломӣ" низ дар муқобил садҳо мушак ба Исроил партоб кард.

Вазири тандурустии Ғаза шоми якшанбе эълон кард, ки шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба 43 нафар расид, ки 15 нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки беш аз 300 фаластинӣ бар асари ин ҳамлаҳо захмӣ шудаанд.

Ниҳодҳои кӯмакрасон ва тандурустӣ дар Исроил низ эълон кардаанд, ки тайи ин муддат се исроилӣ ҷароҳатҳои ҷиддӣ ва 31 тани дигар захмҳои сабук бардоштаанд.

Муҳаммад Ал-Ҳиндӣ мегӯяд, ки оташбас "шомили ин ваъдаи Миср мешавад, ки барои озодии ду зиндонӣ талош мекунад. Ин ду бо номҳои Босим Ас-Саъдӣ, чаҳраи шинохтаи сиёсии "Ҷиҳоди исломӣ" ва Халил Авовида, дар боздошти Исроил ҳастанд.

Охирин муноқиша байни Исроил ва фаластиниҳо дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳи "Ҳамос" аз он дар канор мондааст. Гурӯҳе, ки амалан ҳукумат дар Ғазаро дар ихтиёр дорад. Исроил аз оғози амалиёти худ таъкид карда буд, ки танҳо ба "Ҷиҳоди исломӣ" ҳамла мекунад ва ба "Ҳамос" коре надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG