Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2022 тими Қирғизистонро шикаст дод


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки дар Душанбе ҷараён дорад, тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Дар ин бозии даври сеюми мусобиқот, ки 8-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, се голи Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашурмамадов ва Суннатулло Азизов ба мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз овард.

Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби ҷавонони Эрон тими Афғонистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA -2022 , ки 5-уми август дар Душанбе оғоз ёфт, панҷ тими мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвал бо касби 6 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Эрон ва Қирғизистон бо касби чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Бозиҳои даври чаҳорум рӯзи чоршанбе, 10-уми август, доир мегарданд. Соати 18:00 тимҳои ҷавонони Эрон ва Қирғизистон рақобат мекунанд. Баъдан соати 21:00 дастаҳои ҷавонони Узбекистон ва Тоҷикистон бозӣ хоҳанд кард. Тамошои бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе то рӯзи 12-уми август доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот ҳар як даста бо рақибони худ дар як давра бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян хоҳад шуд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), гуфт, қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагии даста ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи сентябри имсол дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ӯ афзуд, "рақибони мо дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа мебошанд. Вазифаи мо дар ҳар як бозӣ ғалаба карда, бозии хуб нишон додан ва ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҳамаҷониба омода шудан аст".

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе

Иштироккунандагон: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

Узбекистон – Эрон – 2:2

Голҳо: Шерзод Эсанов, 49 (1:0). Шаҳриёр Ҷабборов, 81 (2:0). Муҳаммад Амин Хазбавӣ, 88 – аз пеналти (2:1). Амир Иброҳимзода 90 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Амин Хазбавӣ (Эрон).

5-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 250 тамошобин.

Қирғизистон – Афғонистон 1:0

Гол: Иброҳимбек Нурмат уулу, 36.

Беҳтарин бозигари дидор: Иброҳимбек Нурмат уулу (Қирғизистон).

5-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 350 тамошобин.

Даври 2-юм

Афғонистон Тоҷикистон 1:4

Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 14 (0:1). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 21 (1:1). Содиқҷон Қурбонов, 71 (1:2). Фатҳулло Олимзода, 75 (1:3). Салам Ашурмамадов, 90 – аз пеналти (1:4)

Беҳтарин бозигари дидор: Содиқҷон Қурбонов (Тоҷикистон).

6-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 2700 тамошобин.

Қирғизистон Узбекистон 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Султон Чомоев (Қирғизистон).

6-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 150 тамошобин.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 3:1

Голҳо: Асадбек Ҷӯрабекзода, 41 (1:0). Боймирзо Женишбеков, 70 (1:1). Салам Ашурмамадов, 81 – аз пеналти (2:1). Суннатулло Азизов, 90+1 (3:1).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода (Меҳрубони Абдурауф, 46), Шаҳриёри Иноятулло (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 84), Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Кабир Салимшоев (Амирҷони Фаррухзод, 73), Абдулло Шарипов (Иброҳим Зокиров, 73), Салам Ашурмамадов, Фатҳулло Олимзода (Бежан Нишонбойзода, 62), Асадбек Ҷӯрабекзода (Суннатулло Азизов, 62).

Беҳтарин бозигари дидор: Салам Ашурмамадов (Тоҷикистон)

8-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 3500 тамошобин.

Эрон – Афғонистон – 4:0

Голҳо: Ирфон Қурбонигувоҳшинӣ, 6 (1:0). Саид Гендешмин, 44 (2:0). Муҳаммад Амин Хазбавӣ, 53 (3:0). Муҷтабо Фахриён, 79 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ирфон Қурбонигувоҳшинӣ (Эрон)

8-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 250 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

7-2

6

2

Эрон

2

1

1

0

6-2

4

3

Қирғизистон

3

1

1

1

2-3

4

4

Узбекистон

2

0

2

0

2-2

2

5

Афғонистон

3

0

0

3

1-9

0

Бозиҳои боқимонда

Даври 4-ум

10-уми август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

12-уми август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG