Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи Фаридун дӯстону ҳамкоронро мотамзада кард. ВИДЕО


Акси Фаридун Хайруллозода аз саҳифаи фейсбукиаш
Акси Фаридун Хайруллозода аз саҳифаи фейсбукиаш

Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” шоми 11 ба 12-уми август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Мақомот сабаби марги ӯро то ҳол расман шарҳ надодаанд. Баъзе дӯстонаш дар сӯҳбатҳои бидуни сабт гуфтнд, даст ба худкушӣ задааст, вале ҷузъёти бештарро намедонистаанд.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз марги Фаридун аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабардор шудааст ва агар худкушӣ бошад сабабу омилҳояшро маълум хоҳанд кард.

Рӯзи 12-уми август наздикону пайвандон ва дӯстону ҳамкорони Фаридун барои видоъ бо ӯ назди манзили онҳо дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт ҷамъ омаданд. Модари ин ҷавон, ки дар Русия будааст, ҳоло дар роҳ ба сӯи Душанбе аст. Бино бар ин, маросими бахоксупории ӯро ба соати 7-и бегоҳии имрӯз ба таъхир гузоштанд.

Марги ногаҳонии Фаридун аҳли хонавода, пайвандону наздиконашро дар ҳолати шок қарор додааст.

Даргузашти нобаҳангоми ровиии шинохтаи тоҷик Фаридун Хайруллозода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Зулайхо Тошева, яке аз пайвандони Фаридун Хайруллозода, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Фаридун бисёр бачаи хуб буд, барои рафтани ӯ зиёд ғамгин шудаем. Ҷияни худам буд, дар радиову телевизион кор мекард. Фақат аз даҳонаш гапи хуб мебарамад ва боре ҳарфи бадашро нашунида будем".

Дар посух ба ин пурсиш, ки оё аз кадом беморие ранҷ мекашид ва сабаби маргаш чист, хонум Зулайхо посух дод, ки "гуфтанд, аз бемории дил шудааст. Фаҳмидем, ки дирӯз дар як маъракаи тӯй будааст". Ҳамсӯҳбати мо фарзияи худкушии Фаридунро беасос хонд.

Фаридун Хайруллозода хатмкардаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон будааст, вале рӯ ба кори эҷодӣ оварда, ҳанӯз дар синни ҷавонӣ ҳамчун як ровии муваффақ муаррифӣ гардид.

Асомуддин Атоев аз дӯстони хонаводагии Фаридун мегӯяд, ӯ мехост нияти неки падарашро амалӣ намояд.

"Падари Фаридун бисёр мехост рӯноманигор шавад. Мо доим ба падараш мегуфтем нияти неки худат дар писарат мустаҷоб шуд. Бо падараш бисёр пофишорӣ мекардем, ки рӯзноманигор шавад, иқтисодшинос шуда хонд, вале кори рӯзноманигориро пеш гирифт, ин кор барояш як касби табии буд", - афзуд Асомуддин Атоев.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону мухлистони Фаридун Хайруллозода навиштанд, ки марги ӯ барояшон ногаҳонӣ ва хабари дарноке аст. Дӯстону ҳамкоронаш гуфтанд, ӯ бардаму солим менамуд ва бемории ҷиддие надошт.

Нурангез Рустамзода, собиқ ҳамкори Фаридун Хайруллозода мегӯяд, то ҳол ба даргузашти Фаридун бовараш намеояд: "То ҷое медонистам Фаридун аз бемории қалб ранҷ мекашид, вале ҷиддӣ набуд. Барои ман бисёр ногаҳонӣ буд. Субҳ вақте "историҳо"-и он нафарро дар "Инстаграм" дидам, аслан боварам наомад, то ҳол боварам намеояд. Ҳоло симои сардашро дидам ва дар ҳолати шок ҳастам".

Фаридун ҳануз аз соли 2006, дар синни 11-солагиаш дар барномаҳои ТВ "Баҳористон” ровигӣ мекардааст. Соли 2009 ба телевизиони “Сафина” гузашта, муаллифи барномаҳои субҳгоҳии ин шабака будааст. Як муддат дар шаҳри Маскави Русия иқомат доштааст. Ӯ муаллиф ва ровии якчанд барномаҳо дар “Радиои Ватан” низ буд.

Соли 2017 Фаридун барои фаъолияти пусамар дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин блогери Тоҷикистон” шуд. Соли 2018 директори радиои “Ҳамсадо” ва баъдан вазифаи директори генералии “Авторадио Тоҷикистон”-ро бар дӯш гирифт. Аз ӯ як духатар ба ёдгор мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG