Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар Туркия


Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 9-18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ба поён расид.

Дар маросими пӯшидашавии бозиҳо вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу гуфт, “мо хеле шод будем, ки ҳазорон бародари худро дар Туркия пазироӣ кунем. Дар ин чорабиниҳо ҳаргиз мағлуб набуд, бародарӣ ва ваҳдат ғолиб омад. Ҳамаи меҳмонон аз шаҳри Қунияи Туркия бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ба кишварҳои худ бармегарданд.”

Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Файсал, раиси Федератсияи байналмилалии варзиши ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ва президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, ба ҳамаи онҳое, ки барои баргузории бозиҳо саҳм гузоштанд, изҳори сипос карда, гуфт, “ҳамбастагӣ номи мост, сулҳ забони мост, мусобиқаи бошараф дар майдонҳои варзишӣ роҳи мост.”

Сипас, Касапоғлу парчами Федератсияи варзиши ҳамбастагии исломиро ба шоҳзода Абдулазиз ал-Файсал супорид. Маросими пӯшидашавӣ бозиҳо бо барномаи ҳунарӣ анҷом ёфт.

Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ соли 2025 дар пойтахти Камерун – шаҳри Йоунде - доир хоҳад шуд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд. Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 90 кило ва Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, Шодмон Ризоев дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило ва Абубакри Акобир дар вазни то 100 кило, инчунин дастаи мардонаи ҷудои Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 29-ум қарор гирифт, вале мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни медали тилло ҷойи охиринро ишғол кард.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии даҳ рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Туркия 341 медал (145 тило, 107 нуқра ва 89 биринҷӣ) гирифт.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 158 медал (51 тило, 42 нуқра ва 65 биринҷӣ) ҷойгоҳи дувумро соҳиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 133 медал (39 тило, 44 нуқра ва 50 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 99 медал (29 тило, 36 нуқра ва 34 биринҷӣ), Қазоқистон - 89 медал (27 тило, 23 нуқра ва 39 биринҷӣ), Марокаш - 62 медал (15 тило, 13 нуқра ва 34 биринҷӣ), Индонезия - 56 медал (13 тило, 14 нуқра ва 29 биринҷӣ), Баҳрайн - 23 медал (9 тило, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ), Қирғизистон бо касби 31 медал (8 тило, 8 нуқра ва 15 биринҷӣ) ва Алҷазоир – 42 медал (7 тило, 12 нуқра ва 23 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, варзишгарони 44 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардиданд, аз он ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шуданд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 23 медал (4 тило, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ) ҷойгоҳи 12-умро соҳиб шуд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумораи камтари медалҳо ва бидуни нишони тило охирин шуд:

1. Узбекистон - 158 медал (51 тило, 42 нуқра ва 65 биринҷӣ)

2. Қазоқистон - 89 медал (27 тило, 23 нуқра ва 39 биринҷӣ)

3. Қирғизистон - 31 медал (8 тило, 8 нуқра ва 15 биринҷӣ)

4. Туркманистон - 23 медал (4 тило, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ)

5. Тоҷикистон - 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ)

Натиҷаҳои пасти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ боиси нигаронии коршиносону мутахассисони соҳа гардидааст. Бархе аз онҳо бар ин назаранд, ки ин масъала бояд дар ҷаласаи Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш дохил буд. Варзишгарони тоҷик бо шумули 46 нафар дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд – варзиши сабук, вазнабардорӣ, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ), камонварӣ, каратэ-до, таэквондо WT, тенниси рӯи миз ва ҷудо - иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 14 медал (як тилло, чаҳор нуқра ва нӯҳ биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG