Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тавоноии пойгоҳҳояшро дар Осиёи Марказӣ бештар мекунад


Паради ҳарбии 9-уми маи соли 2021, Маскав
Паради ҳарбии 9-уми маи соли 2021, Маскав

Вазири дифоъ Сергей Шойгу ахиран изҳор кард, ки Русия ният дорад дар робита бо вазъ дар Афғонистон мавқеи пойгоҳҳои низомиаш дар хоки Тоҷикистону Қирғизистонро мустаҳкамтар кунад.

Изҳороти вазири рус рӯзи 24-уми август аз минбари ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд ва бо ишора ба машқҳои низомии нирӯҳои Тоҷикистон ва ИМА "Ҳамкории минтақавӣ 22" садо дод, ки то 20-уми август дар хоки Тоҷикистон баргузор шуданд. Бархе таҳлилгарон дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи беасоси Русия дар хоки Украина тахмин мекунанд, ки Маскав метавонад нирӯҳои иловагиро ба Осиёи Марказӣ интиқол дода, ҳузурашро дар минтақа тақвият диҳад.

Шойгу чӣ гуфт

Шойгу дар ҷаласаи вазирони дифои узви СҲШ дар Тошканд аз нақшаҳои Маскав барои тақвияти имкониятҳои пойгоҳҳои низомии Русия дар хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ лаб кушод ва гуфт, ки чунин зарурат ба таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ аз хоки Афғонистон рабт мегирад.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, «Вазъ дар Афғонистон, ки он ҷо созмонҳои террористии байналмилалии мисли гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» то рафт фаъолтар мешаванд, чолиши ҷиддӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Дар пасманзари идомаи муқовиматҳои мусаллаҳона вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ бадтар мешавад, идеологияи ифротгароии динӣ таҳмил мешавад, ҷиноятҳои фаромилливу қочоқи маводи мухаддир доман паҳн кардаанд. Аз ҷониби худ, омодагии ҷангии пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳам дигар нирӯҳоро дар пешорӯи ҳолатҳои эҳтимолии бӯҳронӣ афзоиш медиҳем”.

Машқҳои низомии "Ҳамкории минтақавӣ 22" аз 10 то 20-уми август дар қаламрави Тоҷикистон ва аз ҷониби Фармондеҳии марказии Амрико бо ширкати ситодҳои фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон баргузор шуд. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ҷаласаи ҳамтоёнаш аз Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд 19-уми август аз баргузории машқи якҷоя бо нерӯҳои Амрико изҳори нигаронӣ ва иддао кардааст, ки машқҳои муштарак "ба амрикоиҳо барои омӯзиши имкониятҳои низомии минтақа ва дақиқтар кардани ҳадафу харитаҳо лозим аст." Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 23-юми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ ва дар вокуниш ба ҳушдори Патрушев гуфт: "Ман ба ҷаноби Патрушев гуфтаниам, ки мо бо Федератсияи Россия ҳамкориҳои стратегӣ дорем, ҳамин хел мемонем. Ин ягон хел ба муносибатҳои мо таъсир намерасонад."

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ки "Ҳамкории минтақавӣ 22" тамрини солонаест, ки ба таъмини субот, мубориза бо терроризм ва рушди ҳамкории Осиёи Марказию Ҷанубӣ, Амрико ва кишварҳои дигар нигаронида шудааст. Зимнан, ин тамрин аз соли 2004 то аҳди пандемияи COVID-19, "ҳамасола дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида, баргузор мешуд."

Ин машқҳо дар ҳоле буд, ки моҳи июни имсол раҳбари фармондеҳии марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Майкл Курилла ҳам аз Тоҷикистон дидан ва мавзӯи тақвияти ҳамкориҳоро дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо баррасӣ кард.

«Душанбе то рафт аз Маскав дилсард мешавад»

Марс Сариев, муҳаққиқи масоили геополитикӣ мегӯяд, Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистон дар чашми Русия «мавқеи шарикии боэътимод»-ашро аз даст медиҳад. Ба бовари Сариев, «дар Осиёи Марказӣ бозии калони геополитикӣ шурӯъ шудааст. Русия дарк мекунад, ки нуфузашро дар минтақа аз даст медиҳад. Ҳамин машқҳои муштарак бо амрикоиҳо дар Тоҷикистон мавриди нигаронии ҷиддии Русия шудааст. Чунки Владимир Путин дар оғоз ба як хатои ҷиддӣ роҳ дод. Дар ҷаласаи пешин президент Эмомалӣ Раҳмон аз Путин сабабҳои афзоиш надодани шумори низомиёнро дар пойгоҳи 201-уми Русия суол карда гуфтааст, ки баръакс, қисме аз онҳоро ба Украина сафарбар мекунад. Чунки низомиёнро берун карданд, он ҷо шумори каме боқӣ монд. Он вақт Путин ба Раҳмон гуфт, ки «Толибон хатарнок нестанд» ва айни замон нагуфт, ки ҳайати низомӣ афзоиш дода мешавад».

Ин коршинос мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз Русия кафолати таъмини амнияти кишварашро ба даст наовард ва ба ҳамин хотир ҳам, ба тасеаи ҳамкориҳо бо ИМА машғул шуд. Ӯ бовар дорад, ки ин машқҳо натиҷаи ҳамин сиёсат буд.

Марс Сариев мегӯяд, Русия хатояшро фаҳмид ва акнун аз паи тақвияти мавқеи пойгоҳҳояш дар Осиёи Марказӣ мешавад. Вале, ба бовари коршинос, дар анборҳои пойгоҳҳояш силоҳу муҳимот кам мешавад ва силоҳои кӯҳна ба ҷанги Украина меравад.

Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати Толибонро дар Афғонистон то замони таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва эҳтиром ба ҳуқуқи тоҷикон эътироф нахоҳад кард ва дар чандин муроҷиаташ ба кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ хостааст, ки тақзои кишварҳои минтақа ба ин манзур ба мақомдорони Кобул расонида шавад. Вале Русия ба музокира ва тамос бо «Толибон» идома дод ва дар мулоқоташ бо Раҳмон дар Душанбе охири моҳи июн Путин ҳарчанд гуфт, зарурати ҳукумати фарогирро бо ширкати "ҳама гурӯҳҳои қавмии ҳозир дар Афғонистон" мепазирад, айни замон таъкид кард, ки "бо ҳама нерӯҳои сиёсие, ки вазъ дар кишварро назорат мекунанд" тамос дорад.

Раҳбари бунёди «Прогресс» Одил Турдиқулов мегӯяд, Маскав талош мекунад «нуқоти ҳассосро таҳти фишор нигоҳ дорад, то ки нуфузашро дар Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад» ва равобиташ бо «Толибон»-у Душанбе намунаи ин рафтор аст.

Турдиқулов мегӯяд: «Аз як сӯ Шойгу дар бораи баъзе чолишҳои мавҷуда дар Осиёи Марказӣ, ки Афғонистон яке аз онҳост, дуруст мегӯяд. Барои Тоҷикистоне, ки бо он ҳаммарз аст, воқеан ҳам муҳим аст. Чунки миёни Душанбе ва Кобул мушкил зиёд аст. Вале зермаънои гапҳои Шойгу дигар аст. Дар минтақа мавқеи геополитикии Русия то рафт заъифтар мешавад. Мо мебинем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Кремлин фосила мегиранд ва талош мекунанд, ки сиёсати мустақилонаи хориҷиро пиёда кунанд. Маскав дар масоили амнияти сиёсию ҳарбӣ дар минтақа монополист буд. Акнун онҳо метарсанд, ки аҳроми фишорро аз даст медиҳанд ва аз ин чиз дар хавотир ҳастанд. Ҳоло амалҳои Русия ба самти Украина нигаронида шудааст. Ин нуқтаи ихтилоф бо Ғарб ҳам мебошад. Агар як манбаи нави низоъ пайдо шавад, эҳтимолан Ғарб ба муколама бо Русия маҷбур мешавад. Барои Русия дар эҷоди манбаъҳои нави низоъ дар минтақа баҳона вуҷуд дорад».

Ҷаласаи сарони СҲШ, интизороти Русия

Бархе таҳлилгарони ҷудогона ба ин назар ҳастанд, ки cӯҳбатҳои вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар бораи тақвияти пойгоҳҳояш дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон метавонад дар таъини мавзӯи кори ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд ҳалкунанда бошад. Ин ҷаласа рӯзи 16-уми сентябр ва аввалин бор баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина баргузор мешавад.

Ба андешаи Марс Сариев, Русия талош мекунад манфиатҳои геополитикии худро бо Чин ва Туркия ба ҳам оварда як созиши умумие ҳосил шавад.

«Ба ҷаласаи СҲШ раҳбари Чин Сӣ Чинпин меравад. Путин аз президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон хост, ки иштирок кунад. Путин талош мекунад, ки онҳоро ба Русия наздиктар кунад, муколамае барпо карда ИМА-ро дур аз Осиёи Марказӣ нигаҳ дорад ва мавқеи СҲШ-ро тақвият диҳад. Ҳоло кор сари мавзӯъҳои кори ҷаласа ҷараён дорад ва Русия дар талоши ворид кардани пешниҳодҳои худ мебошад. Дар ин ҷаласа инчунин қарордоди бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон имзо мешавад. Русия аз ин тарҳ хушнуд нест, вале интихоби дигаре надорад. Чунки Русия дар ҷанг бо Украина муваффақ нест».

Русия дар хоки Осиёи Марказӣ ду пойгоҳи низомӣ дорад. Пойгоҳи 201-уми хушкигардаш дар Тоҷикистон ва қисми ҳавоии ҳарбиаш дар фурудгоҳи Канти Қирғизистон ҷойгир аст. Шумори низомиён ва техникаи ҳарбии ин пойгоҳҳо пайваста тағйир меёбад.

Қубаничбек Ҷолдошев, rus.azattyk.org

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG