Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи пиёз поин омад, вале "дер давом нахоҳад кард"? ВИДЕО


Пас аз манъи содироти пиёз аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар нархи ин навъи маҳсулот панҷоҳ дарсад арзон шудааст. Агар то аввали моҳи август нархи як кило пиёз то 8 сомонӣ буд, ҳоло ба 3-4 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Тоҷирон бар ин назаранд, ки арзонии нархи пиёз тӯл нахоҳад кашид. Ба қавли онҳо, то манъи содирот миқдори зиёди пиёз ба хориҷа ирсол шуда буд.

Насим, тоҷире дар Хуҷанд, гуфт, "ҳарчанд содироти пиёзро манъ карданд, аллакай пиёз кам мондааст. Агар ҳар сол 40 дарсади ҳосилро ба берун мебурданд, имсол онро ба 70 дарсад расонданд."

"Зимистони имсол нархи пиёз поин намешавад. Пиёз имсол кам аст," – илова кард тоҷир Маҳбуба Охунова.

Наворро инҷо тамошо кунед:

Тоҷирон мегӯянд, арзонии нархи пиёз тӯл нахоҳад кашид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Мақомоти Тоҷикистон дар аввали моҳи август содироти пиёро ба хориҷа манъ карданд. Дар Хадамоти гумруки вилояти Суғд гуфтанд, ин амр аз тарафи ҳукумат содир гашт.

Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз роҳи заминӣ ва тавассути вилояти Суғд аксаран ба Русия бурда мешавад.

Чанде пеш Созмони Милали Мутаҳид гуфт, нархи пиёз, ки хӯроки тоҷиконро бе он тасаввур кардан сахт аст, бештар аз 192 дарсад боло рафтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG