Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Парвиз Ғоибназаров, дӯсти Гулбиддин Зиёбековро ба 18 сол зиндон маҳкум кардаанд

Парвиз Ғоибназаров
Парвиз Ғоибназаров

Додгоҳи шаҳри Душанбе Парвиз Ғоибназаров, зодаи вилояти Бадахшон ва дӯсти Гулбиддин Зиёбековро ба 18 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора рӯзноманигор Анора Саркорова рӯзи 7-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Як манбаи Радиои Озодӣ 8-уми сентябр иттилоъро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод. Манобеи пойгоҳи хабарии "Бомдод" гуфтаанд, Парвиз Ғоибназаров "ба иштирок дар қазияи машҳури, ба гуфтаи мақомот, “боздошти худсарона” ва гуё латукӯбу таҳқири ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода айбдор мешуд."

Анора Саркорова навишт, Ғоибназаров моҳи августи имсол аз тарафи нерӯҳои қудратии Русия дар назди хонааш дар Маскав дастгир ва бе риояи қоидаи истирдоди гумонбарон ба Тоҷикистон супурда шуд. Рӯзноманигор мегӯяд, мақомот наздикони Парвиз Ғоибназаровро дар бораи истирдод ва иттиҳоми зидди ӯ хабардор накардаанд.

Ба навиштаи Саркорова, тафтишот ва мурофиаи ин зодаи Бадахшон ба таври пӯшида ва бе ҳузури вакили мудофеъ гузашт.

Парвиз Ғоибназаровро яке аз дӯстони варзишгар ва фаъоли ҷавонон Гулбиддин Зиёбеков медонанд. Зиёбеков 25-уми ноябри соли 2021 кушта шуд. Мақомот мегӯянд, ӯ дар ҷараёни амалиёти боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дод, вале пайвандонаш бовар доранд, ки ӯ силоҳ надошт.

Ин қазия пас аз он сурат гирифт, ки як духтари маҳаллӣ аз озори ёвари додситон Абдусаттор Абирзода шикоят кард ва гурӯҳе аз сокинон аз ӯ хостанд, маъзарат бипурсад. Ёвари додситон дар наворе барои рафтораш узр хост. Баъдан мақомот Гулбиддин Зиёбеков ва ҳамроҳонашро ба боздошти худсарона ва таҳқири намояндаи додситонӣ айбдор карданд.

  • Рӯзи 14-уми майи имсол садҳо сокини Хоруғ истеъфои раиси Бадахшон Алишер Мирзонабот ва раиси Хоруғ Ризо Назарзода, барчидани тамоми посгоҳҳо ва қатъи таъқиби сокинони Бадахшонро талаб карданд. Илова бар ин, эътирозгарон хостанд, сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбеков ба ҷавобгарӣ кашида шуда, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва сокинони дигари минтақа аз боздошт раҳо шаванд.
  • Рӯзи 16-уми май, баъди он ки мақомот аз иҷрои талаби онҳо сарпечӣ карданд, гурӯҳе аз ҷавонон ба тарафи бинои ҳукумат равон шуданд, аммо нерӯҳои давлатӣ аз тири резиниву гази ашковар истифода карданд.
  • Рӯзи 18-уми май "амалиёти зиддитеррористӣ" дар ноҳияи Рӯшон сар шуд. Тибқи иттилои расмӣ, дар задухӯрдҳои байни мардуми осоишта ва нерӯҳои амниятӣ дар умум 16 кас кушта шудаанд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, қурбониёни ин ҳодиса беш аз сӣ нафаранд.
  • Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз саркӯби тазоҳуроти осоишта изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтиром гузоранд. Мақомот мегӯянд, онҳоро аъзои гуруҳи ҷиноӣ аз байн бурданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ба писари 18-солаи Рамазон Қодиров боз ҷоиза додаанд

Одам Қодиров
Одам Қодиров

Мақомоти Чеченистон гуфтанд, ба Одам Қодиров, писари 18-солаи Рамазон Қодиров, раҳбари ин ҷумҳурии Русия, барои саҳм гузоштан дар "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина медал ё нишони фахрӣ доданд. Русия таҷовузи низомияшро ба Украина, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз кард, расман "амалиёти махсус" меномад.

Аҳмад Дудаев, муовини раиси ҳукумати Чеченистон, рӯзи 1-уми июн навишт: "Ҷоизаи олӣ эътирофи саҳми сазовори Одам Рамазанович дар таъмини амният ва пуштибонӣ аз амалиёти махсуси низомӣ аст."

Ба гуфтаи Аҳмад Дудаев, писари Рамазон Қодиров ба ҳайси ҳамоҳангсози Донишгоҳи нерӯҳои махсуси ба номи Путин дар шаҳри Гудермес "дар рушди яке аз муҳимтарин марказҳои омодасозии ҳомиёни Ватан фаъолона саҳм мегузорад".

Нашрияи таҳқиқотии "Вёрстка" соли 2025 навишт, ки аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб ба Одам Қодиров камаш 16 ҷоиза ва нишони фахрӣ додаанд.

Одам Қодиров дар Чеченистон чанд мансабро бар уҳда дорад ва мақомоти ин ҷумҳурӣ ӯро "лейтенанти хурд" эълон кардаанд.

Чанде аз ҷоизаҳоро ба писари раҳбари Чеченистон дар замони ноболиғ буданаш супурдаанд ва пас аз он ки ӯ дар як боздоштгоҳи шаҳри Грозний Никита Журавел, як муттаҳам ба оташ задани китоби Қуръонро латукӯб кард.

Озодии Набиев ва Ғайратов, ду мақоми пешини ҲНИТ аз зиндон

Муҳаммадшариф Набиев
Муҳаммадшариф Набиев

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду мақоми баландпояи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз зиндон озод шудаанд.

Яке аз пайвандони онҳо бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамин субҳ аз маҳбас баромаданд. Ёздаҳ сол дар боздоштгоҳ ва зиндон буданд."

Муҳаммадшариф Набиев дар ҳалқаи наздикон
Муҳаммадшариф Набиев дар ҳалқаи наздикон

Дар аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Муҳаммадшариф Набиев дар ҳалқаи наздикон ва берун аз дарвозаи зиндон тасвир ёфтааст.

Муҳаммадашариф Набиев, раиси пешини дафтари ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва Абдусамад Ғайратов, узви пешини раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 дастгир ва дертар ба 14-солии зиндон маҳкум карда шуданд.

Як иттиҳоми асосӣ алайҳи ин аъзои баландпояи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамроҳонашон кӯшиши ғасби қудрат ва ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 гуфта мешуд.

Абдусамад Ғайратов
Абдусамад Ғайратов

Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал соли 2020 дар як арзёбияш гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аъзои баландпояи ҲНИТ-ро бар хилофи қонун ва уҳдадориҳои байнулмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст.

Ҳизби наҳзати исломӣ то қатъи фаъолият дар Тоҷикистон, ба гуфтаи саронаш, бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин созмони умдаи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб дар хориҷа ин айбномаҳоро намепазирад.

То кунун барои пайравӣ аз ҲНИТ даҳҳо нафар дар зиндон ҳастанд ё таҳти пайгарди байнулмилилӣ қарор доранд.

Додгоҳ як ронандаро барои пахши ноболиғ 6 сол ҳабс кард

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як ронандаро барои пахши ноболиғ ба шаш сол зиндон маҳкум кардааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, Раҷаҳмад Рафиев, 4-уми апрели имсол як навраси 8-соларо пахш кардааст ва ин ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоле, ки назари ронандаи маҳкумшуда ба қазия маълум нест, пулиси Душанбе гуфтааст, ӯ "дар ҳолати сархушӣ" ва зери таъсири доруи "лирика", қарор дошт.

Додгоҳи Раҷаҳмад Рафиевро дар вайрон кардани қоидаи ҳаракат, ки боиси марги инсон мешавад, гунаҳкор дониста, ӯро 6 сол зиндонӣ кард. Ҳамчунин ин мард баъди озод шудан даҳ сол ҳаққи ронандагӣ надорад.

Маълум нест, ки Рафиев дар додгоҳ то куҷо гуноҳашро эътироф кардааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо нашри ин хабар аз сокинон талаб кардааст, ки "ҳеҷ гоҳ дар ҳолати сархушӣ ё зери таъсири маводи нашъадор" ронандагӣ накунанд.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд.

Хадамот гуфт, мушкили камбуди семент "дар як шабонарӯз" ҳал шуд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муддаӣ шудаанд, ки мушкили камбуди семент ва боло рафтани нархи ин маҳсулот "дар як шабонарӯз" ҳал шудааст.

Ба гузориши Хадамот, аз нимаи дуюми моҳи май "камчинии маҳсулоти семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ мушоҳида гардида", нархи як халта семент аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Дар иттилои расмӣ омадааст, 29-уми май нархи як халта семент дар минтақаҳои кишвар мутаносибан аз 54 то 65 сомонӣ аст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Аммо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ нагуфтаанд, ки чаро нархи семент якбора боло рафт?

Дар Хадамот бидуни шарҳи бештар гуфтанд, гурӯҳи кории ин ниҳод то пурра ба эътидол омадани вазъ корашро давом медиҳад.

Мақомот дар гузашта ҳам талош кардаанд, ки нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла гӯштро назорат кунанд, аммо дар ниҳоят нарх боз боло рафт.

Рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи камбуди семент дар кишвар баҳс шуд ва раиси ҷумҳур аз ин вазъ интиқод кард.

Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.

Барқарор шудани парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе

Баъди се моҳ таваққуф, парвозҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе азсар гирифта шудаанд. Ҳавопаймои ширкати эронии "Вориш" зуҳри 31-уми май дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст.

Тибқи нишондоди онлайн-таблои Фурудгоҳи Душанбе, ҳавопаймои ширкати "Вориш" соати 12 ба Душанбе расида, баъди ду соат ба Теҳрон баргашт.

Парвозҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврали имсол қатъ шуда буд. Бо эълони оташбас дар моҳи апрел парвозҳо дар ин масир барқарор нашуд ва манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, Туркманистон барои убури ҳавопаймои эронӣ иҷозат надодааст.

Дар хатсайри Теҳрон-Душанбе ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" ҳам то охири феврал парвоз мекарданд. Ин ширкат дар бораи барқарории парвозҳо ҳанӯз хабар надодааст.

Ҳамлаи густурдаи Исроил ба ҷануби Лубнон

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон
Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон

Артиши Исроил рӯзи якшанбеи 31-уми май аз амалиёти густурдаи заминӣ дар ҷануби Лубнон хабар дод.

Дар баёнияи артиш омадааст, неруҳои исроилӣ барои таҳкими мавқеашон аз рӯди Литонӣ убур кардаанд. Ин рӯд тақрибан дар 30 километрии марзи Исроил ва Лубнон ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол Исроил Катс, вазири дифои Исроил эълом кард, ки артиши ин кишвар қалъаи Шақиф (Бофур), як қалъаи стратегии асримиёнагӣ дар ҷануби Лубнонро тасарруф карда, парчами Исроилро болои он барафроштааст.

Артиши Исроил ҳамчунин рӯзи якшанбе ба ғайринизомиёни лубнонӣ дар ҷануби рӯди Заҳронӣ ҳушдор дод, ки фавран ба шимоли ин рӯдхона раванд. Исроил аз сахтар шудани амалиёти алайҳи гуруҳи Ҳизбуллоҳ хабар дод.

Шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ"-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.

Оташбас миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ аз 17-уми апрел расман барқарор шудааст, аммо он дар амал риоя нашуд. Ҳарду тараф якдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.

Бетартибиҳо ҳангоми таҷлили пирӯзии ПСЖ дар Фаронса

Дар Париж ва дигар шаҳрҳои Фаронса дар ҷараёни нооромиҳо пас аз пирӯзии ПСЖ дар Лигаи қаҳрамонҳо, беш аз 300 нафар боздошт шуданд.

Дар пойтахти Фаронса даҳҳо ҳазор мухлис барои тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳи "Парк де Пренс"-и ПСЖ ҷамъ омаданд. Аз чаҳор то панҷ ҳазор нафар дар беруни варзишгоҳ буданд, ки бархе аз онҳо ба сӯи пулис ашёву оташбозиҳои гуногун партофтанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, бо истинод ба изҳороти пулис, ҳудуди 150 нафар "кӯшидаанд аз дарвозаи варзишгоҳ рахна шаванд", аммо ба ақиб ронда шуданд.

Бошгоҳи ПСЖ (Пари Сен-Жермен)-и Фаронса 30-юми май дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА тими "Арсенал"-и Англияро шикаст дод ва барои дувумин бор паёпай ба унвони қаҳрамони ин мусобиқот мушарраф гардид.

Дархости Ҳегсет аз кишварҳои Осиё барои муқобила бо нуфузи Чин

Пит Ҳегсет, вазири дифои ИМА аз муттаҳидони осиёии Вашингтон хост, барои муқобила бо нуфузи низомии Чин, хароҷоти дифоии худро зиёд кунанд.

Ҳегсет 30-юми май дар нишасти амниятии Шенгри-Ла дар Сингапур гуфт, "давраи субсидия (кумаки молияӣ) додани Амрико барои дифоъ аз кишварҳои сарватманд ба поён расидааст".

Вазири дифои ИМА гуфт, ки Вашингтон аз муттаҳидон ва шарикони осиёии худ интизор дорад, ки хароҷоти дифоии худро то ба 3,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии худ расонанд.

Пит Ҳегсет ҳамчунин бо такрори мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА гуфт, Амрико дигар омода нест хароҷоти дифоъ аз кишварҳои сарватмандро танҳо ба дӯш гирад.

Ӯ гуфт, "мо шарик мехоҳем, на кишварҳои вобаста". Ин мақомдори амрикоӣ ҳамчуни афзуд, ки иттиҳоди қавӣ танҳо замоне маъно дорад, ки ҳамаи тарафҳо "саҳми худро дар масъулиятҳо дошта бошанд" ва "аз хизматрасонии ройгон истифода накунанд".

Ҳалокати устоди Академияи ВКД дар тасодуфи роҳ

Акс аз ҷойи ҳодиса
Акс аз ҷойи ҳодиса

Дар як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд се нафар, аз ҷумла устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса нимашаби 30 ба 31-уми май дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ ва дар ҳудуди деҳаи Хумрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз се фавтида, ду нафарашон сокинони ноҳияи Мастчоҳ будаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ҳодиса полковник Меҳриддин Ғафурӣ, устоди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ ҷон бохтааст.

"Мошине, ки ба садама дучор шуд, нақлиёти барқӣ буд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад", - гуфт манбаи мо.

Меҳриддин Ғафурӣ
Меҳриддин Ғафурӣ

Ҳамкорони Меҳриддин Ғафурӣ дар Фейсбук навиштанд, ӯ солҳо дар Академияи ВКД ба донишҷӯён дарс мегуфт ва пештар роҳбари факултаи рақами 4 буд. Марҳум 47 сол доштааст.

Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳам дар саҳифаи фейсбукиаш ба наздиикони ин афсар ҳамдардӣ кардааст.

Наздикони Меҳриддин Ғафурӣ гуфтанд, маросими видоъ бо ӯ баъд аз зуҳри 31-уми май дар зодгоҳаш, деҳаи Сомониёни ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд.

Мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат низ аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.

Аксҳои бештар аз ҷойи ҳодиса:

Омодагии Қазоқистон барои қабули урани ғанишудаи Эрон

Рафаел Гросси, мудири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ
Рафаел Гросси, мудири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ

Қазоқистон омодагӣ нишон додааст, ки дар сурати ба созиш расидани Теҳрон ва Вашингтон, захираи ураниуми 60-дарсад ғанишудаи Эронро қабул ва нигоҳдорӣ кунад. Дар ин бора рӯзномаи Financial Times бо такя ба суханони Рафаел Гросси, мудири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ гузориш дод.

Ин пешниҳод ҳамчун талош барои таҳкими эътимод миёни тарафҳо матраҳ шудааст, ки ҳадаф аз он мусоидат ба эҳёи музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва Амрико мебошад.

Рафаел Гросси ин мавзуъро 26-уми май дар сафараш ба Қазоқистон ва дар дидор бо раиси ҷумҳури он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳам матраҳ кардааст.

Қазоқистон ба далели таҷрибааш дар заминаи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ, яке аз номзадҳои қобили эътимод барои қабули ураниуми ғанишудаи Эрон дониста мешавад. Қазоқистон баъди соҳибистиқлол шудан аз силоҳҳои атомии Иттиҳоди Шӯравӣ даст кашид.

Интиқоли ураниуми Эрон ба Қазоқистон ба як созиши сиёсӣ ва кумаки мутахассисони Оҷонсии байнулмилалии энержии атомӣ ниёз хоҳад дошт. Мудири ин созмон гуфтааст, дар ин замина то кунун ҳеч тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Русия сафирашро аз Арманистон бозхонд кард

Вазорати корҳои хориҷии Русия 30-юми май эълон кард, ки сафир Сергей Копиркин "дар робита ба талошҳои Арманистон барои наздик шудан ба Иттиҳоди Аврупо", барои машварат ба Маскав бозхонд шудааст.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид шудааст, ки иқдомҳои ахири мақомоти Арманистон "ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зарар мерасонанд".

Чор рӯз қабл Русия, Белорус, Қирғизистон ва Қазоқистон, чор кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз Арманистон даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар раъйпурсӣ баргузор карда, аниқ кунад, ки бо ин созмон мемонад ё бо Иттиҳоди Аврупо кор мекунад. Арманистон ҳам узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, созмони зери назари Русия аст.

Хабаргузории РБК бо такя ба ин изҳорот навишт, дар нишасти моҳи декабри ин созмон гузориш дар бораи қатъи узвияти Арманистон шояд тасвиб шавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 29-уми май ба Арманистон ҳушдор дод, ки пайомадҳои иқтисодии хуруҷ аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои ин кишвар вазнин меафтад.

Нахуствазири Арманистон гуфтааст, кишвараш феълан нияти баромадан аз ин иттиҳодро надорад.

Равобити Русия ва Арманистон дар моҳҳои ахир ба сардӣ гароидааст. Моҳи май Русия воридоти чанд маҳсулот аз Арманистонро маҳдуд кард. Дар оғози моҳи май Арманистон мизбони нишасте бо ҳузури роҳбарони Аврупо, аз ҷумла президенти Украина буд.

18 фавтида ва 35 захмӣ. Садамаи пурқурбонӣ дар дар шарқи Афғонистон

Мошини боркаш паноҳҷӯёнро аз Покистон ба Афғонистон меовард
Мошини боркаш паноҳҷӯёнро аз Покистон ба Афғонистон меовард

Дар як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар вилояти Лағмони Афғонистон 18 нафар ҳалок ва 35 каси дигар захмӣ шудаанд.

Аксари фавтидагон ва захмиён занон ва кӯдакон мебошанд.

Ҳодиса субҳи 30-юми май дар шоҳроҳи Кобул – Ҷалолобод рух додааст.

Сабаби рух додани ин ҳодисаи нохуш ҳанӯз эълон нашудааст.

Абдулмалик Ниёзӣ, сухангӯи волии Толибон дар вилояти Лағмон дар Фейсбук навишт, мусофиркаше, ки ба садама дучор шуд, гурезаҳои афғонистониро аз Покистон ба Афғонистон меовард.

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон навиштанд, аз 18 фавтида 15 нафарашон кӯдакон ва занон ҳастанд.

Зеленский: Русия ба як ҳамлаи бузург омода мешавад

Осори миллии Чернобил дар шаҳри Киев, ки 24-уми май дар ҳамлаи артиши Русия хароб шуд
Осори миллии Чернобил дар шаҳри Киев, ки 24-уми май дар ҳамлаи артиши Русия хароб шуд

Хадамоти ҷосусии Украина дар бораи як ҳамлаи бузурги Русия ба шаҳрҳои Украина маълумот гирифтааст. Дар ин бора президент Владимир Зеленский 29-уми май хабар дод.

Зеленский дар хитоб ба сокинони кишвараш гуфт, "хоҳиш мекунам ба бонги хатар диққат диҳед, ҷони худро эҳтиёт кунед. Хадамотҳои фаврӣ омодаи кор ҳастанд".

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, яке аз ҳадафҳои асосии Киев мустаҳкам кардани низоми дифои ҳавоӣ аст.

Зеленский гуфт, Украина аз шарикони аврупоӣ барои хариди мушакҳо маблағ ҷамъ мекунад, аммо таъминоти силоҳ то андозаи зиёд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вобаста аст.

Президенти Украина умедворӣ кард, ки муттаҳидони ин кишвар пуштибонии худро идома медиҳанд. Пештар Владимир Зеленский гуфт, аз ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп хост, барои муҳофизати Украина аз мушакҳои Русия кумак кунад.

Шаби 24-уми май артиши Русия ҳамлаи васеъмиқёсро алайҳи Киев анҷом дод. Дар ин ҳамла ду нафар ҳалок ва 80 кас захмӣ шуданд.

Вэнс: Ба тавофуқ бо Эрон наздик шудем, аммо ихтилоф вуҷуд дорад

Муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вашингтон то ҳол бо Эрон ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидааст, аммо тарафҳо ба он наздик шудаанд.

Ҷей Ди Вэнс 28-уми май ба хабарнигорон гуфт, "наметавонам ваъда диҳам, ки ба тавофуқ мерасем, аммо дар ҳоли ҳозир эҳсоси нисбатан мусбат дорам".

Ба гуфтаи манбаъҳое, ки бо сомонаи Axios ва хабаргузории Ройтерз суҳбат кардаанд, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон 28-уми май ба тавофуқе даст ёфтаанд, ки тамдиди оташбас ва бекор кардани маҳдудиятҳои киштиронӣ дар тангаи Ҳурмузро пешбинӣ мекунад. Аммо ин тавофуқ бояд аз сӯи президент Доналд Трамп тасдиқ шавад.

Вэнс гуфт, дар музокирот бо Теҳрон бар сари чанд мавзуъ, аз ҷумла захираи урани Эрон ихтилоф вуҷуд дорад.

"Дақиқан наметавон гуфт, ки раиси ҷумҳур ёддошти тафоҳумро имзо хоҳад кард ё на. Мо бар сари чанд нукта дар матн ҳамчунон дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем", - афзуд Венс.

Муовини раисиҷумҳури Амрико афзуд, Иёлоти Муттаҳида дар мавқеияте аст, ки метавонад барномаи ҳастаии Теҳронро ба таври қобили таваҷҷуҳе ақиб андозад.

Ҷаримаи сокини Исфара барои ба мактаб нос бурдани фарзандаш

Додгоҳи шаҳри Исфара волидайни як навраси 16-соларо барои нос бурдан ба мактаб бештар аз 100 доллар ҷарима бастааст.

Додгоҳ дар як баёния расмӣ гуфтааст, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки аз ӯ Н.Т ном бурдаанд, "барои иҷро накардани масъулиятҳояш дар тарбияи фарзанди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд".

Бар тибқи иттилои додгоҳ, фарзанди ин хонавода ва хонандаи синфи 9-ум моҳи декабри соли 2025 ба мактаби рақами 55 ноҳияи Исфара нос бурдааст, ки мухолифи қонун аст.

Бар асоси Қонун дар бораи тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон, падару модар набояд бигузоранд, ки фарзанди ноболиғашон ба тамоку, ё маводи мухаддир дастрасӣ дошта бошанд.

Аз волидайни ин наврас барои зоҳиран носкашии фарзандашон 1125 сомонӣ ($ 121) ҷарима ситонидаанд. Додгоҳ замони эълони ҳукмро нагуфтааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон умдатан ҳукмҳои ниҳоӣ ва иҷрошударо дар саҳифаҳои худ нашр мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG