Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи СҲШ - таҳти сояи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон. Раҳмон дар Самарқанд чӣ гуфт?  


15-уми сентябр, Самарқанд

Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷаласаи  ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом ёфт ва дар поёни он даҳҳо санад имзо шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон узви нав шуд ва Беларус барои узвият дар ин созмони минтақавии зери назари Чину Русия ариза дод. Низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 16-уми сентябр пуршиддат идома карду боиси марги даҳҳо нафар аз ҳарду тараф шуд, ба кори ҷаласа соя афканд, вале бо ин вуҷуд, ҳеҷ як президент, бахусус президентони Тоҷикистону Қирғизистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар суханронии худ ин мавзӯъро матраҳ накарданд.

Аз "ҳукумати ҳамашумул" нагуфт?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба вазъи Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ муроҷиат кард. Президент Раҳмон гуфтааст, кишварҳои узви Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой бояд вазъ дар Афғонистонро бо назардошти хатарҳои амниятӣ пайгирӣ карда дар сурати зарурӣ муштаракан як қадам пештар амал кунанд. Ӯ гуфтааст, гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон пойгоҳе барои таҳмили ақидаҳои экстремистии динӣ эҷод мекунанд. Дар матне, ки дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шудааст, ҳеҷ ишорае ба даъвати пешини Раҳмон аз Толибон дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумули сиёсию қавмӣ дар Афғонистон дида намешавад, вале ӯ гуфтааст, ки ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири Афғонистон таъсиси сохтори алоҳидаи СҲШ оид ба мубориза бо маводи мухаддир зарур аст.

Путин, Раисӣ ва таҳримҳои байналмилалӣ

Президенти Русия Владимир Путин, ки аз поёни моҳи феврал ба зидди Украина ҷанги беасосеро шурӯъ карда кишвараш мавриди таҳримҳои шадиди ғарб қарор гирифтааст, дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, Русия омода аст беш аз 300 ҳазор тонна маводи минералиеро, ки дар бандарҳои аврупоӣ дармондаанд, ба кишварҳои дар ҳоли рушд фароҳам кунад, ба шарте, ки Аврупо таҳримҳоро бекор кунад. Путин гуфт, ки таҳримҳо пеши роҳи фурӯшу содироти маводи минералиро мегирад.

Путин дар ин суханрониаш инчунин аз зарурати тақвияти нақши ин созмон дар арсаҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар варзиш сухан карда гуфтааст, ки дар назди ин созмон бояд сабқатҳои варзишии бонуфузе ташкил шаванд. Ин ишораи Путин ба мушкилоти ширкати варзишарони Русия дар сабқатҳои байналмилаӣ бо сабаби истеъмоли допинг мебошад.

Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон дар суханрониаш дар ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳам бо ишора ба мушкилоти кишвараш дар соҳаи байналмилалии бонку молиёт гуфтааст, тиҷорати озоди молу маҳсулот миёни кишварҳои узви ин созмон бояд тавсеа ёбад. Ин кишвар ҳам бо сабаби барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш мавриди таҳримҳои ғарб қарор дорад.

Ҷан Мин, дабири куллии ин созмон ба зарурати муқовимат ба мудохилаи хориҷӣ таъкид кардааст. Дипломати чинӣ гуфтааст, ки баробар бо эътимоду ҳамкории байниҳамдигарӣ, тақвияти ваҳдату ҳамкории байни кишварҳои узв дар қиболи таҳаввулоти байналмилалӣ набояд фаромӯш шавад.

Ҷаласаи сарони СҲШ рӯзҳои 15-16-уми сентябри имсол дар Самарқанд баргузор шуд. Узбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви СҲШ мебошанд. Афғонистон, Муғулистон ва Белорус узви нозири созмон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG