Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи оштии миллӣ: интизорот ва натиҷа пас аз 25 сол


Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

16-уми сентябри соли 1997 пас аз поёни расмии ҷанги дохилии Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки вазифааш амалӣ кардани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд.

Комиссияи оштии миллӣ 25 сол қабл нахустин рӯзи кории худро шурӯъ кард. Санае, ки замоне умеди миллионҳо тоҷикистонӣ ба сулҳу суботи сиёсӣ ҳамроҳ буд, имрӯз як рӯзи кории маъмулӣ аст. Бо вуҷуди ин, кишвар ба ваҳдати миллӣ даст ёфт. Аммо, на ҳамаи шахсиятҳое, ки дар барқарории ин ваҳдат саҳим буданд, имтиёзотеро барои худ ҳифз карданд. Бархе аз зинаҳои мансаб боло ва аз самараи сулҳ бархурдор шуданд. Бархеи дигар бо уфтодан аз қудрат ё пушти панҷара рафтанд ва ё ҳам кушта шуданд.

Ҳар дуи ин ҷониб мепазиранд, ки дастоварди аслии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) барқарории сулҳ дар Тоҷикистон аст. Аммо ҳама мувофиқ нестанд, ки комиссия тавонист ба гунаи комил тааҳҳудоти худро иҷро кунад.

КОМ натавонист иҷро кардани тавофуқотро маҷбур кунад

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ узви КОМ буд. Ба қавли ӯ, КОМ интизороти мардум дар мавриди дастёбӣ ба сулҳро бароварда кард, аммо ҳадафҳои воқеии он мутобиқ ба протоколи қабулшуда иҷро кардани ҳамаи бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд.

“Ҳанӯз дар даврони фаъолияи КОМ яке аз тарафҳо, дақиқтар раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз иҷро кардани Созишнома даст кашид ва КОМ натавонист ӯро маҷбур кунад. Барои мисол, ӯ ба додани вазифаи вазири дифоъ барои намояндаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ризоият надод ва ба таври рӯшан гуфт, ки агар мухолифин барои иҷро кардани ҳамаи бандҳои созишнома пофишорӣ кунанд, ин ба ҷанги нави дохилӣ доман мезанад. КОМ бояд барои иҷро кардани ҳамаи бандҳои созишнома пофишорӣ мекард ва агар ин боиси ҷанг мешуд, масъулияти он бар дӯши раиси ҷумҳур мебуд ”, - мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ.

Ба гуфтаи вай, яке аз нуқтаҳои заъфи КОМ он буд, ки комиссия риояи дақиқи бандҳои имзошудаи созишнома пешгирии такрори ҷанги дохилиро дар авлавият қарор дод. Коршиносони наздик ба ҳукумат бо ин андеша комилан розӣ нестанд.

Як корманди пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, ки КОМ ва ҳукумати Тоҷикистон ба таври комил ба тааҳҳудоти худ амал карданд. “Дар ҷараёни ислоҳоти сиёсӣ гуруҳҳои мухолиф аз рӯи саҳмияи 30-дарсадӣ вориди ҳукумат шуданд, гуруҳҳои мусаллаҳ идғом ва ё афв шуданд ва садҳо гуреза ба Тоҷикистон баргаштанд. Мавзӯи дигар ин аст, ки вақте ҷоҳталабиҳои намояндаҳои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин хусусияти харобкорӣ гирифт, мақомот маҷбур шуд аз худ дифоъ кунад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Аз таърихчаи КОМ

16-уми сентябр Комиссияи ошти миллӣ, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо таъсис ёфт, дар раъси Саид Абдуллҳи Нурӣ ва мувоини ӯ Абдулмаҷид Достиев аз ҷониби ҳукумат ба кори худ шурӯъ кард. Вазифаи аслии ин комиссия амалӣ кардани санадҳои имзошуда дар ҷараёни гуфтушунидҳо буд. Аз ҷумла, рӯи даст гирифтани ислоҳоти сиёсӣ, рафъи басиҷ кардани ҷангҷӯёни мусаллаҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва идғом кардани онҳо ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва инчунин бозгашти гурезаҳо масъалаҳои умдаи созишнома буданд.

Комиссия 26 узв - 13 нафарӣ аз ҳукумат ва мухолифин дошт. Барои кори муассир ва созанда дар таркиби Комиссия чор кумита таъсис ёфт: дар мавриди масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва гурезаҳо.

“Ҳатто агар як узви Комиссия муқобили ягон тасмим раъй медод, он пазируфта намешуд. Аз ин рӯ, барои расидан ба тавофуқ баъзан моҳҳо баҳ мекардем. Дар ин гуна шароит кор кардан осон набуд. Барои ҳамин фаъолияти комиссия аз 1,5 сол ба 3 сол расид”, - мегӯяд Кабирӣ.

Бозгул Додхудоева, ягона зане, ки аз ҷониби ҳукумат узви КОМ буд, дар мусоҳиба бо “Азия-плюс” гуфта буд:

"22-уми сентябри соли 1998 узви кумитаи ҳуқуқи КОМ Отахон Латифӣ кушта шуд. Мухолифин таҳдид карданд, ки аз идомаи кор дар Комиссия даст мекашанд. Аммо, дар ниҳоят ақлим салим ғолиб омад. Муҳммадшариф Ҳимматзода, намояндаи дигар мухолифин ба ҷойи Латифӣ таъйин шуд.

Натиҷаи кор

Дар натиҷаи фаъолияти сесолаи Комиссияи оштии миллӣ, 33 намояндаи мухолифин дар ниҳодҳои марказии иҷроияи ҳукумат гумошта шуданд. Номзадони дигари мухолифин дар сутуҳи раҳбарии ниҳодҳои минтақавӣ таъйин шуданд. Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ислоҳ шуд, ки роҳро барои ба қонунӣ гаштани Ҳизби наҳзати исломӣ ва иттиҳодияҳои дигари мухолиф ҳамвор кард.

КОМ қонун “Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва низомӣ”-ро таҳия кард, ки соли 1999 аз сӯи парлумон қабул шуд. Мутобиқ ба ин қонун ҳамаи иштирокчиёни расмии Иттиҳодияи мухолифин авф шуданд. Аз 6890 ҷангҷӯи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин тоҷик, ки соли 1999 сабти ном шуданд, 4490 савганди низомӣ ёд карданд ва 2400 ба ҳаёти осоишта баргаштанд.

Теъдоди дақиқи гурезаҳои бозгашта ба Тоҷикистон мушаххас нест, аммо танҳо дар аввали соли 1993 бештар аз 1 миллион нафар маҷбур ба тарки ҷойи зисти худ шуда буданд.

Натиҷаи сулҳ

Дар тӯли 25 соли ахир бо вуҷуди эълони авф хеле аз тарафдорони мухолифин кушта ва ё барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Муҳраи аслии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам ва аз сӯи Додгоҳи олӣ ҳамчун ҳизби террористӣ ва ифротгаро эълон шуд. Созмонҳои дигари Иттиҳоди мухолифин ё пош хӯрданд ва ё тарафдории давлат гаштанд. Ҳукумати феълӣ барқарории сулҳ дар кишварро танҳо дастоварди яке аз тарафҳои даргирӣ медонад.

Тарафдорони мухолифин сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро осебпазир медонанд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил мегӯяд, дар натиҷаи фаъолияти КОМ мардум дар мавқеъияти баранда қарор гирифтанд, чун ба сулҳ расиданд ва ҳукумати Тоҷикистон низ ба ҳамаи мақсадҳои худ расид, аммо ба қавли вай мухолифин мавқеи худро аз даст доданд.

“Мухолифин барои даврони баъдиҷангӣ омода набуданд. Дид ва стратегияи рӯшан барои ояндаи кишварро надоштанд. Тақсимоти вазифа дар марҳилаҳои баъдӣ мақсади асосӣ шуд”, - мегӯяд коршинос.

Ба қавли ӯ, Ҳукумат ҳам аз ин чиз розӣ буд, чун ягон нақшаи воқеии интераксияи мухолифинро надошт. Барои онҳо ин василаи хатми ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мисле ки барои мардуми оддӣ.

Ҷанги дохилии Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 давом кард. Сахттарин даргириҳо аз охири моҳи августи соли 1992 то июли 1993 ба вуқуъ омаданд. Дар ин муддати кишвар амалан ба ду қисмат ҷудо шуда буд. Баъд аз ин даргирӣ коҳиш ёфт, аммо муноқишаҳо дар бархе аз ҷойҳо сар мезаданд. Аз рӯи бархе оморҳо дар моҳҳои аввали ҷанг аз 20 то 50 ҳазор одам ҷон бохт. Дар давом 5 соли ҷанги дохилии Тоҷикистон на камтар аз 100 ҳазор одам кушта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG