Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев қонунро имзо кард. Дар Қазоқистон исми пойтахт ва мӯҳлати президентӣ тағйир меёбад


16 маи соли 2019, форуми иқтисодии Остона
16 маи соли 2019, форуми иқтисодии Остона

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 17-уми сентябр қонунеро имзо кард, ки бар асоси он мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола  ва исми Нурсултон дубора ба Остона иваз хоҳад шуд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки дирӯз палатаи поёнии парлумони Қазоқистон – Маҷлис бо пешниҳоди президент Тоқаев, ки дар доираи ба гуфтаи ӯ эҷоди “як Қазоқистони нав” анҷом шудааст, ризоият дод.

Исми Остона, ки пойтахти Қазоқистон буд, соли 2019 бо ташаббуси ҷойгузини президенти дарозумру аввалини ин кишвар Нурсултон Назарбоев - Тоқаев ба Нурсултон иваз шуда буд. Вале моҳҳои охир Тоқаев талош дорад, ки аз мероси Назарбоев, ки зиёд мавриди интиқод шудааст, фосилагирӣ кунад. Рӯзи 1-уми сентябр ӯ ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат даъват кард ва гуфт, ки хостори аз панҷ ба ҳафт сол тағйир додани мӯҳлати раёсатҷумҳурии як нафар мебошад. Президенти оянда ҳақ нахоҳад дошт, ки беш аз як маротиба дар сари қудрат бимонад.

Назарбоев, ки ин кишвари ғанӣ аз нафтро давоми сӣ сол бо панҷаи оҳанинаш раҳбарӣ кардааст, моҳи марти соли 2019 ба истеъфо рафт ва ба ҷои худ дар мақоми раҳбари кишвар Тоқаевро пешбарӣ кард. Он замон Назарбоев мақоми раҳбарии Шӯрои амниятро, ки ниҳоди қавиву тасмимгирандаи қудратӣ мебошад, ҳифз кард. Унвони “Элбосӣ” ё “Пешвои миллат”, ки барояш имтиёзҳои фаровоне медод, ҳамчунин боқӣ монд. Дар ҷомеаи Қазоқистон норизоият аз давраи Назарбоев ва дар дасти ӯву наздиконаш тамаркуз ёфтани аксар бахшҳои даромадноки иқтисоди ин кишвар то рафт бештар мешуд.

Моҳи январи имсол мардум аз он ки як гурӯҳи хурди наздик ба президенти собиқ сарватманд мешаваду дигарҳо дар ҳолати нодориву қашшоқӣ ба сар мебаранд, даст ба эътирозу беназмиҳо заданд. Саркӯби эътирозҳо боиси кушта шудани даҳҳо нафар ва ба зиндон маҳкум шудани ширкатдорони ин раҳпаймоиҳо шуд.

Дар ниҳоят Тоқаев мақоми раиси Шӯрои амниятро ҳам аз Назарбоев гирифт ва онро ба худ ихтисос дод. Аз он замон то кунун бисёр хешовандони Назарбоев аз мақомҳои баланду ширкатҳои тиҷоратии сердаромад дур карда шуданд, бархе бо иттиҳоми фасод боздошт шуданд.

Моҳи июн Тоқаев референдуме барпо карда, исми “Элбосӣ”-ро аз конститутсияи кишвар ҳазф кард.

Вале бо ин вуҷуд мунаққидони ҳукумат мегӯянд, ки талошҳои Тоқаев бештар зоҳирӣ ҳастанд ва дар асл сохтори худкомаи ҳукумат, ки давоми солиёни дароз олудаи фасоду хешутаборбозӣ шудааст, дигар нашуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG