Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як натиҷаи нишасти Самарқанд. Чин ба тарҳи Роғун таваҷҷуҳ кард


То имрӯз танҳо ду чархаи неругоҳи Роғун барқ тавлид мекунад
То имрӯз танҳо ду чархаи неругоҳи Роғун барқ тавлид мекунад

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгар

Рӯзи 15-уми сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин мулоқот кард. Дар назари аввал мулоқот ба фарқ аз дидори Ҷинпин бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, дидори ташрифотӣ буд ва ҳеч дастоварде надошт. Аммо ишораҳое, ки дар он садо дод, аз таҳаввулоти ҷиддие дар сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дарак медиҳад.

Ба истиснои “баррасии ҳамкориҳо”, “муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ”, “баҳои баланд ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар” ва ғайра, ки сарони давлатҳо агар ҳеч гуфтание надоранд, аз ҳаминҳо ҳарф мезананд, чанд ёддошти тафоҳум ҳам имзо шуд. Ёддошти тафоҳумҳо ҳам одатан замоне имзо мешаванд, ки чизи дигаре барои имзо кардан вуҷуд надорад.

Албатта, барои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ва сармоягузории Чин дар Тоҷикистон, ниёзе барои гуфтушунид дар Самарқанд нест - роҳи ин ҳамкориҳо бо бузургтарин сармоягузор кайҳо ҳамвор шудаанд ва “дар ҷояш” ҳал мешаванд.

“Роғун” серхаридор мешавад

Дидори Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд
Дидори Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд

Дар ҳошияи матни дурударози “ҳавасмандии ҷонибҳо” ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон аз “ибрози алоқамандии” раисҷумҳури Чин ба се иншооти Тоҷикистон хабар медиҳад: “Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик ТАЛКО, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ — Қулма иброз гардид”.

Майли Чин ба таҷдиди иқтидори истеҳсолӣ ва умуман худи Ширкати алюминии тоҷик ва роҳи мошингарди Душанбе-Қулма мавзуҳои баҳси тӯлонист, ки онро ба замони дигар мегузорем. Аммо таваҷҷӯҳи ногаҳонии Чин ба сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” пас аз солҳо бетаваҷҷӯҳӣ бисёр ҷолиб ва актуалист.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳо барои сохтмони “Роғун” сармоя ҷуст, ҷайби бе ин ҳам хароби мардумро харобтар кард, аммо ҳеч кишвар ё сармогузори бузурге моил ба сармоягузорӣ дар ин самт нагашт. Ногаҳон дар як сол ду қудрати бузурги иқтисодӣ – Иттиҳоди Аврупо ва Чин дар сохтмони нерӯгоҳ изҳори омодагӣ мекунанд.

Аввали моҳи июл хабаргузории маъруфи Ройтерс бо истинод ба мақомоти аврупоӣ навишт, Иттиҳоди Аврупо қасд дорад, дар сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, то вобастагии минтақа ба энержии Русияро коҳиш диҳад. Ба навиштаи хабаргузорӣ, Иттиҳоди Аврупо сармоягузори аслӣ дар сохти “Роғун” хоҳад шуд.

Кумисюни Аврупо аз Бонки сармоягузории Аврупо (EIB), хост барои бунёди нерӯгоҳ, ки тавассути ширкати итолиёии Webuild анҷом мешавад, “бузургтарин сармоягузор” шавад.

Намояндаи EIB гуфта буд, бонк дар ҳоли баррасии имкони сармоягузории муштарак бо Кумисюни Аврупо аст, ки буҷаи Иттиҳоди Аврупоро контрол мекунад ва ҳамчунин метавонад дар бозорҳо пул ҷамъоварӣ кунад. Як мақоми аршади Иттиҳоди Аврупо таъйид кард, ки омодаи баррасии таъмини молии ин пружа ҳастанд.

Ҳоло Чин ба “пружаи аср”-и Тоҷикистон “чашм давондааст”. Танҳо ҳамин монда, ки Русияву Амрико ба ин пружа таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Албатта, агар ин иқдоми Иттиҳоди Аврупо қабл аз ҳамлаи Русия ба Укроин эълон мешуд, бо гумони ғолиб Русияро низ вориди ин рақобат мекард. Аммо ҳоло Русия дар мавқеъияте нест, ки дар ин бахш бо Чину ИА сарбасар шуда тавонад. Дар ҳамин ҳол баъид нест ба зудӣ Туркия низ, ки мавқеъаш дар Осиёи Миёнаро бо суръат мустаҳкам мекунад ва ба “бародари калонӣ”-и кишварҳои туркзабони минтақа табдил шудан дорад, эълони таваҷҷӯҳ ба ин пружа намояд.

Сабаб иқтисодист ё сиёсӣ?

Албатта сабаби аслии таваҷҷӯҳи ду иқтисоди бузург ба пружаи нерӯгоҳи Роғун метавонад сирф иқтисодӣ бошад - ҷаҳон пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин ва эъмоли таҳримҳо алайҳи ин кишвар вориди бӯҳрони бесобиқаи энержӣ шудааст. Дар паи болоравии қимати нафту газ, қимати барқ низ бо суръат боло меравад ва “лимити барқ”, ки тоҷикон тоза доштанд аз он халос мешуданд, вориди Аврупо шуданист. Мақомоти чанд кишвари Аврупо ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки имкон дорад зимистон мушкили барқрасонӣ пеш ояд.

Аввалин чархаи Роғун соли 2018 ба кор даромад
Аввалин чархаи Роғун соли 2018 ба кор даромад

Дар чунин шароит зарурати афзоиши босуръати истеҳсоли барқ, ки қаблан бинобар рушди бахши нерӯгирӣ аз боду офтоб, таваҷҷӯҳ ба он камтар шуда буд, пеш омадааст. Дар натиҷа, пружаи бузурге чун НОБ-и “Роғун” наметавонад мавриди таваҷҷӯҳи ғӯлҳои ҷаҳонии иқтисодӣ қарор нагирад.

Аммо ба назар мерасад тарафи сангини тарозу ҷанбаи сиёсии таваҷҷуҳ ба НОБ-и Роғун мебошад. Иттиҳодияи Аврупо ҳамон гуна, ки эълон карда, мехоҳад “вобастагии кишварҳои ОМ-ро аз энержии Русия” камтар кунад. Албатта ин иқдом ба хотири дилсӯзӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна нест. Аврупо мехоҳад аз як тараф дасти Русияро, ки энержӣ қавитарин такягоҳи он аст, аз Осиёи Миёна кӯтоҳ кунад, аз тарафи дигар бо камтар кардани содироти нафту гази ин кишвар ба ОМ, ҷилави як манбаи дигари даромади онро бигирад.

Аз тарафи дигар ин иқдоми Иттиҳодияи Аврупо наметавонад Чин, бузургтарин сармоягузори Тоҷикистонро, ки босуръат ҳама самтҳои сармоягузорӣ дар ин кишвари кӯчаки осиёимиёнагиро азхуд мекунад, бетараф гузорад. Бо сармоягузори асосии НОБ Роғун шудан, ки на камтар аз 4 миллиард доллари дигар сармоя мехоҳад, Иттиҳоди Аврупо танҳо бо сармоягузорӣ дар як пружа, Чинро аз мавқеъи аслитарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон канор хоҳад зад. Ҳамчунин бо ба даст гирифтани бузургтарин манбаъи нерӯ ва оби минтақа, таъсири сиёсиаш дар онро низ боло мебарад.

Кӣ барандаи ин рақобат хоҳад буд?

Иттиҳодияи Аврупо, ки солҳост нишон медиҳад дар Осиёи Миёна манофеи камтаре дорад ва ин минтақаро минтақаи нуфузи Русияву Чин мешиносад, ногаҳон мутаваҷҷеҳ шуд, ки намебоист ба ОМ камтаваҷҷӯҳӣ кард. Осиёи Миёна бо вуҷуди доштани сармояҳои зиёди табииву қувваи корӣ, ҳади ақал метавонад абзори хуби фишор ба Русияву Чин ва назорат бар Афғонистон, ки содиркунандаи аслии муҳоҷир ба Аврупост, бошад.

Аммо Чин аз ин бетаваҷҷӯҳии Ғарб ва заъфу бепарвоии Русия бисёр хуб истифода кард ва мавқеъаш дар ОМ-ро то ҳаде боло бурд, ки бо вуҷуди ҳузури ду пойгоҳи низомии Русия, дар минтақа ҳарфи аввалро мезанад. Дар чунин вазъият кушиши вориди бозори ОМ шудани ИА бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ҳади ақал бо он сабаб, ки Чин тақрибан бар тасмимҳои сиёсии бархе кишварҳои минтақа низ назорат дорад. Яъне дар сурати ҷиддан ба сармоягузорӣ дар НОБ Роғун таваҷҷӯҳ зоҳир кардани Чин шонси Аврупо бисёр поин меравад.

Аммо бо истифода аз мавқеъияти пешомада, Тоҷикистон метавонад барандаи асосии рақобати ду ғӯли бузурги иқтисодӣ гардад. Бо интихоби Иттиҳодияи Аврупо дар сармоягузорӣ ба НОБ Роғун, Душанбе метавонад бо як тир чанд нишон бизанад:

  • иқтисоди Тоҷикистонро аз монополияи физояндаи Чин наҷот диҳад;
  • дари рақобати шадиди сармоягузориро ба бозори кишвар боз кунад, ки мунҷар ба сарозер шудани сармояҳои дигар на танҳо аз ИА ва Чин, балки қудратҳои дигари ҷаҳониву минтақавӣ шаванд;
  • таъсири сиёсии Чин ва имкони дар оянда балъида шудан аз ҷониби “аждаҳои сурх”-ро камтар созад;
  • имкони таъсир ба ҳаводиси Афғонистонро бештар намояд

ва ғайра.

Аммо дар сурати вогузор кардани НОБ-и Роғун ҳам ба Чин, Тоҷикистон охирин имкони боқӣ мондан чун кишвари мустақилро дар чанд даҳсолаи оянда аз даст хоҳад дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG