Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурулло Алиев размикори аввалини тоҷик, ки ба UFC дохил шуд


Акс аз саҳифаи инстаграми Нурулло Алиев
Акс аз саҳифаи инстаграми Нурулло Алиев

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА), дар қувваозмоӣ барои бастани шартнома бо UFC (Ultimate Fighting Championship), ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Ин қувваозмоӣ шаби 20-ум ба 21-уми сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.

Нурулло Алиев, размикори 22-солаи то ҳоло шикастнопазир мебошад, ки дар ҳамаи ҳафт қувваозмоиаш дастболо шудааст. Рақибаш Ҷош Уики 27-солаи амрикоӣ бошад, аз ин пеш 17 қувваозмоӣ карда, дар 12-тоаш пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ба ин тартиб, Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд.

Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфтааст, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.

Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта шаш муҳориба анҷом додааст. Рақобати охирини ӯ 17-уми сентябри соли 2021 дар AMC Fight Nights & Eagle FC: ёдбуди Абдулманап Нурмагомедов муқобили Кирилл Крюкови русиягӣ баргузор шуда буд. Бо тасмими якдилонаи ҳакамон размикори тоҷик пирӯз гардид.

Бояд гуфт, ки Нурулло Алиев дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.

Нурулло Алиеви 22-сола устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад. Қадаш 1 сетру 78 сантиметр, вазнаш сабук аст. Аз ҳафт қувваозмоӣ дутоашро бо нокаут анҷом додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG