Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар Самарқанд


Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 23-25-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштироки варзишгарон аз шаш кишвари Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Тайланд ва Малайзия дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохиланд:

Мардон

Александр Пронженко (100 м; 200 м)
Абубакр Носиров (100 м; 400 м)
Фаворис Музрапов (100 м; 200 м)
Илдар Аҳмадиев (200 м)
Ленид Пронженко (110 м/монеа; 400 м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400 м; 400 м/монеа)
Ҳасан Қулов (800 м; 1500 м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000 м; 10000 м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000 м; 3000 м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000 м; 3000 м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба баландӣ)
Абдурауф Мӯсоев (партоби гулӯла ва гурз)
Зикрилло Турахонов (партоби найза)mpic.tj

Занон

Кристина Пронженко (400 м; 800 м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000 м; 10000 м)
Мавлуда Асламова (партоби гулӯла, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, мусобиқот дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”, ки нав таъмир шудааст, доир мегардад. Варзишгарон дар давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, ҳаво додани найза, гулӯлапартоӣ ва гурзандозӣ рақобат мекунанд.

Дар рӯзи сеюми ин чорабинии варзишӣ марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ “Save Aral 2022” доир хоҳад шуд. Беш аз 2000 иштироккунанда бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба буҳрони экологӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG