Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон Тринидад ва Тобагоро шикаст дод


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии мусобиқаи 48-уми байналмилалии "«King’s Cup 2022» (Ҷоми Шоҳ-2022"), ки рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор шуд, тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт.

Ҳисобро Ҷудай Гарсия, бозигари мунтахаби Тринидад ва Тобаго, дар дақиқаи 27-ум кушод. Голи ҷавобиро Муҳаммадҷон Раҳимов дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 47-ум, зад. Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 75-ум аз масофаи дур ба самар расонд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии нимфиналии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» («Ҷоми Шоҳ-2022») дар Тайланд чунин буд:

Дарвозабон: Рустам Ятимов, («Истиқлол»), ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистан), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон, Узбекистон), Аҳтам Назаров (Комрон Турсунов - «ТРАУ», Ҳиндустон, 73), Табрез Исломов (ҳарду аз «Истиқлол»); нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол», Далер Имомназаров – “Истиқлол”, 85); ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус, Рустам Соиров - «Левадия», Эстония), 73), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол», Сиёвуш Асроров - “Истиқлол”, 94), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон», Эҳсони Панҷшанбе - «Зубоҳан», Эрон, 46).

Бозии дигари нимфиналии "King’s Cup 2022" шоми имрӯз, 22-юми сентябр, миёни дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Малайзия сурат мегирад.

Бар асоси дастури мусобиқа, ғолибони нимфинал рӯзи якшанбеи 25-уми сентябр дар финал рақобат мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза хоҳанд бурд.

Тринидад ва Тобаго кишварест дар Амрикои Шимолӣ, ки зӯртарин мунтахаби минтақаи Кариб ба шумор меравад. Ҳашт бор Ҷоми Карибро ба даст овардааст. Тринидад ва Тобаго дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аз мунтахаби Тоҷикистон ҳашт зина боло - дар ҷойгоҳи 101-ум қарор дорад.

Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, иштирок дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад.

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

Нимфинал

22 сентябр (панҷшанбе)

Тринидад ва Тобаго – Тоҷикистон – 1:2

Голҳо: Ҷудаҳ Гарсия, 27 (1:0), Муҳаммадҷон Раҳимов, 47 (1:1), Эҳсони Панҷшанбе, 75 (1:2).

18:30 – Тайланд – Малайзия​

25 сентябр (якшанбе)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тринидад ва Тобаго - мағлуби бозии Тайланд - Малайзия

18:30 – Финал

Тоҷикистон – ғолиби бозии Тайланд - Малайзия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG