Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз амният дар минтақа то таҳримҳои сангин. Вазирони маҳфили С5+1 дар Ню-Йорк чиҳо гуфтанд?


Акс аз mfa.tj
Акс аз mfa.tj

Дар Ню-Йорк рӯзи 22-юми сентябр ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА, мавсум ба С5+1 баргузор шуд, ки дар он инчунин вазири корҳои хориҷии (ВКХ) Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард.

Мулоқоти раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои минтақа бо Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк ҷараён гирифт. Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, “ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд”.

Дар хабар гуфта шудааст, ки С.Муҳриддин ҳам дар ин нишаст суханронӣ кард, вале ҳеҷ ҷузъиёте нашр намешавад. Дипломати калони Тоҷикистон қарор аст рӯзи 24-уми сентябр дар иҷлосияи Маҷмаи кулли СММ, ки маъмулан бо ширкати президентони кишварҳои узви ин созмон мегузарад, аз номи Тоҷикистон суханронӣ кунад.

Мулоқоти Кулубаев ва Блинкен

Дар иттилоияи ВКХ Қирғизистон, ки вазираш Ҷеенбек Кулубаев ҳам дар ҷаласаи С5+1 иштирок кардааст, омадааст, ки “мавзӯи калидии ин мулоқот тақвияти истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳо, амнияти ғизоӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ” будааст. Маълум нест, ки оё дар ин ҷаласа муноқишаи ахири пурқурбонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳам матраҳ шудааст ё на. Вале ба навиштаи вебсайти ВКХ Қирғизистон, Кулубаев дар мулоқоти ҷудогонааш бо Энтони Блинкен “дар бораи ҳодисаҳое, ки дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон гузашт, маълумот додааст”. Ба навиштаи ин манбаъ, Блинкен “дар робита бо вазъ дар ин сарҳад изҳори нигаронии амиқ карда дастёбӣ ба сулҳу суботро аз роҳи талошҳои дипломатӣ муҳим хондааст”.

Ба навиштаи сайти ВКХ Қазоқистон, вазир Мухтор Тлеубердӣ “ба тақвияти муколамаи минтақавӣ ба хотири таъмини рушди босубот ва эътидол дар минтақа таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст, “Қазоқистон барои расидагии муштарак ба масоили амнияти минтақавӣ, муқобила бо таъсири манфии тағйироти иқлим, истифодаи босамари манобеи об, пешбурдаи нақши занон дар бахши иқтисоду соҳибкорӣ ва рушди инсонӣ тамоми талошашро ба харҷ медиҳад”.

Бори сангини таҳримҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ғарб

Ба навиштаи ВКХ Қирғизистон, Кулубаев дар ин ҷаласа инчунин “ба ҷорӣ шудани таҳримҳое, ки дар ҳаёти мардуми оддӣ таъсири дарднок мегузоранд, таваҷҷӯҳи хосе зоҳир карда”, тақозо кардааст, ки барои коҳиши таъсири таҳримҳо “муколамаву машварат оид ба сиёсати таҳримотӣ миёни сохторҳои дахлдор ба роҳ монда шавад”. Ҳарчанд дар иттилоия исми Русия ёд намешавад, ки барои ҷанги беасосаш зидди Украина мавриди таҳримҳои ғарб қарор гирифтаву таъсири он дар иқтисоди тамоми кишварҳои ҳамкори он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад, вале Кулубаев гуфтааст, ки “пеши роҳи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ бояд гирифта шавад”.

ВКХ Қирғизистон мегӯяд, ки дар ҳамин ҷаласа ИМА пешниҳод кардааст, ки 25 миллион доллар маблағро барои “боло бурдани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ва ҳам тавонмандии содиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ” ихтисос диҳад. Мушаххасоти ин маблғ ҳам феълан маълум нест.

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов, ба навиштаи ВКХ-и ин кишвар, “аҳамияти маҳфили С5+1 ва ҳам пешрафт дар ҳамкориҳо дар ин чаҳорчӯбро” ситоиш карда ба зарурати ҷорӣ кардани меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати нассоҷӣ, рушди роҳҳои нақлиётии алтернативӣ ва ҳам амнияти ғизоӣ таъкид кардааст.

Мулоқоти вазирони мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасиву ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштараки миёни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шудааст. ИМА ва ин кишварҳо 30 сол пеш, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсисёбии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол равобити дипломатӣ барқарор карда, дар доираи васеи масъалаҳои сиёсию низомӣ ва гуманитарӣ бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин муддат Амрико дар умум ҳудуди 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумакҳо кардааст.

Русия, ки шарики стратегии кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон буда, дар хоки ин кишвар пойгоҳи низомии азимтарини худро ҷой додааст, тобистони имсол дар заминаи идомаи ҳамкориҳои Душанбеву Вашингтон, аз ҷумла, барпо шудани тамринҳои низомии "Ҳамкории минтақавӣ 22" бо ширкати кишварҳои ОМ дар хоки Тоҷикистон моҳи августи имсол ошкоро нороҳатии худро баён кард.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, дар пасманзари ҷанги идомаёбанди бедалели Русия алайҳи Украина ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ОМ ҳифзи равобити кориву мубодилаҳои сиёсию низомии пешина бо ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ осон нахоҳад буд. Ба ҳар сурат, ваири корҳои хориҷии Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки ҷаласаи баъдии вазирон дар маҳфили С5+1 дар Қазоқистон барпо шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG