Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба тахти хобам занҷирбанд будам". Саргузаштҳои талхи Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ дар урдугоҳҳои Чин. ВИДЕО


Анҷумани уйғурҳои ҷаҳон, Прага, 12 ноябри соли 2021. Аз чап ба рост: Қалбинур Сиддиқ ва Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ

Cозмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Чинро ба боздошти худсаронаи як то ду миллион нафар аз уйғурҳои мусулмон муттаҳам карда ва ин амали онро ҷиноят ба зидди башарият хондаанд.

Яке аз занони уйғур, ки дар чунин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ шудааст, ба хабарнигори Садои Амрико нақл кард, чӣ рӯзҳои сиёҳеро онҷо аз сар гузаронида буд. Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ тақрибан се сол дар урдугоҳи ба гуфтаи Чин “бозтарбия” будааст. Ин зан мегӯяд, шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо як бахши муҳими стратегияи поймолкунии шарафи инсонии онҳо буд. Ӯ мегӯяд:

“Маро ба тахти хобам занҷирбанд карда буданд. Даҳ рӯз қазои ҳоҷат карда натавонистам. Вақте бори аввал рафтам, мисли саг ба ман часпиданд ва пеши чашми ҳама ин корро кардам кардам. Он рӯз гиристам”.

Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ хотираҳои талхашро ба чанд забон нашр карда яке аз аввалин занони уйғуртаборе гардид, ки бидуни ҳарос саргузаштҳояшро фош кард. Саргузаштҳое, ки хоси садҳо ҳазор мусалмони дигар дар вилояти Шинҷон мебошад.

Ин зан, ки ихтисоси муҳандисро дошту замоне дар як ширкати нафт кор мекард, соли 2006 бо духтараш ба Фаронса кӯчид. “Охири моҳи ноябри соли 2016 аз ҷойи корам дар Шинҷон занги телефонӣ шуд. Гуфтанд, ки барои иҷрои муқаррароти раванди бознишастагӣ баргардам. Ҳеч шубҳае ҳам накардам, чун дар Фаронса ягон кори нодурусте ба зидди Чин накарда будам.

Гулбаҳор ба Шинҷон рафту танҳо ҳамон ҷо фаҳмид, ки занги телефонӣ як дом буд ва мақомоти Чин хонаводаашро ба терроризм муттаҳам карданд. Ӯ мегӯяд: “Ҳар вақте барои бозпурсӣ мерафтем, ба сарам халтаи сиёҳ мекашиданд. Дар пойҳоям ҳамеша завлона мезаданд. Бист рӯз завлонабанд будам.”

Қиссаи зани уйғуртабор, ки се солро дар урдугоҳои "бозтарбия"-и Чин сипарӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Баъди чор моҳи боздошт, ба Ҳаитвоҷӣ гуфтанд, ки ӯро ба мактабе интиқол медиҳанд. Дар ин мактаб, дар асл ҳамон урдугоҳҳои нигаҳдошти мусалмонони Чин будааст, ба ҳамаи боздоштшудаҳо зӯран барномаи таълимии давлатиеро таълим медоданд, ки ба қавли “шогирдони” собиқаш, барои аз байн бурдани ҳуввияти милливу динии онҳо равона шуда буд.

Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ мегӯяд: “Ҳар рӯзи ҷумъа имтиҳон буд. Ба мо мегуфтанд, бояд ҳамаашро супорем, вагарна абадан ҳамонҷо мемонем.” Чин аз тариқи хабаргузории давлатии Синхуа, ин мактабҳоро марказҳои таълимӣ ва тарбиятӣ меномад. Синхуа мегӯяд, ҳадаф аз андешаҳои ифротӣ пок кардани шогирдон буд ва ҳамаи онҳо октябри соли 2019 хатм кардаанд. Вале

Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ, ки баъди озодиаш ҳам вазъи минтақа ва мушкилоти уйғурҳову дигар мусалмонҳои Чинро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, ҳукумати Чин “дурӯғ мегӯяд, чунки урдугоҳҳои нав боз мекунад”.

Пажуҳишгарону созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Чинро ба боздошти аз 1 то 2 миллион уйғур ва дигар аққалиятҳои мусулмон дар Шинҷон муттаҳам мекунанд. Соли 2020 Пажуҳишгоҳи Мутолеоти Стратегии Австралия гуфт, ки 380 урдугоҳро дар Шинҷон маълум кардааст. Моҳи август Чин гуфт, ки ин ҳама дурӯғ аст.

Ван Венбин, сухангӯи вазорати хориҷии Чин дар посух ғарбро муттаҳам карда мегӯяд: “Онҳо аз ҳуқуқи инсон ба унвони баҳонае барои халалдор кардани рушду суботи Шинҷон ва инкишофу эҳёи Чин истифода мекунанд.”

Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ мегӯяд, ки бо мадади хонавода ва ҳукумати Фаронса озод шуд ва августи соли 2019 ба Париж баргашт. Ба фарқ аз ӯ, ки дар худ нирӯву тавон пайдо карда саргузаштҳояшро чоп кард, ба гуфтааш, бисёриҳо метарсанд. Ӯ мегӯяд, “Мардуми Чин дар бораи урдугоҳҳо садо баланд карда наметавонанд, агар кунанд, ба урдугоҳ бармегарданд. Мақомоти Шинҷон иддао дар бораи шиканҷаи Ҳаитвоҷиро рад мекунанд. Ӯ баъди нашри хотираҳо дигар бо аҳли оилааш дар Шинҷон суҳбат накардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG