Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рисолати тарҷума бо адабиёти бадеӣ маҳдуд намешавад" - соҳибназарони тоҷик


Коломбо, Шри Ланка, 13 декабри соли 2016. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои шриланкиаш Майтрипала Сирисена ба тарҷумонҳояшон мазмуни ҳарфҳои худро шарҳ медиҳанд
Коломбо, Шри Ланка, 13 декабри соли 2016. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои шриланкиаш Майтрипала Сирисена ба тарҷумонҳояшон мазмуни ҳарфҳои худро шарҳ медиҳанд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки дар назди Ҳукумати Тоҷикистон  як Маркази миллии тарҷума таъсис дода шавад, дар ҳоле, ки чандин донишгоҳи олии ин кишвар  мутахассисонро дар соҳаи тарҷумонӣ  омода мекунанд.

Дар шарҳи зарурати ташкили чунин як муассисаи вижа ба аҳамияти тарҷумаву муаррифии адабиёти бадеиву илмии тоҷикӣ ба забонҳои ҷаҳон таъкид шудааст. Вале бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, назар ба адабиёти илмию бадеӣ дар шароити чолишҳои муосир тақвияти кори расонаҳо, аз ҷумла дар амри истодагарии онҳо ба “ҷангҳои иттилоотӣ” муҳимтар ба назар мерасад.

Аз зарурати таъсиси Маркази миллии тарҷума Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 27-уми сентябр дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии Донишкадаи забонҳо дар Душанбе хабар дод. Маълум нест, ки ин муассиса бо кадом маблағ ва дар кадом шакл амал хоҳад кард. Ҷузъёт нашр намешавад.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар Тоҷикистон чанд маркази тарҷумаи асарҳо фаъол аст. Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманнонов, тарҷумони шинохтаи тоҷик, асарҳои чанде аз адибони тоҷикро ба забони русӣ бозгардон кардааст, яке аз ин марказҳо дар назди Иттиҳоди адибон таъсис шудааст. Дар посух ба ин савол, ки оё асарҳои арзишманди адибони тоҷик, ки ниёз ба тарҷума дошта бошанд, дар ин солҳо эҷод шудааст ё не, ҷаноби Абдуманнонов мегӯяд, ки “ҳастанд ва бархе аз онҳо то ҳол ба хонандҳои хориҷӣ пешниҳод нашудааст”.

Ба гуфтаи ин адабиётшинос, “масалан, “Ҳайдиё”-и Урун Кӯҳзод, “Гардиши девбод”-и Абдулҳамид Самад, “Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа, албатта ин асарҳо дар сатҳи классикаи муосир нестанд, вале асарҳои хонданибоб мебошанд ва бояд ба хориҷиён тарҷума ва пешниҳод шавад”, гуфт Абдураҳмон Абдуманнонов.

Исфандиёри Одина, хабарнигори тоҷики муқими Лондон ва яке аз муассисони сафҳаи “Забони порсӣ” дар Фейсбук мегӯяд, дар бештаре аз кишварҳо марказҳои миллии тарҷума вуҷуд надоранд ва ин вазифаро идораҳои хусусии тарҷумонӣ анҷом медиҳанд. Бо ин вуҷуд, Ифандиёри Одина ба ин назар аст, ки “бисёре аз китобҳо ва осори муҳим дар забонҳои хориҷӣ сареъ ба форсӣ тарҷума мешаванд ва дар дастраси форсизабонон қарор мегиранд, аз шабакаи ҷаҳонӣ ҳам қобили боргирӣ ва дарёфт ҳастанд.

Мешавад инҳоро баосонӣ аз хати форсӣ баргардон кард ва аз кори дубораи тарҷума ва он ҳам бо кайфияти пойин, парҳез намуд. Албатта, беҳтар ин аст, ки давлат омӯзиши хати порсиро тарвиҷ кунад ва мардум битавонанд мустақиман китобҳои форсиро бихонанд, ва ниёзе ба баргардон ҳам набошад."

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар давраи ҷаҳонишавии кунунӣ рисолати тарҷумонҳо танҳо бо адабиёту китобҳои бадеӣ маҳдуд намешавад. Нақши матбуот, хабар ва иттиллоот як зина боло ратааст ва маҳз хабар ва иттилоъ бештар барои тарҷума ба забонҳои хориҷӣ ниёз дорад. Агар дастрасӣ ва ҳам дастёбии саривақтӣ ба иттилои мавриди ниёзи ҷомеа дар сохторҳои давлатӣ як мушкили матбуоти тоҷик бошад, масъалаи дигар саривақт ба забонҳои хориҷии мисли англисию русию чинию форсӣ пешкаш кардани он аст.

Аз ин назар, ҳамон ҷониб ё кишваре гӯё дар набардҳои итилоотӣ пирӯз мешавад, ки босуръат, ҳамзамон ва мутобиқ ба талабот посухи суол ва хабарҳои муҳимро нашр кунад. Моҷароҳои пайдарпай дар марз бо Қирғизистон, ба эътимоди бисёр журналистону фаъолони озодии баён, то ҳол, бо “мағлубияти иттилоотии” Тоҷикистон анҷомидааст, чун мақомот аз ироаи хабарҳои саривақтиву дархӯри ҷомеа худдорӣ мекунанд ва дар ин фурсат матбуоти ҷониби дигар иттилоъ ваё шояд иттиҳомҳои мухталифро ба нашр мерасонад ва ин ҳама гӯё беҷавоб мемонад.

Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки мушкил дар тарҷумаи хабару гузоришҳо не, балки дар дастрасӣ ба худи иттилоъ аст. Умед Ҷайҳонӣ, таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ки хабарҳо дар “ҷанги иттилоотиро” набояд тарҷума кард, балки хабарнигорони забондоне бояд тарбия кард, ки ба забонҳои хориҷӣ хабару мақола бинависанд: “Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷанги иттилоотӣ накарда, ки онро бохта бошад. Балки расонае надорад, ки битавонад посухи дурӯғпароканиҳои Қирғизистонро бидиҳад то хабаргузориҳои хориҷӣ ва ҷаҳонӣ аз он гуфтовард кунанд.”

Нависанда Абдурафеъ Рабизода мегӯяд, воқеан дар набардҳои иттилоотӣ ҷониби Тоҷикистон дар нисбати ҳамаи кишварҳои ҳамсоя дар ҳолати “пакариву карахтӣ” қарор дорад. Ба бовари Рабизода, дар Тоҷикистон “аз зарфиятҳои Интернет” дуруст истифода намешавад ва ҳамин чиз ҳам мояи заъф, аз ҷумла, дар кори расонаҳову хабарпароканӣ мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG