Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимфинали Ҷоми Осиё-2022: Узбекистон – Ҷопон ва Тайланд – Эрон


Дастаҳои мунтахаби футзали Ҷопон, Эрон, Тайланд ва Узбекистон, ки дар бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бар рақибонашон пирӯз шуданд, ба нимфинали мусобиқот роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки 4-уми октябр дар Кувайт баргузор шуданд, мунтахаби Ҷопон тими Индонезияро бо ҳисоби 3:2, тими Эрон мунтахаби Ветнамро бо ҳисоби 8:1, дастаи Тайланд мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 3:2 ва тими Узбекистон дастаи Кувайтро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки рӯзи панҷшанбе, 6-уми октябр, баргузор мешавад, мунтахаби Узбекистон бо дастаи Ҷопон ва мунтахаби Тайланд бо тими Эрон рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Чорякфинал

Тайланд – Тоҷикистон 3:2

Голҳо: Панут Киттипанувонг, 2 (1:0). Иқбол Воситзода, 28 (1:1). Идрис Ёров, 34 (1:2). Ҷетсада Чудеч, 35 (2:2). Ворасак Срирангпирот, 40 (3:2).

4 октябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ». 236 тамошобин.

Ҷопон Индонезия 3:2

Эрон – Ветнам – 8:1

Узбекистон – Кувайт – 3:0

6 октябр (панҷшанбе)

Нимфинал

19:00 - Узбекистон – Ҷопон

Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».

22:00 - Тайланд – Эрон

Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».

8 октябр (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣ соати 19:00

Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».

ФИНАЛ

Оғози бозӣ соати 22:00

Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ»

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG