Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Қирғизистон тасмим гирифт, тамрини нерӯҳои СПАД-ро бекор кунад

Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон
Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон

Қирғизистон тасмим гирифтааст, тамрини низомии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро дар қаламраваш бекор кунад. Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми октябр бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар дод.

Нақша буд, ки тамрини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД моҳи октябри имсол дар ҳудуди Қирғизистон гузарад. Ба созмон Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Тасмими Бишкек пас аз он эълон шуд, ки дар задухӯрди 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари узви СПАД, аз ду тараф даҳҳо кушта кас кушта шуданд. Ду ҷониб якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам карданд.

СПАД ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо мавриди танқид қарор мегирад. Мавҷи танқидҳо бахусус замони даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва муноқишаҳои байни Озарбойҷону Арманистон мушоҳида мешаванд.

Нахустин ва то ҳол ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шуд; замоне ки Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо аз СПАД кумак хост.

Дар натиҷаи ин дархост 2030 сарбоз ва 250 таҷҳизоти низомӣ ба Қазоқистон фиристода шуд, ки аз сохтмонҳои стратегӣ ҳифозат карданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Додситонӣ задани наврасро дар кӯдакистони Душанбе месанҷанд

Акс аз видео гирифта шудааст
Акс аз видео гирифта шудааст

Додситонии Душанбе ба таҳқиқи навори озори наврас дар як кӯдакистони пойтахт оғоз кардааст.

Дар ин видео, ки 9-уми май ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мураббии кӯдакистон як духтари хурдсолро бо шаппотӣ мезанад.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабарномае навишт, ҳодисаи мазкур санаи 7-уми май дар кӯдакистони рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, додситонии пойтахт "нисбати мураббӣ ва дигар шахсони масъули муассисаи мазкур санҷиш"-ро оғоз кардааст ва пас аз анҷоми таҳқиқ ба ин амал "баҳои ҳуқуқӣ" дода мешавад.

Назари масъулини кӯдакистон ва волидайни наврас ба қазия маълум нест.

Пахши навори мазкур нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи шароити кори кӯдакистонҳои пойтахт ба миён овард. Соли гузашта Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон ҳам "аз корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ" дар баъзе кӯдакистонҳои Душанбе нигаронӣ карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Чин рафт

Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон
Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 11-уми май бо сафари давлатӣ ба Чин рафтааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ба Чин рафтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин то 14-уми май идома мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пештар гуфта буд, дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баррасии "ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ" дар назар аст.

Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва Душанбе аз Пекин бештар аз 700 миллион доллар қарздор аст. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён овардааст.

Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд.

Пойбандии ҳарчи бештари иқтисодии Тоҷикистон аз Чин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Душанбе дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Пекин хоҳад гашт.

Тоҷикистон ва Чин тақрибан 500 километр марзи муштарак доранд.

Боздошти сокини Панҷакент барои ғайриқонунӣ иваз кардани асъор

Пулиси Тоҷикистон як сокини шаҳри Панҷакентро барои ғайриқонунӣ иваз кардани асъор боздошт кардааст.

Ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин марди 44-сола рӯзи 6-уми май дар бозори шаҳри Истаравшан аз як нафар "4 ҳазор сомонӣ ва 200-доллари амрикоиро гирифта, бар ивазаш 253 ҳазор сӯми узбекӣ додааст."

Вазорат мегӯяд, ин мард моҳи марти имсол "барои муомилот бо асъори хориҷӣ" ҷазои маъмурӣ гирифта буд.

Назари фарди боздоштшуда ба қазия маълум нест.

Аз рӯи ин иттиҳоми ба ин нафар то 28,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон иваз кардани асъори хориҷӣ танҳо дар бонкҳо иҷозат аст.

Дар ҳамла ба посгоҳи пулис дар Покистон 15 кас кушта шудааст

Дар ҳамлаи мошини бомбгузоришуда ва афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи пулис дар минтақаи Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон ҳадди ақал 15 кас кушта шудааст.

Ин иттилоъро хабаргузории “Рейтерз” бо такя ба пулиси Покистон нашр кардааст.

Бино ба иттилои нашршуда, ин ҳамла рӯзи шанбе нахуст бо инфиҷори як мошини бомбгузоришуда оғоз шуд ва пас аз он афроди мусаллаҳ ба посгоҳ ворид шудаанд.

Дар ин ҳамла ҳамчунин 3 каси дигар захмӣ шудааст. Гуруҳе бо номи “Иттиҳоди муҷоҳидин” масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифтааст.

Ҳушдор аз борони сахту обхезӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳавошиносони тоҷик аз боронгариҳои сахт, омадани сел ва раъду барқ дар рӯзҳои 10-11 май ҳушдор доданд. Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд дар ин рӯзҳо дар бештари минтақаҳои кишвар ба ҷуз, шарқи ВМКБ, ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, боронгариҳои сахт дар Душанбе, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ёвон, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тавилдара, Лахш, Панҷакент, Данғара, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз дар назар аст.

Ба иттилои Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рузҳо бинобар боронгариҳои зиёд эҳтимол дорад сатҳи оби рӯдхонаҳои Зарафшон, Обихингов, Вахш, Ёхсу, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло равад.

Оҷонсӣ ба мардум тавсия додааст, ки дар ин рузҳо аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигиранд ва ҷуйбору селроҳаҳоро пок кунанд. Ба сокинони минтақаҳои куҳистонӣ тавсия шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, алаф, гиёҳҳои шифобахш ва моҳигирӣ, худдорӣ кунанд.

Ҳушдори ҳавошиносон дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзҳои 1-4 май шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел буд. Дар пайи ин офати табиӣ ҳадди ақал 4 нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи ғалаба дар Душанбе

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи ғалаба дар Душанбе. 9 май, 2026.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи ғалаба дар Душанбе. 9 май, 2026.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9 май дар Душанбе дар маросими таҷлил аз Рӯзи ғалаба иштирок кард. Ин маросим дар боғи Ғалабаи пойтахт доир шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин маросим мақомоти давлатӣ, собиқадорони ҷанг, намояндагони ниҳодҳои дипломатии муқими Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, иштирок доштанд.

Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон тахминан 300 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуданд ва сеяки онҳо барнагаштанд. 65 зодаи Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаанд.

Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо баҳои ҷонсупориҳои даҳҳо ҳазор сарбоз аз Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҳам ба даст омадааст.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз ширкатдорони доимии ҷашнҳои Рӯзи ғалаба дар Маскав ҳатто баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина буд. Аммо ба иттилои манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон, ӯ имсол дар ҷашнҳои Рӯзи ғалаба дар Маскав иштирок намекунад.

Даргирии Толибон ва сокинон бар сари тахриби киштзорҳои кӯкнор

Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Манбаъҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки афроди ҳукумати Толибон бо мардуми маҳал бар сари тахриби киштзорҳои кӯкнор даргир шуданд. Ин даргирӣ рӯзи ҷумъа, 8 май дар деҳаи Отанҷилави ноҳияи Аргу, рух додааст.

Ба гуфтаи як манбаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, даргирӣ замоне оғоз шуд, ки мардуми маҳал монеи тахриби киштзорҳои кӯкнор шуданд.

Як манбаи огоҳ дар маҳал, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахост номаш гирифта шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин даргирӣ як кӯдак кушта шудааст. Бархе расонаҳо ҳам аз кушта шудани як кӯдак дар ин даргириҳо навиштанд.

Мақомоти ҳукумати Толибон дар вилояти Бадахшон ба пурсиши Радиои Озодӣ дар мавриди ин ҳодиса посух надоданд.

Пеш аз ин ҳам мардуми маҳал дар ноҳияҳои мухталифи Бадахшон барои пешгирӣ аз тахриби киштзорҳои кӯкнор бо афроди Толибон даргир шуданд.

Чунин даргирӣ соли гузашта миёни афроди Толибон ва мардуми маҳал дар ноҳияи Хош рух дода буд. Масъулини Толибон он замон бе ироаи омори мушаххас тасдиқ карданд, ки ин даргириҳо талафоте доштааст.

Аммо манбаъҳои ғайрирасмӣ гуфтанд, ки дар ин даргириҳо дастикам 15 сокини маҳаллӣ кушта ва 60 нафар захмӣ шуданд.

Раҳбари Толибон дар моҳи апрели соли 2022 кишти кӯкнор, тавлид ва қочоқ тарёкро ғайриқонунӣ эълон кард.

Омори наве аз мизбони кишти кӯкнор дар Афғонистон нашр нашудааст. Аммо гузориши СММ нишон медиҳад, ки дар кишти кӯкнор дар ин кишвар дар соли 2025 нисбат ба соли қабли он 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Баъди ҳамлаи паҳподҳо 13 фурудгоҳи Русия аз кор мондааст

Фурудгоҳи Сочи. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Сочи. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Ростови лаби Дон, кори 13 фурудгоҳ дар ҷануби Русия маҳдуд шуда, даҳҳо парвоз бекор шудааст.

Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ин тасмим баъди ҳамлаи паҳподҳо ба идораи маъмурии корхонаи Аэронавигатсия дар ҷануби Русия гирифта шуд.

Ба ин тартиб, кори фурудгоҳҳои Астрахан, Владикавказ, Волгоград, Гелендҷик, Грозний, Краснодар, Махачқалъа, Магас, Минералние Водий, Налчик, Сочи, Ставропол ва Элиста муваққатан маҳдуд шуд. Дертар хабар расид, ки дар кори фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳам мушкил пеш омадааст.

Ба иттилои Асотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия, дар пайи мушкил шудани кори фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия, зиёда аз 80 парвоз бекор ё ба таъхир гузошта шуданд. Телеграм канали Mash, аз таъхири 184 парвоз хабар додааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад

Эмомалӣ Раҳмон дар сафаре ба Чин. Акс аз соли 2023
Эмомалӣ Раҳмон дар сафаре ба Чин. Акс аз соли 2023

Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, ки президенти Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ ба ин кишвар меравад.

Дар хабарномаи ин ниҳод рӯзи 8-уми май гуфта шудааст, ки сафар бо даъвати президенти Чин Си Ҷин Пин рӯзҳои 11 то 14-уми май сурат мегирад.

Дар ин хабар маълумоти бештаре дар бораи барномаи сафари президенти Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора шарҳе надодаанд.

Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва қарзи Душанбе аз Пекин бештар аз 700 миллион долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён овардааст.

Тоҷикистон ва Чин тақрибан 500 километр марзи муштарак доранд.

Мавлавӣ Абдуллои "Язгуломӣ" аз зиндон озод шудааст

Мавлавӣ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
Мавлавӣ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ

Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ, як рӯҳонии тоҷик, баъди панҷ сол аз зиндон озод шудааст.

Ду нафар аз пайвандони ин рӯҳонӣ 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ чор рӯз пеш озод шуд ва ҳоло дар назди пайвандонаш аст.

Мавлавӣ Абдуллоҳ баъди озод шудан
Мавлавӣ Абдуллоҳ баъди озод шудан

"Ӯ панҷ сол муҳлати ҷазоро пурра адо кард ва баъд озодаш карданд", - гуфт яке аз наздикони ин рӯҳонӣ.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки ин рӯҳониро шабона ба хонааш овардаанд.

Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва се моҳ пас додгоҳ ӯро барои “даъват ба ифротгароӣ тариқи интернет” ба панҷ сол зиндон маҳкум кард. Ду шогирди ин рӯҳонӣ чорунимсолӣ аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Наздикони Мавлавӣ Абдуллоҳ он вақт ҳукмро ноодилона хонданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ буда, дар ин ноҳия аз эътибори хос бархӯрдор аст. Наворҳои зиёде аз маъвизаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, вале дар ниҳоят маълум нашуд, ки кадом аз онҳоро мақомот "даъват ба ифротгароӣ" унвон карданд.

Тайи солҳои ахир шумори зиёде аз зодагони Язгулом ба иттиҳоми "ифротгароӣ" маҳкум ба зиндон шудаанд.

Аз ҷумла, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024-ум 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол ҳабс маҳкум кард. 27 нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.

Соли гузашта ҳам Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз 10 зодаи Язгуломро ба муҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард.

Язгулом ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ аст, вале баъзе аз зодагонаш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ҳамсари як овозхони маҳаллӣ дар Ишкошими Афғонистон кушта шуд

Тасвире аз Лайламо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Тасвире аз Лайламо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Ҳамсари Абдусалом Мафтун, як овозхони шинохтаи маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон субҳи 7 май аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шудааст. Абдусалом Мафтун аз пайвандон ва шогирдони маҳаллихони шинохтаи Афғонистон Мир Мафтун мебошад.

Як манбаъ бо фиристодани наворе аз маросими ҷанозаи ин зан гуфт, ки Лайламо бо кӯдаки хурдсолаш ба тарафи бозори вижаи занон дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон дар ҳаракат буд, ки ҳадаф қарор гирифт ва пас аз интиқол ба бемористон, ҷон бохт. Кӯдаки ӯ аз ин ҳамла ҷони солим ба дар бурдааст.

Ба гуфтаи манбаъҳо, Лайламо дар ин бозор мудири як қаҳвахона ва масъули коргоҳи дӯзандагӣ буд, ки аз тарафи Бунёди Оқохон таъсис шуда буд.

То кунун ҳеч кас ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст. Бархе расонаҳо навиштаанд, ки як нафар дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки тибқи гузоришҳои СММ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, хушунат алайҳи занон дар Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши ҳайати намояндагии СММ дар Афғонистон, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон дар моҳи ноябри соли 2025 нашр шуд, хушунат алайҳи занон ва духтарон дар Афғонистон 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

Рӯзи Ғалаба дастрасӣ ба интернет дар Маскав маҳдуд мешавад

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Русия расман тасдиқ карданд, ки рӯзи 9-уми май дастрасӣ ба интернети мобилӣ дар шаҳри Маскав пурра маҳдуд карда мешавад.

Вазорати рушди рақамии Русия дар хабарномае навишт, бо мақсади таъмини амнияти чорабиниҳои идона, дастрасӣ ба интернети мобилӣ ва ирсоли паёмак ё SMS дар Маскав муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сурати пайдо шудани таҳдидҳо дар пойтахти Русия, рӯзҳои 7 ва 8-уми май низ мумкин аст интернет "ба таври фаврӣ" маҳдуд карда шавад.

Ширкатҳои мухобиротӣ ҳанӯз аз 4 май ба муштариён дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ҳушдор дода буданд, ки аз 5 то 9-уми май мумкин аст иртиботи мобилӣ маҳдуд шавад.

Вазорати дифои Русия рӯзи 4-уми май аз оташбаси якҷониба барои рӯзҳои 8–9 май хабар дод. Президенти Украина Владимир Зеленский муҳлати оташбасро 6-уми май таъйин кард, ки ба гуфтаи Киев, аз ҷониби Русия нақз шуд.

Шаби 7-уми май Русия мавриди ҳамлаи густурдаи паҳподҳо қарор гирифт. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки 347 паҳподи украинӣ нобуд карда шудаанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ дар болои Маскав беш аз 20 паҳподро сарнагун кардаанд.

Қатъи фаъолияти 6236 соҳибкор дар Тоҷикистон дар се моҳ

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар се моҳи аввали имсол 6236 соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд ва ё ба кори дигаре машғул шудаанд. Дар ин бора Оҷонсии омор хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори умумии соҳибкороне, ки корашонро бас карданд, 5400 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ ва 800 каси дигар соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ буданд.

Мақомот дар бораи сабабҳои қатъи кори беш аз 6200 соҳибкор дар се моҳ чизе нагуфтаанд.

Баъзе соҳибкорон пештар тафтишҳои зиёд ва баланд будани сатҳи молиёт ё андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд.

Мақомот, аз ҷумла намояндагони Кумитаҳои андоз ва сармоягузорӣ мегӯянд, аксари ин гуна соҳибкорон шева ё тарзи кори худро дигар карданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор гузориш додааст, ки дар моҳҳои январ-марти имсол зиёда аз 11 ҳазор "соҳибкори инфиродии навтаъсис бақайд гирифта шудааст".

Фазои номусоиди соҳибкорӣ ва мизони баланди андозҳо аз мушкилиҳоеянд, ки пайваста дар доираи тоҷирону коршиносон садо медиҳад.

Ҳабси як зан барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш

Як зани 37-солаи сокини ҷамоати Ворухи Исфараро барои ба худкушӣ расондани ҳамсари бародараш ба чор сол зиндон маҳкум кардаанд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ин зан нисбати ҳамсари бародараш "муносибати дағалона нишон дода, ӯро мунтазам таҳқир мекард ва шаъну эътиборашро дар назди дигар аъзои оила паст мезад".

Зани маҳкумшуда иттиҳоми эълоншударо дар додгоҳ рад карда, худро бегуноҳ гуфтааст.

Аммо Додгоҳи шаҳри Исфара мегӯяд, санҷиши телефони зани фавтида нишон дод, ки ӯ аз муносибати бади хоҳаршӯй ба шавҳараш шикоят кардааст.

Бар асоси қарори додгоҳ, зани маҳкумшуда чор соли зиндонро дар зиндони низомаш умумӣ мегузаронад.

Ин бори аввал нест, ки занҳо дар пайи муносибати бади хушдоман ё дигар аъзои оилаи шавҳар қасди ҷони худ мекунанд.

Тибқи омори расмӣ, соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, соли гузашта беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.

Қабули қонун дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюб дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта"-ро қабул кард. Ин қонун 6-уми май тасвиб шуд.

Таҳияи лоиҳаи қонун чанд сол аст, ки аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дошт.

Ҳадаф аз таҳияи ин санад, таъмини дастрасии баробар ба таълим, тандурустӣ ва ҷойи кор барои маъюбон гуфта шудааст.

Лоиҳаи ниҳоии ин қонун, ки аз сӯи вакилон тасдиқ шуд, ҳанӯз расман нашр нашудааст.

Қабули қонун дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюб дар ҳолест, ки Тоҷикистон то ҳол Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро тасвиб накардааст.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ҳанӯз соли 2018 аз сӯйи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, вале Тоҷикистон то ҳол онро пурра тасвиб накардааст.

Санади мазкур ҳамаи масоили марбут ба ҳуқуқи маъюбонро дар бар мегирад ва декабри соли 2006 аз тарафи Маҷмаи умуми СММ қабул шуд.

Баъди тасвиби Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон, кишварҳо муваззаф мешаванд барои ашхоси имконияти ҷисмониашон маҳдуд шароити хуб фароҳам кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 170 ҳазор шахсони маъюб зиндагӣ мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG