Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги Русия дар Украина вазъро душвор кард." Тоҷикистон чӣ қадар фақир дорад?


Душанбе, тобистони 2022
Душанбе, тобистони 2022
Маҷмаи Умумии Созмони Милал соли 1992 бо қабули қатъномае 17-уми октябрро Рӯзи ҷаҳонии решакан кардани фақр эълон кард. Аз он рӯз ба ин сӯ дар сатҳи байнулмилалӣ ба шахсони фақир таваҷҷуҳи зиёде дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол аз коҳиши сатҳи фақру нодорӣ гузориш медиҳад, аммо ба гуфтаи коршиносон ин мушкил ҳамоно дар кишвар мондааст.

Низорамои 76-сола, сокини деҳаи Бидизи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ҳамроҳи ду духтар ва се наберааш тақрибан аз рустои дурдасти худ фаротар намеравад. Фарзандонаш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва баъзан ба модарашон мадад мекунанд, аммо, ба гуфтаи ӯ, “вақтҳои охир кору даромадашон кам шудааст”.

“Мегӯянд, кори дуруст надоранд ва маош ҳам баъзан ба таъхир меуфтад ва гоҳе тамоман намегиранд. Саропои зиндагии мо вобастаи пули фарзандони муҳоҷир аст. Чизе бештар аз 500 сомонӣ нафақа мегирам, ки куллан сарфи хариди маводи ғизоӣ мешавад,” - мегӯяд Низорамо.

Ин танҳо мисоле аз ҳазорҳо хонаводаи Тоҷикистон аст, ки пули муҳоҷирон наҷотдиҳандаи онҳо аз фақр аст. Тибқи омори расмӣ дар солҳои 2000- 2021 мизони фақр дар Тоҷикистон аз 83 дарсад ба 26,5% расид. Ҳамзамон тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, пули муҳоҷирон омили асосии коҳиши фақр дар Тоҷикистон, Қирғизистон а Узбекистон мебошад.

Омори шубҳаовар?

Моҳи сентябри соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронии худ ба муносибати рӯзи истиқол гуфт, дар 20 соли охир сатҳи фақр дар Тоҷикистон се баробар кам шуд. Воқеан, тибқи оморӣ расмӣ дар соли 2013 мизони фақр дар кишвар 34,% буд, аммо омори расмӣ аксаран мавриди шубҳа аст.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Абдуманнон Шералиев, шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд омори расмӣ зери назорати мансабдорон аст: "Даҳ сол пеш, яъне солҳои 2012-2013 то 30 дарсад ҳам поин омада бошад, мутаассифона, ин раванд ба мақомоти кишвар камтар бастагӣ дорад. Даҳ сол қабл иқтисоди Русия рушди бесобиқае дошт. Дар дасти мардумаш пул зиёд буд, сохтмонҳо бештар шуданд ва дар натиҷа миллионҳо муҳоҷир тавонистанд, ҷойи кори хуб ёбанд. Маблағҳои бузург ба Тоҷикистон сарозер шаванд. Табиист, ки сатҳи қашшоқӣ бо шиддат поин рафт. Ҳамин ки ирсоли маблағ камтар шуд, сатҳи қашшоқӣ ҳам боло рафт. Мақомот оморгирӣ ва эълон карданд, ки сатҳи кашшоқӣ ба 31 дарсад расид. Сипас, чун бояд ин сатҳро ҳар сол камтар нишон диҳанд, чун уҳдадорӣ доранду гранту кумакҳо мегиранд, онро ҳар сол дар гузоришҳо поинтар меоранд,” -- мегӯяд Шералиев. Ба қавли ӯ, иқтисоди Тоҷикистон ба коҳиши фақр таъсири ночизе дорад.

Қаблан Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зикр кард, ки тибқи стратегияи қабулшуда, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд, то соли 2030 коҳиши тадриҷии теъдоди фақирон аз ҳисоби рушди иқтисод, ташкили ҷойи кор ва баланд бурдани арсаҳои иҷтимоӣ дар назар гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон манбаи молии амалӣ кардани ин стратегияро нишон намедиҳанд.

Кам шудани интиқоли маблағ

Тибқи гузориши Бонки Рушди Осиё, тӯли 5 моҳи имсол интиқоли пул нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% кам шудааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, кам шудани интиқоли маблағ рушди фурӯши чаканаро аз 17,1% ба 9,3% ва гардиши бозори дохилӣ аз 16% ва 12,8% поин омад.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Ба гуфтаи шореҳи иқтисодӣ, Пайрав Чоршанбиев, эҳтимоли баланд шудани теъдоди фақирон дар кишвар хеле баланд аст. “Ба ин далели содда, ки дар ибтидои соли 2020 бемории COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро сироят кард. Баста шудани марзҳо, халалдор шудани занҷираи таъмини молу коло, кам шудани даромади корхонаҳо табиатан хонаводаҳои нодорро зиёд кард. Муноқишаи низомии Русияву Украина вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистонро боз ҳам душвортар кард, чун ин кишвар аз Русия вобастагии сахте дорад. 30 дарсади молу маҳсулот аз Русия меояд, бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд, ки ҳамасола то 3 миллиард доллар (ин 3 баробар бештар аз даромади содироти молу маҳсулот аст) ба Тоҷикистон пул ворид мекунанд,” – мегӯяд Чоршанбиев.

Усули мубориза бо фақр

Бонки Ҷаҳонӣ камтар аз 16,6 сомонӣ даромад барои 1 нафар ва ё 498 сомонӣ дар як моҳро хати фақр таъйин кардааст. Дар Тоҷикистон аз соли 2008 тибқи қарори 397-и ҳукумат хонаводаҳое фақир ҳисоб мешаванд, ки ҳар як аз аъзои хонавода камтар аз 50% маоши ҳадди ақалро (400 сомонӣ) дошта бошад.

Бонки Ҷаҳонӣ қаблан ба Тоҷикистон тавсия дод, ки мизони таваллудро маҳдуд кунад. Ба бовари ин бонк афзоиши зиёди аҳолӣ омили аслии фақр, бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон бештар аз даҳ сол бо қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар талоши маҳдуд кардани масрафҳои аҳолӣ аст.

Шореҳи иқтисодӣ, Нур Сафаров, мегӯяд, барои омӯхтани моҳияти фақр пайдо кардани роҳҳалҳои маҷмӯӣ бо ҷалби доираҳои фикрӣ ва илмӣ зарур аст. “Барои мисол, феълан дар Тоҷикистон арсаи фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, ҳуши маснӯӣ, иқтисод ва омӯзиши рақамӣ бо суръат рушд мекунад. Ин як масири хеле муҳим ва шояд барои посух ба ҳалли мушкили фақр роҳалли муассире бошад. Метавон чандин бозигари дигар аз ҳисоби созмонҳои байнулмилалии молӣ ҷалб карда шаванд, ки барои ҳукумат дар ҳалли мушкилоти фақр машварат бидиҳанд, барномаҳои муштарак роҳандозӣ кунанд ва барои пешрафти Тоҷикистон манобеи молӣ пайдо кунанд,” – мегӯяд Сафаров.

Фақр тибқи таърифи Созмони Милал натанҳо камбуди даромад ва манобеъ барои таъмини зиндагӣ аст. Он ҷанбаҳое мисли гуруснагӣ ва камбуди ғизо, дастрасии маҳдуд ба таҳсил ва хидматрасониҳои дигар, табъизи иҷтимоӣ ва инзиво ва инчунин надоштани имкониятро дар тасмимгириҳо дар бар мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG