Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонӣ-2022: Коста-Рика голборон шуд, Олмон шикаст хурд ва Белгия ғалаба кард


Шикасти Олмон аз Ҷопон аз шигифтиҳои дигари Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 аст.
Шикасти Олмон аз Ҷопон аз шигифтиҳои дигари Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 аст.

Рӯзи чаҳоруми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 23-юми ноябр бо бозии даври аввал дар гурӯҳи F миёни дастаҳои мунтахаби миллии Марокаш ва Хорватия шуруъ шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Ал-Байт”-и шаҳри Ҳавр доир гардид, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ин севумин бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 ба шумор меравад, ки бидуни гол анҷом пазируфт ва дар байни 12 бозие, ки дар Қатар баргузор шуд, аз ҳама дилгиркунанда буд. Зеро ки мухлисон на танҳо голро надиданд, инчунин лаҳзаҳои шавқовару ҷолиб хеле кам буд.

Барои мунтахаби Хорватия ин шашумин қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Хорватҳо соли 1998 барандаи медалҳои биринҷӣ ва соли 2018 соҳиби медалҳои нуқра гардидаанд.

Мунтахаби Марокаш низ бори шашум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ иштирок мекунад. Беҳтарин дастоварди даста роҳ ёфтан ба 1/8 финали мусобиқот дар соли 1986 мебошад.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи F миёни дастаҳои Белгия ва Канада бо ҳисоби 1:0 ба нафъи белгиягиҳо ба анҷом расид. Голро Миши Батшуайн дар дақиқаи 44-ум ба нишон расонд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Канада ягон бор дар Ҷоми ҷаҳонӣ гол назадааст. Аз ин пеш соли 1986 ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфта буд ва аз мусобиқот дар Мексика бо таносуби тӯбҳояш 0-5 баргашт.

Шонси гол задан ба канадагиҳо дар дақиқаи 10-уми бозӣ муқобили мунтахаби Белгия пайдо шуд, аммо тӯби аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ задаи Алфонсо Дэвидро дарвозабони дастаи Белгия Тибо Куртуа баргардонд.

Дар гурӯҳи F дастаи Белгия бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои Марокаш ва Хорватия якимтиёзӣ гирифтаанд. Канада имтиёз надорад.

Бозиҳои навбатии дастаҳои ин гурӯҳ 27-уми ноябр барпо мегардад. Дар ин рӯз Хорватия бо мунтахаби Канада ва Марокаш бо дастаи Белгия бозӣ мекунанд.

Баъд аз бозии Марокаш ва Хорватия, шаби 23-юми ноябр бозии даври аввал дар гурӯҳи Е миёни дастаҳои мунтахаби миллии Олмон ва Ҷопон баргузор шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Халифа Интернейшнл»-и шаҳри Давҳа сурат гирифт, бо пирӯзии ҷопониҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 33-юм кушода шуд. Тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳамлагари олмониҳо Илкай Гюндоган ба нишон расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ ҷопониҳо дар муддати 8 дақиқа ду гол заданд. Тӯбҳоро Ритсу Доан дар дақиқаи 75-ум ва Такуми Асано дар дақиқаи 83-юм ба нишон расонданд.

Ин бозӣ ба бозии Аргентина ва Арабистони Саудӣ шабоҳат дошт. Дар ин рақобати тезу тунд ва ҷолиб низ кишвари намояндаи Осиё пирӯз шуд. Натиҷаи ин бозӣ ҳам ғайричашмдошти коршиносону мухлисони футбол буд. Ҷопониҳо қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Испания ва Коста-Рика шаби 23-юми ноябр доир гардид. Испаниҳо ба дарвозаи рақибашон ҳафт голи беҷавоб заданд, ки то ҳоло дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар ин натиҷаи рекордист.

Се гол дар нимаи аввал ва чаҳор голи дигар дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд: голҳо: Олмо, (12) - 1:0; Асенсио, (21) - 2:0; Торрес, (31) - 3:0; Торрес (54) - 4:0; Габи (75) - 5:0; Солер (90) - 6:0; Мората (90+2) - 7:0.

Ин ғалабаи боварибахши довталаби унвони қаҳрамонӣ буд. Испаниҳо дар майдон комилан бартарӣ доштанд. Онҳо на танҳо рақибро саркӯб карданд, балки ба муваффақияти худ дар ин мусобиқот заминаи боътимод гузоштанд. Аммо ҳанӯз аз рӯи натиҷаи як бозӣ бо рақиби на чандон қавӣ хулосаи ҷиддӣ баровардан бармаҳал аст.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаҳои мунтахаби Испания ва Ҷопон бо касби сеимтиёзӣ пешқадаманд. Тимҳои Олмон ва Коста-Рика имтиёз нагирифтаанд.

Мунтахаби Олмон бозии навбатиашгро 27-уми ноябр муқобили Испания (00.00 ба вақти Душанбе) анҷом медиҳад, ҷопониҳо бошанд, дар ин рӯз бо Коста-Рика (15.00 ба вақти Душанбе) рақобат хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтаанд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 18:00

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG