Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор ба вакилоне, ки зидди созиш бо Узбекистон раъй доданд


Элвира Сурабалдиева
Элвира Сурабалдиева

Вакили порлумони Қирғизистон Элвира Сурабалдиева рӯзи 24-уми ноябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, ба 19 вакиле, ки зидди созишномаи марзӣ бо Узбекистон раъй доданд, фишор оварда мешавад.

"Дирӯз зодрӯз доштам. Ташаккур ба Қамчибек Тошиев (раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон), ман ҳаргиз туҳфаи шумо ва тарс додани кормандони КДАМ-ро фаромӯш намекунам. Ман фикр намекардам, ки баъди ду соли ҳодисаҳои 2020 маро таҳдид мекунанд. Дирӯз бо вакилони дигар суҳбат кардам, хешовандони ҳамаро аз мақомҳояшон барканор мекунанд. Хешовандони наздики ман мансабҳои давлатӣ надоранд, аммо хешовандони дурамро ҳам аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Ин барои КДАМ беобрӯӣ аст, ки ба чунин корҳо машғул шавад, таҳдиди гирифтани тиҷорат ва ғайраро кунад. Ҳатто дар замони Боқиев ин корҳо сурат намегирифтанд", - гуфт Сурабалдиева.

Рӯзи 17-уми ноябр порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи тасдиқи Созишномаи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишномаи идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард. Аз ин санадҳо 64 вакили порлумони Қирғизистон тарафдорӣ ва 19 тан мухолифат карданд. Сурабалдиева яке аз вакилоне буд, ки мухолифат варзид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG