Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Пирӯзии Швейтсария, Бразилия ва Португалия


Португалия бар Гана бо ҳисоби 3:2 пируз шуд.
Португалия бар Гана бо ҳисоби 3:2 пируз шуд.

Рӯзи панҷуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 24-уми ноябр бо бозии даври аввал дар гурӯҳи G миёни дастаҳои мунтахаби миллии Швейтсария ва Камерун оғоз ёфт.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”-и шаҳри Ал-Вақра доир гардид, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мунтахаби Швейтсария анҷом пазируфт. Голи ягонаро дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 48-ум, Брел Эмболо, ки зодаи Камерун аст, ба самар расонд.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи G миёни дастаҳои Бразилия ва Сербия дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик»-и шаҳри Лусаил баргузор шуд. Мунтахаби Бразилия бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ду голи ҳамлагар Ришарлисон дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаҳои 62-юм ва 73-юм, ба бразилиҳо пирӯзӣ овард.

Дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Швейтсария бо сеимтиёзӣ дар гурӯҳи G пешсафанд. Тимҳои Камерун ва Сербия имтиёз надоранд.

Бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи G 28-уми ноябр доир мешаванд. Дар ин рӯз Камерун бо Сербия ва Бразилия бо Швейтсария рақобат мекунанд.

Шаби 24-уми ноябр ду бозии даври аввал дар гурӯҳи Н сурат гирифт. Нахуст дастаҳои мунтахаби миллии Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи «Эдюкейшн Сити»-и шаҳри Ар-Райан рӯбарӯ шуданд.

Ин бозӣ ҷолибу пуршиддат гузашт, аммо бидуни гол ба поён расид. Ин чорумин бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 ба шумор меравад, ки бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи Н миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Гана дар варзишгоҳи “Stadium 974”-и шаҳри Давҳа доир гардид. Бозии шавқовар бо пирӯзии мунтахаби Португалия бо ҳисоби 3:2 ба охир расид.

Ҳамаи голҳо дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Ҳисобро дар ин бозӣ капитан ё сартими португалиҳо Криштиану Роналду боз кард. Вай тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи рақиб ворид намуд. Дарвоқеъ, ин ҳамлагари 37-сола аввалин бозигарест дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ҳамаи панҷ мусобиқот гол задааст.

Инчунин Роналду дар таърих дуюмин бозигаре шуд, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон ҳамчун футболбози озод, яъне бе бошгоҳ, гол задааст. Криштиану Роналду бори панҷум аст, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол иштирок мекунад. Қаблан ба ин дастовард чаҳор бозигар мушарраф шудааст.

Дар ҳайати мунтахаби Гана капитани даста Андре Айю, ки дар дақиқаи 73-юм муваффақ гашт, ҳисобро баробар намуд. Аммо баъдан португалиҳо ду бор ба дарвозаи рақибашон гол заданд. Тӯбро ҳамлагарон Жоау Феликс дар дақиқаи 78-ум ва Рафаэл Леау дар дақиқаи 80-ум ба нишон расонданд.

Голи дуюми мунтахаби Ганаро дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90-ум, ҳамлагар Осман Букари зад.

Дар гурӯҳи Н Португалия бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ ва Уругвай якимтиёзӣ гирифтаанд. Гана имтиёз надорад.

Бозиҳои навбатии дастаҳои гурӯҳи Н 28-уми ноябр барпо мегарданд. Дар ин рӯз Кореяи Ҷанубӣ бо Гана ва Португалия бо Уругвай бозӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, дар панҷ рӯзи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 64 бозӣ 16-тоаш баргузор шуд. 11 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 5 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 41 гол зада шуд. Ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардид – 7:0 ба фоидаи Испания.

Имрӯз, 25 ноябр, бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳҳои А ва В баргузор мешаванд:

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтаанд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG