Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Даҳ даста ба 1/8 финал роҳ ёфт


30-юми ноябр чаҳор бозии даври сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар дар гурӯҳҳои С ва D доир гардид. Баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар ин гурӯҳҳо боз се дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоӣ маълум шуд.

Мунтахаби Австралия, ки дастаи Данияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, тавонист дар гурӯҳи D бо касби 6 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба плей-офф барояд. Мунтахаби Фаронса ба бохти худ аз тими Тунис бо ҳисоби 0:1 нигоҳ накарда, мавқеи пешсафиро бо касби 6 имтиёз нигоҳ дошт ва аз ҷойи якум ба ҳаштякфинал роҳ пайдо кард. Тунис бо каби 4 имтиёз сеюм шуд, нимфиналисти қаҳрамонии Аврупо-2020, мунтахаби Дания бо касби як имтиёз ҷойи охирини ин гурӯҳро азони худ кард.

Дар гурӯҳи С мунтахаби Аргентина, ки дастаи Лаҳистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, тавонист бо касби 6 имтиёз аз ҷойи якум ба плей-офф барояд. Дарвоқеъ, дар ин бозӣ капитани аргентиниҳо Лионел Месси натавонист тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонад. Ҳамзмон дар бозии дигар тими Мексика дастаи Арабистони Саудиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, вале ба 1/8 финал мунтахаби Лаҳистон бо дарназардошти таносуби тӯбҳо (2-2 аз лаҳистониҳо ва 2-3 аз мексикоиҳо) баромад. Мунтахаби Лаҳистон бо касби 4 имтиёз дуюм, Мексика бо касби 4 имтиёз сеюм шуданд. Дастаи Арабистони Саудӣ бо касби 3 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷой гирифт.

Қаблан тимҳои миллии Фаронса, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Сенегал, Англия ва ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ба плей-офф баромада буданд.

Вале дастаҳои Эквадор ва Қатар (гурӯҳи А), Эрон ва Уэлс (гурӯҳи В), Мексика ва Арабистони Саудӣ (гурӯҳи С), Тунис ва Дания (гурӯҳи D), инчунин Канада (гурӯҳи F) аз ҳаққи иштирок дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Натиҷаҳои чаҳор бозии даври сеюм дар гурӯҳҳои С ва D:

Тунис – Фаронса - 1:0 (0:0)

Гол: 1:0 – 58 Хазрӣ.

Тунис: Дамен, Кешрида, Гандрӣ, Меря, Талбӣ, Маълул, Схирӣ, Лаидунӣ, Бен-Ромдан (Шалолӣ, 74), Сулаймон (Абдӣ, 83), Хазрӣ (Жебалӣ, 59).

Фаронса: Манданда, Дисасӣ, Варан (Салиба, 63), Конате, Камавинга, Верету (Рабйо, 63), Тчуаменӣ, Фофана (Гризманн, 73), Гендузи (Дембеле, 79), Коман (Мбаппе, 63), Коло-Муани.

Огоҳӣ: Кешрида (28).


Австралия – Дания - 1:0 (0:0)

Гол: 1:0 – 60 Лекки.

Австралия: Райан, Дегенек, Суттар, Роулз, Бехич, Муй, Ирвайн, Макгри (Райт, 74), Лекки (Хрустич, 89), Дюк (Макларен, 82), Гудвин (Баккус, 46).

Дания: Шмейхел, Кристенсен (Ба, 46), Кристенсен, Андерсен, Мэле (Корнелиус, 70), Эриксен, Хейберг, Йенсен (Дамсгор, 59), Линдстрем, Брэйтуэйт (Долберг, 59), Олсен (Сков, 69).

Огоҳӣ: Бехич (4), Дегенек (57), Сков (75).



Лаҳистон – Аргентина - 0:2 (0:0)

Голҳо: 0:1 – 46 Мак Аллистер, 0:2 – 67 Алварес.

Лаҳистон: Шченсни, Кэш, Глик, Кивер, Берешински (Енджейчик, 72), Зелински, Франковски (Камински, 46), Криховяк (Пентек, 83), Белик (Шимански, 62), Левандовски, Свидерски (Скурас, 46).

Аргентина: Мартинес, Молина, Отаменди, Ромеро, Акуня (Таляфико, 59), Де Паул, Мак Аллистер (Алмада, 84), Фернандес (Песселя, 79), Ди Мария (Паредес, 59), Месси, Алварес (Мартинес, 79).

Огоҳӣ: Акуня (49), Криховяк (78).



Арабистони Саудӣ – Мексика - 1:2 (0:0, 1:2)

Голҳо: 0:1 – 47 Мартин, 0:2 – 52 Чавес, 1:2 – 90 Аль-Досари.

Арабистони Саудӣ: Ал-Овайс, Ал-Ганам (Бахебрӣ, 88), Томбактӣ, Ал-Амрӣ, Ал-Булайхӣ (Шараҳилӣ, 37), Абдулҳамид, Ал-Доссарӣ, Ал-Ҳасан (Маду, 46), Канно, Ал-Брейкан, Ал-Шаҳрӣ (Ал-Обод, 62).

Мексика: Очоа, Санчес (Алварес, 86), Морено, Монтес, Галярдо, Чавес, Пинеда (Родригес, 77), Алварес (Фунес Мори, 86), Лосано, Мартин (Хименес, 77), Вега (Антуна, 46).

Огоҳӣ: Алварес (16), Ал-Шаҳрӣ (28), Ал-Ҳасан (34), Томбактӣ (52), Маду (81), Ал-Амрӣ (90), Бахебрӣ (90).

Ба ин тартиб, дар ҳаштякфинали Ҷоми ҷаҳонӣ рӯзи 3-юми декабр Нидерланд бо ИМА, 4-уми декабр Аргентина бо Австралия ва Фаронса бо Лаҳистон, 5-уми декабр Англия бо Сенегал бозӣ мекунанд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 40-тоаш баргузор шуд. 31 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 9 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 97 гол зада шуд. То ҳоло ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.

Имрӯз, 1-уми декабр, чаҳор бозии даври сеюм дар гурӯҳҳои Е ва F баргузор мешавад:

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтааст.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Марҳилаи гурӯҳӣ 2-юми декабр ба анҷом мерасад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷадвали баргузории бозиҳо (ба вақти Душанбе):

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Ғана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ – 2:0

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика – 0:1

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1

Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Ғана − 2:3

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал – 1:2

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 2:0

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА – 0:1

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия – 3:0

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания – 1:0

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса – 1:0

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика – 1:2

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 0:2

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Ғана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3 декабр

Нидерланд – ИМА

4 декабр

Аргентина - Австралия

Фаронса - Лаҳистон

5 декабр

Англия - Сенегал

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG