Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон чор нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Исроил қатл карданд


Дар Эрон рӯзи 4 декабр чор нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо оҷонсии иктишофии Моссади Исроил қатл карданд. Дар ин бор хабаргузории давлатии ИРНА хабар додааст. Маҳбусоне, ки ҳукми қатлашон иҷро шуд, Ҳусайн Урдухонзода, Шоҳин Имони Маҳмудободӣ, Милод Ашрафӣ ва Манучеҳр Шоҳбандӣ мебошанд.

Ин чор шаҳрванди Эрон дар дарёфти силоҳ ва маблағи Моссад ба шакли криптовалюта гунаҳгор дониста шуданд. Қаблан Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иддао карда буд, ки чандин нафарро бо иттиҳоми эҳтимолии иртибот бо Моссад боздошт кард ва ин нафарон гӯё даст ба тахриби иншооту рабудани шаҳрвандони Эрон задаанд. Ба иттилои Ассошиэйтед Пресс, се нафари дигар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Эрону Исроил бо ҳам дар ҳоли душманӣ ҳастанд ва ҳар сари чанд вақт дар Эрон дар бораи гӯё фош шудани ҷосусони исроилӣ хабарҳо нашр мешавад. Санҷидани дурустии ин иттиҳомот имкон надорад.

XS
SM
MD
LG