Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рафту дигар бедарак шуд." ДОИШ ба ҷавонони ноумед чашм дӯхтааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо бадтар шудани аҳволи иқтисоди Лубнон, теъдоди афзояндаи ҷавонони шимоли ин кишвар ба Ироқ рафтаву ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” мепайванданд. Сабаб на танҳо фақру камбизоатӣ ва ё идеологияи ифротӣ, балки иллатҳои дигар низ будааст.

Маҳмуд Сайф бародарашро бори охир соли 2020 дидааст. Мегӯяд, ки ногаҳон хонаро тарк кард ва дар сафи ДОИШ-иён аслиҳа ба даст гирифт. Як моҳ баъд дар зарбаи ҳавоии нерӯҳои Ироқ ба як паноҳгоҳи ДОИШ кушта шуд.

“Боқир субҳ аз хоб бархост, ба модарам гуфт, ки наҳор омода кунад. Рафту дигар бедарак шуд,” – гуфт Маҳмуд Сайф.

Бо муҳоҷирати ҷавонон тарси он зиёд шудааст, ки ҷалби онҳо ба сафи тундгароён меафзояд. Яъсу ноумедӣ, иқтисоди фурӯпошида ва танишҳои мазҳабӣ аз омилҳои рӯ ба ДОИШ овардани ҷавонон шудааст.

Муҳаммад Саблуҳ, мудири Маркази ҳуқуқи зиндониён гуфт: “Мардуми Лубнон ба ДОИШ ба сабабҳои гуногун мепайванданд, бекорӣ, фақр, набуди хадамоти асосӣ. Сабаби дигар боздошти ҷавонон бо иттиҳоми иртибот бо тундгароёну бидуни муҳокима солҳо нигаҳ доштан дар зиндон аст, ки ҳисси интиқомҷӯӣ бедор мекунад.”

Рӯҳониёне ба мисли Шайх Билол Барудӣ имоми масҷиди “Ал-Салом”-и Троблус мегӯяд, худи шаҳр ҳам маҳалли рушди ифротгароӣ аст. “Троблус шаҳри муҳофизакор аст. Сарзаминест, ки мардонаш мухолифи режими Сурия ҳастанд. Инҳо насли нави боифтихору ҷасуру далеранд. Онҳо омодаи мубориза ҳастанд,” – илова кард ӯ.

Дар умум мубориза барои бақо сабаби аслии рӯ ба гуруҳҳои ифротии исломӣ овардани ҷавонон аст. Муҳаммад, як ҷангҷӯи ДОИШ, гуфтааст: “барои он ба ДОИШ пайвастам, ки моҳе 500 доллар медоданд. Пеш аз пайвастан, мехостам, зиндагии шоста дошта бошам, аммо нашуд.”

Бинобар фақру норизоиятӣ дар Лубнони гирифтор, гумоштагони ДОИШ саъйи худро барои ҷазби аъзои бештар аз ин кишвар зиёдтар кардаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

ДОИШ ба ҷавонони ноумеди Лубнон чашм дӯхтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG