Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кишварро ба ширкати хонаводагӣ табдил додаанд"


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар моҳи марти соли 2022 аз мансаби раисҷумҳури Туркманистон канор рафт ва дар як интихоботи "сохта" ҷойи худро ба писараш, Сардор Бердимуҳаммадов, дод. Вай шонздаҳ сол ин кишвари пӯшида, аммо саршор аз газу нафти Осиёи Марказиро раҳбарӣ кард.

Баъди рафтан аз қудрат низ аз нуфузи густарда бархурдор аст. Ба сафарҳои хориҷӣ меравад; раҳбарони кишварҳоро ба ҳузур мепазирад; дар ҷаласаҳои ҳукумат иштирок мекунад ва ба диду боздидҳои бодабдабааш ба вилоятҳои Туркманистон идома медиҳад.

Бердимуҳаммадови 65-сола дар маснади раиси палатаи болоии порлумони кишвараш нишастааст. Ниҳоди қонунгузоре, ки соли 2021 худаш асос гузошт. Ҳамзамон унвони "Арқадаг" ё "Муҳофиз"-ро дорад. Ягон мансабдори Туркманистон, ба истиснои президент, ҳеч вақт чунин нуфуз надоштааст.

Чанде пеш, дар остонаи нишасти сегона, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раҳбарони Озарбойҷону Туркияро ба ҳузур пазируфт. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ аз 14-уми декабр, раҳбари ҳозираи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо раҳбарони Озарбойҷону Туркия мулоқоти ҷудогонае дошт.

Раиси ҷумҳури собиқи Туркманистон дар нишаст иштирок накард, аммо ҳамсараш, Огулгерек Бердимуҳаммадова, бо мизбонии бонуҳои аввали Озарбойҷону Туркия бисёриҳоро дар тааҷҷуб гузошт. Бердимуҳаммадова дар замони раёсати шавҳараш дар мазҳари ом камтар падидор мешуд.

Бино бар аксҳо, Огулгерек Бердимуҳаммадова бо Меҳрубон Алиева ва Омина Эрдуғон ба намоишгоҳ ва барномаи ҳунарӣ рафтааст. Ҳамсари раиси ҷумҳури ҳозираи Туркманистон дар нишасти сегона мушоҳида нашуд.

Огулгерек Бердимуҳаммадова дар байн
Огулгерек Бердимуҳаммадова дар байн

Ҷадвали сафарҳои Бердимуҳаммадови калонӣ "бисёр банд аст". Ӯ рӯзи 3-юми ноябри имсол ба Маскав рафт ва бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин вохӯрд. Писараш Сардор Бердимуҳаммадов моҳи июн ба онҷо рафта буд.

Раҳбари пешини Туркманистон рӯзи 11-уми ноябр барои иштирок дар нишасти сарони Созмони Кишварҳои Туркӣ, ки дар он раисони ҷумҳури Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия ширкат доштанд, ба шаҳри Самарқанд сафар кард. Туркманистон дар ин созмон дар мақоми нозир аст.

Нишасти Созмони Кишварҳои Туркӣ
Нишасти Созмони Кишварҳои Туркӣ

Бердимуҳаммадов, ҳамчунин, ба панҷ вилояти кишвараш рафт. Мақомоти маҳаллӣ ҳазорон нафарро барои покиза кардани кӯчаҳо, рангубори деворҳо ва ё пешвози раҳбари пешин сафарбар карданд.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар остонаи яке аз сафарҳои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба вилояти Балкан дар моҳи ноябр ҳудуди 2500 нафарро аз кори асосияшон гирифтанд, то шаҳри бандарии Туркманбоширо омода кунанд.

Сокинон мегӯянд, “то лаҳзаи охир” намедонистанд, ки ба дидани вилоят кӣ меояд: раисҷумҳури ҳозира ё пешина. Як манбаи наздик ба мақомоти маҳаллӣ дар остонаи сафари Бердимуҳаммадов ба Мари дар моҳи ноябри имсол гуфта буд, ки “маълум нест, кӣ ва кай меояд.” “Мо танҳо медонем, ки Бердимуҳаммадов ба маросими гузоштани хишти аввали корхона меояд,” - гуфт манбаъ.

“Одамон намедонанд, ки кадоме аз Бердимуҳаммадовҳо кишварро идора мекунанд. Аммо ҳар касе зимоми қудратро ба даст дорад, кори худро хуб иҷро намекунад,” – гуфт як рӯзноманигори собиқадори туркман ба Радиои Озодӣ.

Расонаҳои давлатӣ аз раисиҷумҳури пешин ба унвони "қаҳрамони мо, Арқадаг" ёд мекунанд ва аз сафарҳо ва мулоқоти ӯ матолиби зиёд нашру паҳн мекунанд.

Бисёре аз туркманҳо ба таври худмонӣ аз омодагии аз ҳад зиёду намоишкоронаи мақомоти маҳаллӣ ҳангоми сафарҳои расмӣ шикоят мекунанд. Онҳо бовар доранд, ки мансабдорон фазоеро барои ободу шукуфо нишон додани минтақаҳои Туркманистон ба вуҷуд меоранд, то ба ин васила фақри густурдаро дар як кишвари дар ҳоли инзиво бипӯшонанд.

"Онҳо кишварро ба як ширкати хонаводагӣ табдил додаанд," – мегӯяд рӯзноманигори варзида ба шарти ифшо нашудани номаш. “Бердимуҳаммадовҳо дар олами худ зиндагӣ мекунанд, комилан аз воқеият дур мондаанд", - афзуд ӯ. "Онҳо намедонанд ва ё шояд аслан парво надоранд, ки одамон ҳатто чизе барои хӯрдан надоранд."

Туркманистон аз рӯйи захираи гази табиӣ дар ҷаҳон дар ҷойи чаҳорум аст, аммо аҳолии ин кишвар асосан нодоранд. Солҳои охир бисёре аз мардуми одии Туркманистон аз камбуди хӯроку болоравии нархи маводи ниёзи аввал дар азобанд.

Фақри густарда, фасод ва бекорӣ дар даҳсолаҳои охир миллионҳо шаҳрванди ин кишварро маҷбур кардааст, ки хоку хонаи худро гузошта, ба хориҷа рахти сафар банданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG