Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди ба иҷора додани хонаҳо дар пойтахти Русия сахттар мешавад


Раиси вилояти Маскав хостааст, ҷараёни ба иҷора додани хонаҳоро дар пойтахти Русия сахттар кунанд. Ҷое, ки ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик кору иқомат доранд ва барои будубош хонаҳои мардумро ба иҷора мегиранд.

Андрей Воробев рӯзи 23-юми январ дар як нишаст бо ҳузури намояндагони ҳукумат гуфтааст, раванди ба иҷора додани манзилҳо дар вилояти Маскав ва ноҳияҳои атрофи он беназорат мондааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки мавридҳои ғайриқонунӣ ба иҷора додани хонаҳоро ошкор ва назорат кунанд.

Ӯ гуфтааст, сокинон ба далели зиёд будани теъдоди муҳоҷирон дар манзилҳои иҷора ба мақомот муроҷиат карда ва гуфтаанд, "муҳоҷирон гуруҳ-гуруҳ зиндагӣ мекунанд ва бо рафторҳои худ кӯдаконро метарсонанд".

Дар ҳамин ҳол, дар пайи шикояти баъзе аз сокинон дар гӯшаҳое аз вилояти Маскав дурбинҳои назоратии иловагӣ насб хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар минтақаи Котелники ҳаммарз бо бозори "Садовод", ҷойи кори садҳо муҳоҷири тоҷик. Ҳамчунин шумораи маъмурони пулисро дар кӯчаҳо афзоиш хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG