Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Қатли хабарнигорон дар соли 2022 панҷоҳ дарсад афзуд


Дар соли 2022 мавридҳои қатли хабарнигорон дар ҷаҳон дар муқоиса ба як сол пеш 50 дарсад афзудааст. Теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ин кушторҳоро дар Украина, Мексика ва Ҳаити сабт карданд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 24-уми январ бо нашри гузорише эълон кард, ки дар соли 2022 камаш 67 хабарнигор ва корманди расонаҳои хабарӣ кушта шуданд, ки болотарин талафот аз соли 2018 ба ин тараф аст. Илова бар ин, рӯзноманигорон дар Украина, Мексика ва Ҳаити бинобар афзоиши хатарҳо, дар шароити бисёр душвор кор мекунанд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар гузориши худ мегӯяд, беш аз ниме аз хабарнигорон -- 35 нафар аз маҷмӯи 67 нафар, дар се кишвар -- Украина, Мексика ва Ҳаити кушта шудаанд.

Дар Ҳаити дастикам ҳафт хабарнигор дар соли 2022 кушта шуданд. Бархе аз онҳо аз сӯи дастаҳои мусаллаҳ, ки амалан назорати пойтахти он кишварро дар даст доранд, ба қатл расиданд ва ду нафари онҳо аз тири пулис кушта шудаанд.

Хабарнигори як радиои маҳаллӣ дар Ҳаити мегӯяд, хабарнигорон дигар намедонанд, ба кӣ бовар кунанд. Ӯ афзуд, "хабарнигорӣ дар Ҳаитӣ ва ба хусус дар пойтахт имрӯз бисёр душвор ва хатарзо аст. Фасод ҳама ҷоро дар бар гирифта ва ба ҳеч кас наметавон бовар кард".

Бар асоси гузориши Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, дастикам 15 хабарнигор ва корманди расонаҳои хабарӣ низ дар Украина кушта шудаанд.

"Хабарнигорон ва кормандони расонаҳои хабарӣ, ки ҷанги Украинаро пӯшиш медиҳанд, бо хатарҳои калоне рӯбарӯ ҳастанд. Шумори зиёде аз онҳо бинобар тирборони минтақаҳои наздик ба ҷабҳаи ҷанг маҷрӯҳ шуда ва мавридҳое аз тирандозии мустақими артиши Русия ба сӯи хабарнигорон мушоҳида шудааст", -- мегӯяд Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар бахши дигаре аз гузориши худ.

Ин кумита хотирнишон мекунад, ки дар соли гузашта 13 хабарнигор ва корманди расонаҳои хабарӣ дар Мексика ба қатл расиданд. Иттиҳоди хабарнигорони Мексика ин рақамро 15 нафар эълон карда, мегӯяд, соли 2022 барои кормандони расонаҳо дар ин кишвар маргбортарин сол тайи се даҳаи ахир будааст.

Ба назар мерасад, ки сабаби афзоиши чашмгири қатли хабарнигорон дар Мексика вуҷуди мафияи маводи мухаддир, фасоди сиёсӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва нотавонӣ дар шиносоӣ ва муҷозоти омилони ин кушторҳо мебошад.

Рӯзи 17-уми январи соли гузашта Маргарита Мартинез, аксбардори яке аз расонаҳои хабарии ин кишвар дар назди хонааш кушта шуд ва панҷ рӯз баъд ҷасади як хабарнигори дигар дар дохили мошинаш пайдо шуд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, ниҳодҳои масъул дар Мексика шуморе аз одамкушҳоро боздошт кардаанд, вале то кунун ҳеҷ яке аз фармоишгарон дастгир ва муҷозот нашудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG