Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бокси Осиё: Узбекистон аввал, Тоҷикистон даҳум шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои то 22-сола дар шаҳри Бангкоки Тайланд 26-уми январ бо қувваазмоиҳои ниҳоӣ ба анҷом расид.

Дар ҳисоби медалҳо миёни мардон мунтахаби Узбекистон бо касби 11 медал (9 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 11 медал (3 тило, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дувумро азони худ кард. Мунтахаби Филиппин бо 1 медали тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷойи севумро гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали биринҷӣ дар зинаи даҳум ҷойгир шуд. Ҳарсе медалро Довуд Маҳкамов дар вазни то 71 кило, Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кило ва Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 80 кило ба даст оварданд.

Чаҳор муштзани дигари тоҷик - Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило, Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кило, Асадбек Маннонов дар вазни беш аз 92 кило, инчунин ягона намояндаи Тоҷикистон дар сабқати занон - Бибинишастамо Холова - дар вазни то 60 кило дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё (ASBC U-22), ки миёни писарону духтарон бори дувум баргузор шуд, 149 муштзан (95 писар ва 54 духтар) аз 20 кишвари қора - Узбекистон, Камбоҷа, Чин, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Лаос, Малайзия, Муғулистон, Непал, Покистон, Филиппин, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Тайланд ва Ветнам – иштирок карданд.

Ҳисоби медалҳо

Мардон

  1. Узбекистон - 9-1-1
  2. Қазоқистон - 3-3-5
  3. Филиппин - 1-1-2
  4. Тайланд - 0-3-1
  5. Чин - 0-2-1
  6. Муғулистон - 0-1-2
  7. Индонезия - 0-1-1
  8. Камбоҷа - 0-1-1
  9. Қирғизистон - 0-0-7
  10. Тоҷикистон - 0-0-3
  11. Малайзия - 0-0-1
  12. Непал - 0-0-1.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо иштироки 109 муштзан аз 12 кишвар баргузор шуд, 11 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тило гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG