Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Grand Prix Portugal 2023 маълум шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" - Grand Prix Portugal 2023, ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мешавад, бар асоси қуръакашӣ муайян шуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар - Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Тамура Тори, мутахассиси ҷопонӣ, дастаро ҳидоят мекунад.

Аммо сомонаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, ки ду узви тими миллии кишвар, паҳлавонони маъруф Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ бинобар сабаби мушкили раводид дар мусобиқаи мазкур иштирок карда наметавонанд.

Натоиҷи қуръакашӣ барои варзишгарони тоҷик чунин аст:

Обид Ҷебов (-66 кг) – Нуно Мартинс (Португалия)

Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) – Филипп Абел Метеллюс (Ҳаити)

Шодмон Ризоев (-81 кг) – Заур Двалашвили (Гурҷистон)

Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) - Мануэл Родригес (Португалия)

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) – ғолиби ҷуфти Ҷованни Феррейра (Бразилия)/Лорис Тассйер (Фаронса)

Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) – Самӣ Чоучӣ (Белгия)

Мансур Раҳмон (+100 кг) – Ҷур Спиҷкерс (Нидерланд)

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Португалия ширкати 544 варзишгар (317 мард ва 227 зан) аз 81 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал, мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ мешаванд.

Барномаи мусобиқа:

27-уми январ (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

28-уми январ (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

29-уми январ (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар Grand Prix Portugal 2022, ки соли гузашта дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.

Комроншоҳ ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Достон Мейлиев (Узбекистон) ва Артём Бубир (Украина) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Комроншоҳ дар нимфинал аз Кристиан Парлати (Италия) мағлуб шуд. Баъдан ӯ барои ҷойи сеюм Имеда Гоголадзеро аз Гурҷистон шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи як ҳазор евро гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG