Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи бесарнишинҳо ба як корхонаи ҳарбии Эрон. ВИДЕО


Корхонаи ҳарбии Исфаҳон

Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки ба корхонаи ҳарбии ин кишвар дар Исфаҳон бо се ҳавопаймои бесарнишин ҳамла шудааст.

Ҳамла соати 23:30-и шаби 28-уми январ сурат гирифтааст.

Вазорати дифои Эрон гуфтааст, ки системаи дифои зидди ҳамлаҳои ҳавоӣ ду бесарнишинро дар осмон зада, безарар кардааст.

Мақомоти Эрон ҳеч кишвар ё гурӯҳеро масъули ин ҳамла надонистаанд.

Бахши инглисизабони телевизиони давлатии Эрон “Пресс ТВ” навори корбаронро пахш кардааст, ки дар он замони ҳамла сабт гаштааст. Дар навор нафаре мегӯяд, “як паҳобод буд, дуруст аст? Як паҳбод буд, не?”

Наворро инҷо тамошо кунед:

Вазорати дифои Эрон ин корхонаи истеҳсоли васоили низомиро як коргоҳи хурд номид. Он дар 350 километрии дур аз Теҳрон, пойтахти Эрон ҷойгир аст.

Коршиносони огоҳ ин корхонаро бузург ва муҳим медонанд.

Ба нақли сокинон, ҳоло атрофи корхона аз ҷониби низомиён иҳота шудааст ва касеро иҷозаи наздик шудан ба атрофи он намедиҳанд. Роҳҳое, ки аз канори ин корхона мегузаранд, баста шудааст.

Навори лаҳзаи таркиш:

Аз оғози сол, ин аввалин ҳамла ба як корхонаи низомии Эрон аст. Охири соли гузашта дар маркази низомии Порчин як муҳандис кушта шуда буд.

Мақомоти эронӣ кушта шудани муҳандис ва дигар ҳодисаҳои монанд ба инро ҳамеша кори дасти Исроил донистааст. Исроил, ки режими ҷумҳурии исломиро душман медонад, хеле кам чунин ҳамлаҳоро эътироф кардааст.

Ин бор, мақомоти Эрон ҳанӯз эълон накардаанд, ки бесарнишин аз куҷо вориди кишвар шудааст.

Расонаҳои Эрон шаби гузашта аз таркиш ва сӯхтор дар чанд корхонаи истеҳсоли нафти Теҳрон ва Табрез низ хабар доданд.

Моҳи июл мақомоти Эрон як гурӯҳ аз курдҳоро бо иттиҳоми харобкорӣ боздошт ва онҳоро барои омодагӣ ба тарконидани корхонаи низомии Исфаҳон гунаҳкор карда буд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо Исроил айбдор шуда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG