Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавҳаи "Ғамхорӣ ба зани дувум"-ро дар Узбекистон барчиданд


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ
Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомот дар Узбекистон дастур доданд, ки овезаи таблиғотии ширкати Mobile Retail (Elmakon) барчида шавад. Дар он таблиғот аз сокинон даъват мешуд, ки "Ба зани дувум ғамхорӣ кунед".

Таблиғоти мазкур дар чанде аз минтақаҳои Узбекистон насб шуда буд. Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфт, таблиғоти ширкат "ғайриахлоқӣ ва ноҷост", хилофи талаботи қонун дар бораи таблиғот, инчунин "хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа" аст.

Кумитаи мазкур гуфт, ҳама лавҳаҳои таблиғот дар бораи "зани дувум" барчида шудаанд.

Азиз Абдумаҷидов, намояндаи ширкати Mobile Retail дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, дар Узбекистон "мошинро зани дувум меноманд ва ба ин далел нисбат ба мошин бояд ғамхорӣ зоҳир кард".

"Бо услуби киноя василаҳои гуногунро барои мошин хостем таблиғ кунем. Ба мардум писанд омад. Ҳама акси онро бознашр мекунанд. Танҳо дар сурате таблиғи зани дувум ба ҳисоб меравад, ки агар одам маъракаҳои таблиғоти муосирро дарк накунад," -- гуфт Абдумаҷидов.

Дар Узбекистон бисёрҳамсарӣ манъ аст. Дар сурати шикастани қонун, ҷарима ба миқдори аз 50 то 100 нишондиҳанда ё корҳои ислоҳӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG