Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё зиндон, ё ҷанг". Як муҳоҷири тоҷик пас аз 5 моҳ аз худ дарак додааст


Акрамҷон Шоисматов
Акрамҷон Шоисматов

Як муҳоҷири тоҷик, ки панҷ моҳ пеш дар Маскав нопадид шуда буд, аз худаш дарак додааст.

Акрамҷон Шоисматови 24-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба хешовандонаш гуфтааст, ӯро ба ҷанги зидди Украина бурданд.

Пайвандонаш пештар гуфта буданд, ӯ се сол дар анбори сабзавот кор мекард ва рӯзи 10-уми октябри 2022 аз мудираш барои таъмири телефон ду соат ҷавоб пурсиду бедарак шуд.

Яке аз наздиконаш, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 6-уми феврал гуфт, “ҳафтаи гузашта Акрамҷон се рӯз ба Маскав омад ва бо мо дидори кӯтоҳ дошт.”

Вай гуфтааст, маъмурони пулис моҳи октябр ӯро боздошт ва ба панҷ сол зиндон таҳдид карда, дар ивази раҳоӣ иштирок дар ҷанги зидди Украинаро пешниҳод намудаанд. “Нақл кард, ки шаш моҳ дар Донбасс буд, вале вориди ҷанг нашудааст, чун силоҳро истифода карда наметавонад,” – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Акрамҷон Шоисматов ба наздиконаш гуфтааст, ин бор маҷбур аст, ба майдони ҷанг биравад ва “агар то ним соли дигар зинда монд”, бо онҳо тамос хоҳад гирифт.

Аз моҳи октябри соли гузашта чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия нопадид шудаанд.

Эҳсон Аминзода, муҳоҷире, ки дар тамрингоҳи Белгород кушта шуд, низ дар аввали моҳи октябри соли гузашта нопадид гашта буд.

Мақомоти Русия ӯ ва як муҳоҷири дигари тоҷикро ба ҳамла ба ҳамроҳонашон гунаҳкор карданд. Наздиконашон рад намуданд. Дар он ҳодиса 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуд. Воқеияти ин ҳодиса аз манбаъҳои мустақил дастрас нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG