Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идрис Исҳоқовро ба бозпурсӣ даъват кардаанд


Идрис Исҳоқов
Идрис Исҳоқов

Рӯзноманигори мустақил Идрис Исҳоқовро ба бозпурсӣ ба идораи пулиси шаҳри Уши Қирғизистон даъват кардаанд.

Ӯ гуфт, даъватнома набуд, танҳо шифоҳӣ ё даҳонӣ ба бозпурсӣ хонданд.

Исҳоқов афзуд, нахуст аз Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ва баъдан аз пулиси шаҳри Уш ба ӯ занг задаанд.

Дар гуфтугӯи телефонӣ мақомоти пулис аз вай хостаанд, дар бозпурсӣ дар бораи наворе маълумот диҳад, ки чаҳор сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда буд.

Рӯзноманигор гуфт, эҳтимол гап дар бораи наворе меравад, ки вай дар он дар бораи Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти ҳозираи Қирғизистон, суҳбат карда буд. Ҷабборов он замон дар зиндон буд. Идрис Исҳоқов гуфт, чанде пеш шахсони номаълум як қисми он наворро бурида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора паҳн кардаанд.

Идрис Исҳоқов чанд сол дар бахши қирғизии Радиои Озодӣ кор кардааст. Ҳоло дар YouTube саҳифа дорад. Онро 417 ҳазор нафар писандидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG