Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақ бо кист: Чин ё Тоҷикистон?


Азим Турсунзода

Азим Турсунзода

Муовини аввали раиси Хадамоти гумрук

Дар Тоҷикистон арзиши колоҳои овардаро аз Чин дар соли гузашта камтар аз 842 миллион доллар сабт кардаанд. Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук, 15-уми феврал фарқи омори додугирифтро бо Чин ҳамагӣ "беш аз 15 миллион доллар" шумурд.

Маълумоти шубҳаовар
Бори аввал нест, ки чунин тафовут дар омори ҷонибҳо ошкор мешавад. Бархе омили фасодро аз эҳтимол дур намедонанд. Қаблан як маъмури пешини гумрук изҳор дошта буд, ки қисме аз ин фарқият ба сохтакорӣ рабт дорад.

Чин мегӯяд, дар соли 2022 ба Тоҷикистон ба ду миллиарду 217 миллион доллар бор фиристод. Ин рақам нисбат ба маълумоти расмии Тоҷикистон як миллиарду 375 миллион доллар зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG