Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дигарон Сталинро маҳкум карданд, вале тоҷикон "бахшиданд"?


Муҷассамаи Сталин дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон
Муҷассамаи Сталин дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Бахши аввал дар инҷост

Бахши дувум. Сталин ва таърихнигории тоҷик

Чӣ гуна миллат ва давлатҳои миллӣ ба миён меоянд? Таърихнигори ирландӣ ва муаллифи назарияи «капитализми чопӣ» Б.Андерсон мегӯяд, дар аввал дар бораи забони умумии адабӣ дар асоси лаҳҷаҳои маҳаллӣ тавофуқ ҳосил мешавад. Сипас зиёиёни ташнарӯҳ ба миён омада, бо ин забон рӯзномаву маҷалла, китоб, аз ҷумла китобҳои дарсӣ ва маводи дигарро бо теъдоди сершумор ба нашр мерасонад.

Ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ низ дар атрофи онҳо ҷӯш мезанад. Оҳиста-оҳиста ба ҷои гурӯҳҳои хурди одамон, ки ҳама якдигарро аз чеҳра мешиносанд (қабила, қишлоқ, маҳалла ва ғ.) ҷомеаҳои бузурги одамон пайдо ва тақвият меёбанд, ки онҳоро арзишҳо, манфиатҳо ва ҳадафҳо, бахусус пайдоиш, таърих ва фарҳанги умумӣ гирди ҳам меоранд. Азбаски ҳеч гоҳ муошират накардаанд, тасаввур мекунанд, ки онҳо як ҳастанд. Андерсон низ китоби худро «Ҷомеаҳои хаёлӣ» ном гузоштааст. Ба ин тартиб, бо ихтироъ шудани нашри китобҳо дар асрҳои 18-19 ба ҷои гуруҳҳои ҷудо-ҷудои қавмӣ ҷомеаҳои нав – миллатҳо ба вуҷуд омаданд. Яъне, миллатҳо дар асрҳои амиқи миёна ба таври омода ба миён наомадаанд. Онҳоро сиёсатмадорон ва нависандагон тавассути фаъолиятҳои сиёсӣ, шиддати фикрӣ ва каломи чопӣ, ки ба шуури омма таъсир мегузоранд, ба вуҷуд овардаанд.

Ҷомеаи тоҷик давраи ибтидоӣ ва муҳимтарини ташаккули «ҷамъияти сиёсии тасаввурӣ»-ро дар давраи Сталин аз сар гузарондааст. Он дар доираи сохти Шӯравӣ аз як ҷомеаи динӣ ва сулолаи ақибмонда ба релси як миллати муосири аврупоӣ гузашт. Ба гуфтаи Андерсон, ин ҳама аз забон оғоз ёфт.

Офарандаи асосии забони муосири қонунии тоҷикӣ Садриддин Айнӣ аст. Ӯ дар ибтидо ҳамчун шоир (монанди бештари адибони он давр) ба наср, ки он замон талаботи бештар дошт, гузашта, дар ин жанр навовар буд ва дар ташаккули тасаввуроти коллективии тоҷикон (ҳамчунин узбекон) таъсири бузург гузоштааст. Вай ҳамчун зиёии дузабона, шаҳрнишини бухороӣ ва фарзанди хонаводаи даромадаш миёна, диндор (хоҷаҳо) романҳо, аз ҷумла дар бораи тоҷикони кӯҳистонӣ, қиссаву ёддоштҳо, очеркҳои таърихӣ ва ғайра навиштааст.

Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Айнӣ забони русиву хати кириллиро намедонист ва асарҳои Маркс, Ленин ва классикони адабиёти русро нахондааст. Ӯ ҳамчунин осори адибони муосири Шӯравиро нахондааст, то бигӯем, ба касе тақлид кардааст ё аз «бародари калонӣ» омӯхтааст. Айнӣ комилан бо адабиёт ва таърихнигории модарии худ банд буд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, ки асоси ташаккули ҳуввияти фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад, бо мададу дастгирии коммунист-интернатсионалисти эронӣ, лирики барҷаста ва сталингарои сарсупурда Абулқосим Лоҳутӣ, ки Айниро устоди худ меҳисобид, ба табъ расидааст. Ин китоб бо пешгуфтори навиштаи Лоҳутӣ соли 1926 дар шаҳри Маскав чоп шуд. Дастгирии Сталин дар ин замина хеле муҳим буд, зеро ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Маскав нашри онро намехостанд. Тақрибан ҳамаи коммунистҳои туркистонӣ ва бухороии чоряки аввали асри 20 Осиёи Марказиро Туркистон медонистанд. Онҳо тоҷиконро туркҳои эронишуда ва (ё) бозмондагони ғуломони муҳоҷири эронӣ меномиданд.

Пас аз 20 соли нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» идеологи асосии СССР А.Жданов ва худи Сталин соли 1947 нашри китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуровро, ки нахустин монографияи муаллифи миллӣ дар бораи як миллати алоҳидаи Осиёи Миёна навишта шудааст, дастгирӣ карданд. Ин таҳқиқот барои навиштани китоби «Тоҷикон», ки соли 1972 ба табъ расид, асос шуд.

Мақомоти Шӯравӣ барои таъсиси миллати тоҷик сабабҳои геополитикӣ низ доштанд. Дар паси онҳо манфиатҳои Русия ҳамчун як империя меистод. Барои Сталин Тоҷикистон ҳамчун дидбонгоҳи бузурги сарҳадӣ, марзи боварбахш бо Осиёи Ҷанубии зери султаи Англия - рақиби доимии Русия лозим буд. Вай обрӯ ё имиҷи интернатсионалии Тоҷикистонро ҳамчун ягона миллати ғайритурку форсзабони Шӯравӣ ва «ҷумҳурии нави халқии Советӣ дар назди дарвозаи Ҳиндустон” дастгирӣ карда, пеш мебурд.

Ба ӯ ба унвони қафқозӣ Эрон назар ба Осиёи Миёна наздиктар буд. Сталин дарк кард ва ба Тоҷикистон тариқи Эрон “омад”. Ҳанӯз пеш аз инқилоб бо коргарони эронӣ ва раҳбарони онҳо, ки дар конҳои нафти Боку кор мекарданд, шинос буд. Таваҷҷуҳи ӯ ба котиби Иттифоқи нависандагони СССР Абулқосим Лоҳутӣ, ки эҷодиёташ як бахши муҳими адабиёти Шӯравии тоҷикро ташкил медиҳад, аз ин ҷост.

Сталин ба Лоҳутӣ кумак ва фаъолиятҳои адабию сиёсии ӯро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекард. Инқилобгарони эронӣ (бахусус, аз Боку) ва афғон холигии сафи кормандони Шӯравии тоҷикро дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои ҷанубӣ пур карданд.

Тоҷикон Сталинро барои бераҳмиҳояш нисбат ба пешвоёни саркӯбшудаи худ, ки бештарашон то охирин нафас сталингаро моданд, бахшиданд.

Сталин ҳангоми таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури инқилобгарони эрониро дар он шанс ё имконияте барои дар оянда густариш додани инқилоби ҷаҳонӣ дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон медонист. Бо ин ҳол, Сталин дар соли 1935 нақшаи Лоҳутиро барои инқилобӣ кардани Эрон тавассути Коминтерн «афсона» номид. Болшевикони рус ҳанӯз дар охири солҳои 1920-ум идеяи инқилоби ҷаҳониро, ки худро ба хатар гузошта буд, ба нақшаи дувумдараҷа табдил дода буданд.

Лоҳутӣ ба фарқ аз Айнӣ ва шогирдонаш аз нуфуз ва робитаҳои худ дар Маскав барои таъкид бар пайванди ҳувиятҳои тоҷикӣ ва форсӣ истифода кардааст ва шояд умед дошт, ки онҳо дар оянда ба ҳам хоҳанд пайваст. Барои Айнӣ бошад, муҳим буд, ки собит кунад, тоҷикон як миллати эрониасли Осиёи Миёнаро, ки аз форсизабонон ҷудо мебошад, намояндагӣ мекунанд, аммо ҳамзамон бо онҳо анъанаҳои машҳури фарҳангӣ доранд.

Ҷудоии маъмурӣ аз Узбекистон, то як дараҷа дурӣ аз форсизабонони Эрон ва рад кардани забони форсии бостонии дарбори амир ба нафъи забони соддаву фаҳмотар – тоҷикӣ, тақозои замон, фармони сиёсие буд, ки дар умқи сохти Шӯравии миллати тоҷик ба вуҷуд меомад.

Болшевикҳо ба далели он ки фарҳангу таърихи маҳаллиро намефаҳмиданд, баъзан маҷбур мешуданд, ба зиёиёни тоҷик кореро иҷозат диҳанд, ки онҳо худ дуруст мешумурданд. Ҳамин тариқ, адибон Айниву Лоҳутӣ ва баъдан муаррих ва сиёсатмадор Бобоҷон Ғафуров тавонистанд, ки режими сиёсии Шӯравӣ ва нуфузи Сталинро барои нигоҳ доштани мероси бебаҳои адабӣ, анъанаҳои фарҳангӣ (ба ёд меорем Шашмақомро) ва ниҳоят худи Тоҷикистон истифода баранд.

Ҳар сеи онҳо бо Сталин мулоқот кардаанд. Лоҳутӣ дар соли 1935 ва Айнӣ дар соли 1941 бо ӯ вохӯрданд. Ғафуров аз соли 1943 чандин бор ба ҳузури Сталин роҳ ёфтааст. Наздиктарини онҳо Лоҳутӣ буд, ки нуфузи худро ҳамчун як инқилобгар дар Шарқ ва иртиботашро бо пешво истифода бурда, соли 1937 Айниро аз ҳабс наҷот дод. Маҳз Сталин дар соли 1946 бори нахуст баъд аз соли 1924 тоҷик – Ғафуров, ёвар ва протежи худро котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъйин кард.

Мавқеи Сталин аз бисёр ҷиҳат вектори таърихнигории тоҷикӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷиконро муайян кардаст, ки то марзбандии миллӣ намедонистанд таснифи халқҳо, нажодҳо ва забонҳо вуҷуд надорад ва тибқи он, онҳо эрониёни Шарқу қадимтарин мардуми минтақа ҳастанд ва бо забони зебое ҳарф мезананд, ки ҳазорсола аст, бо он шоҳасарҳои адабии ҷаҳонӣ офарида шудаанд. Тоҷикон худро як ҷомеаи боимтиёз эҳсос ва муқоисаи худ бо миллатҳои дигарро оғоз карданд. Паҳлӯи манфии чунин худшиносоӣ давра ба давра ворид шудан ба ориёизм ва нажодпарастии бардурӯғ аст, ки на танҳо дар муносибат бо ҳамсоягони минтақа (туркҳо), балки бо манотиқи гуногуни тоҷикнишин мушкилотеро ба вуҷуд овард.

Хулоса

Дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ шояд танҳо таърихнигории расмии Узбекистон ҳукумати Шӯравиро ошкоро маҳкум ва мустамлика номида, ҷадидияро ситоиш ва босмачиро сафед мекунад. Қазоқистон низ, ки дар замони коллективизатсияи Сталин 1,5 миллион аҳолияш кам шуд, Сталинро шадидан танқид карда, гуруснагии солҳои 1930-1933-ро қатли ом меномад. Аммо дар маҷмуъ, он гӯшаҳои тезро ҳамвор карда, гузаштаи Шӯравиро комилан мустамликавӣ муаррифӣ намекунад ва ба оқибатҳои замонависози он он таъкид мекунад. Сталинро дар Русия ҳамчун як пешвои тавоно ва нобиғаи ҳарбӣ, ки ҷаҳонро аз фашизм наҷот дод, эътироф мекунанд ва мегӯянд, ки таъқибгариҳои ӯ бо тамоми бераҳмиҳояш танҳо як қисми таърихи бузург ва қаҳрамононаи Русия аст.

Ба назари мо, бештари тоҷикон имрӯз ба Сталин ва умуман ба таърихи Шӯравӣ бо «айнаки миллӣ» менигаранд. Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро таҳким бахшида, давлату миллати худро дар асоси усул ва қоидаҳое идома медиҳад, ки зиёиёни тоҷик дар солҳои 1920-1930 таҳия карда буданду аз сӯи Сталин тасдиқ шуда буд. Қоидаҳое, ки бар пояи ҷудоии турку тоҷик ва эронигароӣ, ки дар бурунрафт аз ҳайати Узбекистон ва ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзҳое, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, асос ёфтааст.

Бинобар ин, тоҷикон Сталинро барои бераҳмиҳояш нисбат ба пешвоёни саркӯбшудаи худ, ки бештарашон то охирин нафас сталингаро моданд, бахшиданд.

Аз марги Сталин 70 сол гузашт. Ҳоло бунёди Тоҷикистони дигар идома дорад. Кишвар имрӯз асосгузори давлати худ Исмоили Сомониро меномад, на Ленин-Сталинро. Дар рӯйхати Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, ки аз шаш нафар иборат аст, мақоми якуму дувумро Ғафуров ва Айнӣ ишғол кардаанд. Ин рӯйхат бо номҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ки бо фармони Сталин кушта шуданд, ба поён мерасад.

Ҷомеа бештар ба таърихи қадим ва асрҳои миёна таваҷҷӯҳ дорад. Давлат барои тарҷума, нашр ва паҳн кардани китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, ки достони он дар асри 18 ба охир мерасад, кӯшиш дорад. Ёдгориҳои меъмории сталинӣ тахриб мешаванд. Забони тоҷикӣ дигар мешавад; садоҳое низ ба тарафдорӣ ба форсӣ (порсӣ) номидани забони тоҷикӣ, гузариш ба хати форсӣ, шакле, ки пеш аз Сталин буд, шунида мешавад. Баъзе аз ҷавонони тоҷик номи пешвои як замон бонуфузро ба забони форсӣ-тоҷикии худ «Истолин» талаффуз мекунанд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG