Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Узбекистон барандаи Ҷоми Осиё шуд


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Узбекистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими Ироқро ба ҳисоби 1:0 мағлуб кард, барандаи Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола гардид.

Бозии ниҳоӣ шаби 18-уми март дар варзишгоҳи "Бунёдкор"-и шаҳри Тошканд баргузор шуд. Голи ягонаро Умаралӣ Раҳмоналиев, капитан ё сарвони мунтахаби ҷавонони Узбекистон, дар дақиқаи 72-юм аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи дастаи Ироқ зад.

Ҳамин тариқ, дастаи мизбон – Узбекистон - бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медали тило сарфароз гашт. Мунтахаби Ироқ бо медали нуқра мукофотонида шуд. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаҳои мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон гардид.

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 – Узбекистон, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон - ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки моҳҳои май-июни имсол дар Индонезия доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Вале дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» бо касби чаҳор имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Чорякфинал

11-уми март (шанбе)

Эрон - Ироқ - 0:1

Гол: Алӣ Ҷассим, 91.

Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Узбекистон - Австралия - 1:1 (аз рӯи силсилаи пеналти - 5:4)

Голҳо: Зафармурод Абдураҳматов, 79 - Габриэл Попович, 77.

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

12-уми март (якшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ - Чин - 3:1

Голҳо: Ким Йонг Хак, 62 (аз пеналти), Сон Ҷин-Ён, 100, Чхве Сок-Хюн, 105 - Мутеллип Имингари, 48.

Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Ҷопон - Урдун - 2:0

Голҳо: Иса Сакамото, 54, Наоки Кумата, 70.

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

Нимфинал

15-уми март (чоршанбе)

Ироқ Ҷопон – 2:2 (аз рӯи силсилаи пеналти – 5:3)

Голҳо: Алӣ Ҷассим, 12, Муҳаммад Ҷамил, 103 - Такатора Эйнага, 83, Наоки Кумата, 118.

Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Узбекистон – Кореяи Ҷанубӣ - 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:1)

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

ФИНАЛ

18-уми март (шанбе)

Узбекистон – Ироқ – 1:0

Гол: Умаралӣ Раҳмоналиев, 72 – аз пеналти

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG