Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар даври аввали мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 1-3-юми апрел баргузор шуданд. Дар чаҳор бозӣ мизбонон ғолиб омаданд ва як дидор бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт. Дар панҷ бозӣ 20 тӯб зада шуд, ки ба ҳар як дидор ба ҳисоби миёни чаҳор гол рост меояд.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Абдухалил Боронов, Шерзод Маҳмадиев ва Нуриддин Ҳамроқулов заданд.

«Равшан»-и Кӯлоб дастаи меҳмон - «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари «Равшан» Тоҳир Малодӯстов гардид, ки ду гол зад.

«Эсхата»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Ба ду голи дар нимаи аввали дидор задаи низомиён, ҳамлагари хуҷандиҳо Бахтиёр Зарипов дар нимаи дуюми бозӣ бо се гол посух дод. Зимнан, ин аввалин «хет-трик» дар мавсими нав мебошад.

Бозии даври аввал байни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Даври аввали мусобиқот бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 3-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, ба анҷом расид. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 4:0 ба фоидаи душанбегиҳо хотима ёфт. Алишер Ҷалилов ду гол, Ромиш Насруллозода ва Манучеҳр Ҷалилов якголӣ заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дастаҳои «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Равшан» ва «Эсхата» бо касби сеимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқот мутаносибан ҷойҳои аз якум то чаҳорумро ишғол кардаанд. Дастаҳои «Файзканд» ва «Ҳосилот», ки якимтиёзӣ гирифтаанд, дар зинаҳои панҷуму шашум қарор доранд.

Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ки бори 32-юм доир мегардад, мисли мавсими гузашта аввал бо иштироки даҳ даста дар ду марҳила сурат мегирад. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар маҷмуъ, ҳар як даста дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ 44 бозигари хориҷӣ, ки 13 кишвар ва се қитъаро намояндагӣ мекунанд, барои ширкат дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон номнавис шудаанд.

26 нафари онҳо аз қораи Африқо мебошанд. Осиёро 13 бозигар аз чаҳор кишвар намояндагӣ мекунад, 5 бозигар аз кишварҳои аврупоиянд.

Аксари легионерҳо (14 нафар) аз кишвари африқоии Ғано мебошанд. Камерун (8 легионер) дар ҷойи дуюм ва Узбекистон (7 легионер) дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Бар асоси низомномаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 бошгоҳҳои лигаи олӣ метавонанд то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархост шомил кунанд, аммо ҳамзамон танҳо панҷ легионер ба майдон баромада метавонад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 3:0

Голҳо: Абдухалил Боронов, 50 (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 70 (2:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 90+4 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

1-уми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошогар.

«Равшан» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Муҳаммадҷон Насков, 49 (1:0). Алишер Шукуров, 57 (1:1).

Тоҳир Малодӯстов, 90+5 (2:1). Тоҳир Малодӯстов, 90+8 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Тоҳир Малодӯстов («Равшан»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

1-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 6000 тамошогар.

«Эсхата» – КМВА – 3:2

Голҳо: Бахтиёр Чориев, 22 (0:1). Хуршед Абдуллоев, 25 (0:2). Бахтиёр Зарипов, 66 (1:2). Бахтиёр Зарипов, 85 (2:2). Бахтиёр Зарипов, 90 (3:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Бахтиёр Зарипов («Эсхата»).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

2-юми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошогар.

«Ҳосилот» – «Файзканд» – 2:2

Голҳо: Шавкати Ҳотам, 13 (0:1). Саидмухтор Азимов, 83 – аз пеналти (1:1). Мустафо Меликшоев, 86 (1:2). Мусиси Фароук, 90+3 (2:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»), 63 – рафтори хашин, Муҳсинҷон Абдуғаффоров («Файзканд»), 63 – рафтори хашин, Далер Чолов («Ҳосилот»), 63 – рафтори хашин, Маҳмудҷон Шафиев («Файзканд»), 66 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Шавкати Ҳотам («Файзканд»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

2-юми апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошогар.

«Истиқлол» – «Хуҷанд» - 4:0

Голҳо: Ромиш Насруллозода, 16 (1:0). Алишер Ҷалилов, 32 (2:0). Алишер Ҷалилов, 44 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

3-юми апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 1500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

4-0

3

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

3-0

3

3

«Равшан» (Кӯлоб)

1

1

0

0

3-1

3

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

1

1

0

0

3-2

3

5

«Файзканд» (Восеъ)

1

0

1

0

2-2

1

6

«Ҳосилот» (Фархор)

1

0

1

0

2-2

1

7

КМВА (Душанбе)

1

0

0

1

2-3

0

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

0

0

1

1-3

0

9

«Хатлон» (Бохтар)

1

0

0

1

0-3

0

10

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

0-4

0

Нишонзанҳо: Бахтиёр Зарипов («Эсхата») – 3 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Равшан») – 2-тӯбӣ.

Даври дуюм:

6-уми апрел (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Кӯктош» – «Ҳосилот»

«Хатлон» – «Эсхата»

7-уми апрел (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

КМВА – «Равшан»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

7-уми апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Истиқлол» – «Файзканд»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG