Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эсхата" дар мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон пешсаф шуд


Даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ бо ду бозӣ рӯзи панҷшанбеи 6-уми апрел оғоз ёфт.

«Эсхата»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. «Ҳосилот»-и Фархор дар меҳмонӣ бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.

Ба ин тартиб, «Эсхата» баъди ду ғалабаи пайиҳам бо шаш имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷойи аввал баромад. «Ҳосилот» бо чаҳор имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан» бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои аз сеюм то панҷумро ишғол кардаанд.

Се бозии дигари даври аввали мусобиқот имрӯз, 7-уми апрел, миёни дастаҳои КМВА – «Равшан», «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» – «Файзканд» доир мегардад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хатлон» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 48 (0:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 89 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Владислав Шевченко («Эсхата»).

6-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошогар.

«Кӯктош» – «Ҳосилот» – 0:3

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 19 (0:1). Мусиси Фароук, 38 (0:2). Шодиҷон Муродов, 73 (0:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Шодиҷон Муродов («Ҳосилот»).

6-уми апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1200 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

2

0

0

5-2

6

2

«Ҳосилот» (Фархор)

2

1

1

0

5-2

4

3

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

4-0

3

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

3-2

3

5

“Равшан” (Кӯлоб)

1

1

0

0

3-1

3

6

«Файзканд» (Восеъ)

1

0

1

0

2-2

1

7

КМВА (Душанбе)

1

0

0

1

2-3

0

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

0

0

2

1-6

0

9

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

0-4

0

10

“Хатлон” (Бохтар)

2

0

0

2

0-5

0

Нишонзанҳо: Бахтиёр Зарипов («Эсхата») – 3 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Равшан»), Мусиси Фароук *Ҳосилот”) – 2-тӯбӣ.

Даври дуюм:

7-уми апрел (ҷумъа)

16:00 КМВА – «Равшан»

16:00 «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

16:30 «Истиқлол» – «Файзканд»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG