Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Эсхата” – пешсафи мусобиқоти лигаи олӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023 миёни  дастаҳои лигаи олӣ бо се бозии боқимонда рӯзи ҷумъаи 7-уми апрел ба поён расид.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозигари беҳтарини ин дидор Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари «Истиқлол», ду гол ба самар расонид.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд натавонист дар бозӣ муқобили «Регар-ТадАЗ» бартариашро нигоҳ дорад. Хуҷандиҳо дар ҷараёни бозӣ пешқадам буданд, вале мизбонон ҳисобро ду бор баробар карданд. Дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар бозӣ миёни КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб ғолиб муайян нашуд. Бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба охир расид.

Ёдовар мешавем, дар ду бозии аввали даври дуюм – 6-уми апрел - «Эсхата»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 ва «Ҳосилот»-и Фархор дар меҳмонӣ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд.

Ба ин тартиб, дастаҳои “Истқилол” ва “Эсхата” баъди ду ғалабаи пайиҳам бо шашимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқот мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро ишғол кардаанд. Дастаҳои «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» ва «Равшан» бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои аз сеюм то панҷум қарор доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хатлон» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 48 (0:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 89 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Владислав Шевченко («Эсхата»).

6-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошогар.

«Кӯктош» «Ҳосилот» 0:3

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 19 (0:1). Мусиси Фароук, 38 (0:2). Шодиҷон Муродов, 73 (0:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Шодиҷон Муродов («Ҳосилот»).

6-уми апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1200 тамошогар.

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:2

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 45 (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 80 (1:1). Дарко Бедов, 84 (2:1). Шуҳрат Элмуродов, 88 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

7-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1800 тамошогар.

КМВА – «Равшан» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Самуэл Офори («Равшан»).

7-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 1000 тамошогар.

«Истиқлол» – «Файзканд» – 2:1

Голҳо: Билол Сулаймонов, 4 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 9 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 37 – аз пеналти (2:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Седрик Гогуа («Истиқлол»), 48 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

7-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 1500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

6-1

6

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

2

0

0

5-2

6

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

5-2

4

4

«Ҳосилот» (Фархор)

2

1

1

0

5-2

4

5

“Равшан” (Кӯлоб)

2

1

1

0

3-1

4

6

«Файзканд» (Восеъ)

2

0

1

1

3-4

1

7

КМВА (Душанбе)

2

0

1

1

2-3

1

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

0

1

1

2-6

1

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

0

0

2

1-6

0

10

“Хатлон” (Бохтар)

2

0

0

2

0-5

0

Нишонзанҳо: Бахтиёр Зарипов («Эсхата») – 3 тӯб, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилв (ҳарду «Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Равшан»), Мусиси Фароук (“Ҳосилот”) – 2-тӯбӣ.

Даври 3-юм

11-уми апрел (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Хосилот» – КМВА

«Файзканд» – «Кӯктош»

12-уми апрел (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

«Эсхата» – «Хуҷанд»

«Равшан» – «Хатлон»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG