Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собир Валиев: "Бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон омадам, вале дубора айбдор шудам"


Собир Валиев пас аз тарки сиёсат ба тиҷорат машғул буд.
Собир Валиев пас аз тарки сиёсат ба тиҷорат машғул буд.

Собир Валиев, як фаъоли сиёсӣ, ки таҳти пайгард қарор дошт, вале бо ваъдаи афв соли 2020 аз Аврупо ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, мақомот дубора нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Мақомоти тоҷик ба аксари мухолифон ваъда дода буданд, ки дар сурати бозгашт ба ватан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд ва Собир Валиев, аз камтарин чеҳраи шинохтаи мухолифин буд, ки ба ватан баргашт. Аксари мухолифон, ки дар кишварҳои аврупоӣ қарор доранд, бо ҷурми ифротгароӣ ҷустуҷӯ мешаванд, вале худи онҳо инро "таъқиб барои фаъолиятҳои сиёсӣ" медонанд.

Собир Валиев мегӯяд, дар хориҷи кишвар тиҷорат дошт ва баъди онки ба ӯ ваъдаи афв доданд, тиҷораташро ба Тоҷикистон кӯч дод. Ӯ дар Тоҷикистон ширкати “Девори ҷаҳон” (“Wall World”)-ро таъсис дод ва ба тиҷорат машғул буд. Дар ин ширкат 30 нафар кор мекарданд.

Ӯ рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки нисбаташ бо беш аз даҳ моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд ва ҳаққи тарки ҷои зисташро надорад. “Аз моҳи сентябри соли 2020 сар карда ман ва хешовандону ҳамкоронамро таъқиб намуда, кормандони Додситонии кул бо роҳи зурӣ, ғайриқонунӣ вориди Дафтари корӣ шуда, санадҳои молӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро бурда, дар нисбат ба ман ва кормандонам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд,”—гуфт, ӯ.

Ӯ ва чаҳор ҳамкорашро ба сохтакорӣ, қаллобӣ ва тундгароӣ муттаҳам мекунанд. Иттиҳоме, ки ӯ қабул надорад.

Мақомоти тоҷик дар гузашта низ нисбат ба ӯ бо иттиҳоми тундгароӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд, вале соли 2020 эълон карданд, ки ӯ афв шудааст.

Собир Валиев рӯзи 26-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, талош дорад, то ба қабули Юсуф Раҳмон равад ва аз ӯ адолатхоҳӣ кунад.

Қаблан, хабари боздошту фишор болои Собир Валиев расонаӣ шуд, вале худаш дар ин бора суҳбат накарда буд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ин моҷаро тафсилоти бештар дод.

Собир Валиев: “Бале, ду моҳ пеш мо дар як тарабхона ҳамроҳи наздиконам хуроки шом мехурдем, ки чанд нафар корманди мақомот омаданду бидуни муаррифӣ дар пеши чашми ҳама бо зур ба дастони ман завлона зада, ба як мошин савор карданду ба ҷои номаълум ҳаракат карданд.

Ман дар даруни мошин аз онҳо пурсидам, ки чӣ гап аст, чаро бо ман чунин рафтор мекунед, дар ҷавоб мегуфтанд, ки супориш аз болост, мо вазифаи худро анҷом медиҳем. Тахминан баъди 20 дақиқа маро дохили Раёсати мубориза бо коррупсия Додситонии кулл дароварданд ва он панҷ нафар бе фаҳмонидан маро қариб як соат нигоҳ доштанд. Баъд, шахсе омад ва худро корманди Раёсати додситонӣ Сироҷидинзода Фирӯз муаррифӣ кард. Ӯ санадеро ба ман барои шинос шудан пешниҳод кард, ки дар он нисбатам бо моддаи 307 (тундгароӣ), 179 (терроризм) ва боз беш аз даҳ моддаҳои дигар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд будааст. Аз ман хост, ки имзои худро дар протоколи боздошт гузорам, лекин ман аз имзо гузоштан даст кашидам, баъди ин ӯ баромада рафт.

Рӯзи дигар тахминан соати 15:00 назди ман корманди додситонӣ Алимардон Гулчеҳра ва муфатиши Вазорати корҳои дохилӣ Холов Маҳмадсидиқ омада хостан пурсиш гузаронанд. Аз сабабе, ки Холов М. аз бурдани тафтиши парвандае, ки бо моддаи 340 соли 2020 оғоз шуда буд, дур карда шуда буд, ман нахостам, ки ӯ дар пурсиш иштирок намояд. Дар ҳоле ки ин ҳама ҳеҷ асосе надоранд ва инҷо ҳадафе ниҳон аст. Онҳо то поёни суолу ҷавоб, ки чанд соат идома кард, завлонаҳоро аз дасти ман намегирифтанд ва ман пурсидам, ки ман инсон ҳастам ва як нафаре, ки дар кишвар ва берун аз он маро хуб мешиносанд, чаро чунин муносибат мекунед, онҳо ҷавобашон як чӣ буд: “Ин супориш аз роҳбарияти додситонӣ аст.” Ман ба Алимардон Гулчеҳра муроҷиат намуда, гуфтам, ки ман ба шумо чанд маротиба занг зада хостам, ки ҳолати корро фаҳмонам, вале шумо маро як маротиба ҳам даъват накардаед, чӣ лозим буд, ки маро бо чунин тарзи дағалона овардед, ба ин савол ҳам ҷавоб “супориши роҳбарият” буд. Хулоса, бо гирифтани забонхат оид ба тарк накардани ҷои зист аз назди муфаттишон берун шудам."

Радиои Озодӣ: Тафтиши парвандаи шумо ба куҷо расидааст?

Собир Валиев: “Баъди ҳамон рӯзе, ки маро бурданд, дигар ман даъват нашудам. Ду моҳ мегузарад, аслан ҳарфе намезананд. Иҷозаи ворид шудан ба ширкатамро ҳам намедиҳанд. Чанд сафари хориҷӣ доштам, бинобар забонхати тарк накардани ҷои зист наметавонам бо корҳои заруриам машғул шавам. Ҳарчанд, борҳо ба Додситони кул ва роҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаам, муҳтарам Ҷамшед Мирзохонзода, муроҷиат кардам, ҳеҷ посухе намедиҳанд. Ду сол пеш нисбат ба ман барои "сохтакорӣ" парванда карда буданд, вале бинобар тасдиқ нашудани гуноҳ онро қатъ карданд. Ҳоло боз дубора бо ҳамин модда парванда боз кардаанд. Рӯзе, ки маро боздошт карда буданд, ман аз Холов пурсидам, ки шумо ба тафтишоти ин қазия чӣ рабт доред, вақте, ки шумо аз тафтиши ин парванда дур карда шуда будед, гуфт, ки “бо супориши роҳбарият" омадааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, ки “Додситони кул Раҳмон Юсуф ба кормандонаш гуфтааст, ки вазифаи органҳои ҳуқуқ пешгирӣ кардан аз ҷиноят аст, на ин ки ба маҳбас кашонидану доғи судӣ часпондан.” Баъди ин як ҳисе пайдо шуд, ки муроҷиат кунам. Ба номи Додситони кул ариза навиштам, ки бо дастгирии кормандони додситонӣ афроди маълум ва ношинос ба ҳуҷраи истиқоматиам ва дафтари кориам даромада, бе санадҳои дахлдор молу мулк ва маблағи калони пулиамро гирифтаанд. Ман дар ариза навиштам, ки чанд маротиба дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба додситонӣ омадам, вале кормандонатон барои бо шумо вохурӣ кардан иҷоза надоданд. Инак, ду моҳ мегузарад, ки намояндаҳои ҳеҷ мақомоти тафтишотӣ маро қабул намекунанд”.

Радиои Озодӣ: Ҳамкорони шумо бо чӣ далел боздошт шудаанд?

Собир Валиев: “Бале, феълан дар нисбат ба чор нафар аз ҳамкорони ман, аз ҷумла директори ширкат Некрӯз Табаров, ҳимоячии ӯ ва аудитори ширкат айб эълон кардаанд ва мурофиаи онҳо дар додгоҳ идома дорад. Айбдоркунандаи давлатӣ бо далелҳои, ба гуфтае, "худам надидаам, аз касе шунидаам" парвандаро тафтиш кардааст, ки мувофиқи талаботи қонунгузор "аз куҷое шунидаам", яъне сарчашмаи нишондод возеҳ ва равшан набошад, асоси айбдоркунӣ ё ҳукми айбдоркунӣ шуда наметавонад. Ман санаду далелҳо видеоматериалҳо барои собит намудани бегуноҳии худу ҳамкоронам дорам, вале Додситони кул ва роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ қабул намекунанд. Ҳатто аз ман баёнот нагирифтаанду зидди ман парванда боз кардаанд. Боз мехоҳам ба як нукта таъкид кунам, ки ба хотири ҳақиқати ҳол аризае, ки ба додситони кул навиштаам, умедворам муҳтарам Раҳмон Юсуф маро пазирад ва далелҳои пешниҳод кардаи маро таҳлили беғараз намояд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG