Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи СММ барои коҳиши 80-дарсадии партовҳои пластикӣ то соли 2040 нашр шуд


Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ, ки рӯзи душанбеи 15-уми май нашр шуд, гуфт, ҳама кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз фановариҳои мавҷуд ва тағйироти ҷиддӣ дар сиёсатгузорӣ, то соли 2040 метавонанд 80 дарсад аз ҳаҷми партовҳои пластикиро коҳиш диҳанд.

Гузориши ин ниҳод дар мавриди роҳҳои мубориза бо партовҳои пластакӣ ду ҳафта қабл аз оғози гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ дар бораи як паймони байналмилалӣ ба ҳадафи комилан аз байн бурдани ин партовҳо нашр мешавад. Қарор аст ин ҳамоиш дар Порис баргузор шавад.

Гузориши Барномаи муҳити зисти СММ хотирнишон мекунад, ки барои амалӣ шудани ин ҳадаф, бояд се тағйири муҳим дар тавлид ва истифодаи коло сурат бигирад. Ин се тағйир истифодаи дигарбора, бозёфт ва ҷойгузин кардани пластика бо маводи безарар ё камзарар аст.

Мудири Барномаи муҳити зисти СММ гуфтааст, "агар мо дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла гуфтугӯҳои вобаста ба паймони байналмилалӣ дар бораи олудагии пластикӣ аз ин нақшаи роҳ пайравӣ кунем, метавонем ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитӣ бирасем".

Нишастҳои даври дувуми гуфтугӯҳо дар бораи паймони байналмилалии мубориза бо олудагии пластикӣ ду ҳафта баъд дар пойтахти Фаронса доир мешавад. Интизор меравад, ки дар ин нишастҳо муҳимтарин ислоҳот ва тағйирот дар матни аввали паймон сурат бигирад ва барои баррасӣ дар даври севуми музокирот дар моҳи ноябр дар Кения, омода шавад.

Барномаи муҳити зисти СММ тахмин мезанад, ки иҷрои тарҳи истифодаи дигарбораи бастабандиҳои пластикӣ аз сӯи ҳукуматҳо, метавонад то соли 2040 ҳудуди 30 дарсад партовҳои пластикиро коҳиш диҳад.

Дар ҳоли ҳозир кишварҳои ҷаҳон барои мубориза бо партовҳои пластикӣ равишҳои гуногунеро дар пеш гирифтаанд. Бархе аз калонтарин тавлидкунандагони пластикҳо дар ҷаҳон, монанди Амрико ва Арабистони Саудӣ тарафдорони амалкарди кишварҳо ба таври алоҳида ҳастанд.

Бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла Норвегия, Зеландияи Нав ва низ Иттиҳоди Аврупо хостори чораҳои қатъӣ ва ҳамаҷониба аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳама кишварҳои ҷаҳон барои коҳиши тавлиди пластика мебошанд.

Бархе аз фаъолони муҳити зист ба ин бовар ҳастанд, ки гузориши Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ба решаи ин мушкил напардохтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG