Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ба тарҳҳои зидди муҳити зист дар Тоҷикистон пул намедиҳад. ВИДЕО


Бонки ҷаҳонӣ сармоягузориҳояшро бо ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим пайваст хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Бонки ҷаҳонӣ сармоягузориҳояшро бо ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим пайваст хоҳад кард

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, дигар барои тарҳҳои зидди муҳити зист дар Тоҷикистон пул намедиҳад ва бештар аз тарҳҳое пуштибонӣ хоҳад кард, ки барои беҳтар шудани иқлим равона шудаанд.

Мақомот ва коршиносони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 16-уми май барои баррасии масоили марбут ба тағйирёбии иқлим дар Душанбе гирдиҳам омаданд. Ин ҳамоиш бо ибтикори сохторҳои дахлдори СММ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамасола дар яке аз пойтахтҳои кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Ширкаткунандаҳо имрӯз дар бораи таъсири манфии тағйири иқлим ба иқтисод ва зиндагии сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар карданд.

Татяна Проскурикова, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар суханрониаш хабар дод, ки аз моҳи оянда дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сармоягузории тарҳҳое, ки мухолифи паймони Париж дар робита ба ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим аст, қатъ мешавад. Ӯ гуфт, муқаррароти нав ба Тоҷикистон низ дахл дорад. “Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ дар Қазоқистон ва Узбекистон пажуҳишеро анҷом дода, мутобиқати ин ду кишвар ба талаботи Парижро баррасӣ кард. То ду-се моҳи дигар мо чунин пажӯҳишеро дар Қирғизистон ва Тоҷикистон низ анҷом медиҳем. Ҳадафи анҷоми ин пажӯҳиш танҳо ба хотири Бонки Ҷаҳонӣ не, балкӣ барои мақомот ва ҷомеаи худи Тоҷикистон ҳам аст. Бояд масиреро пайдо кард, ки ҳам рушди иқтисод ба даст ояд ва ҳам аз тағйирёбии иқлим ҷилавгирӣ шавад,”—гуфт, ӯ.

Татяна Проскурикова афзуд, ки “ин муқаррарот ба маънии қатъи сармоягузориҳо нест, натоиҷи ин пажуҳиш, баръакс, ба мақомоти тоҷик кумак мекунад, ки кишвар ба иқтисоди сабз гузарад ва сармоягузории на танҳо Бонки Ҷаҳонӣ, балкӣ дигар муассисаҳо ва бахши хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар гардад.”

Дар ҳамоиши Душанбе ҳамчунин аз қавли президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки Тоҷикистон қасд дорад, то соли 2050 партоби бухорҳои гулхонаиро баробари сифр кунад.

Анвар Ҳомидов, раиси Маркази пиряхшиносии Тоҷикистон гуфт, ки “ба сифр баробар кардани партобҳои гулхонаӣ” ба маънии комилан аз байн бурдани онҳо нест.

“Дар тамоми ҷаҳон қабули созишномаи Париж ба он маънист, ки дар он сатҳи партоби ҳар як кишвар муайян карда шудааст. Ба сифр баробар кардан, ба он маънист, ки Тоҷикистон партобҳояшро ба ҳамон меъёри муайяншудаи Париж баробар мекунад,”—гуфт, ӯ.

Ба эътиқоди Сулҳия Содиқова, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, Тоҷикистон барномаи “Рушди иқтисоди сабз”-ро ба тасвиб расонидааст ва вазифадор аст, тавсеаи иқтисодии кишварро бо талабҳои ин барномаи худ мутобиқ созад. Хонум Содиқова ба ин назар аст, ки барои расидан ба ҳадафи “Иқтисоди сабз” донишҳои зистмуҳитии сокинони кишвар низ бояд тақвият дода шавад.

“Тағйирёбии иқлим дар солҳои ахир собит кард, ки соле боришоту сардиҳои сахт мешаванду, соли дигар баръакс. Бояд аз ҳоло ба мардум омӯзонд, ки чӣ гуна нерӯи барқ дар манзилашонро сарфа карда, дар ҳавои гарм ё сард чӣ либосе бипӯшанд, ки ниёз ба сарфи нерӯи барқ нашавад. Пеш аз оғози зимистон бояд ба мардум фаҳмонем, ки чӣ гуна манзилашонро гарм нигаҳ доранд. Аз ҳоло бояд мардумро барои мутобиқ шудан ба чунин тағйироти иқлим омода созем,”—гуфт, ӯ.

Ба гуфтаи ширкаткунандаҳои ҳамоиш, Тоҷикистон аз лиҳози зистмуҳитӣ дар мавзеи “геостратегии минтақа” қарор дорад, ки тақрибан 70 дарсади оби Осиёи Марказӣ аз куҳсораш сарчашма мегирад. Аммо, мақомот ба ин назаранд, ки дар пайи партобҳои зиёди бухорҳои гулхонаӣ дар кишварҳои пешрафта ва гармшавии ҷаҳонии иқлим дар даҳсолаҳои ахир сеяки пиряхҳои Тоҷикистон аз байн рафтааст. Ба ин хотир, мақомоти тоҷик пешниҳод кардаанд, ки соли 2025 дар ҷаҳон соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Ҳарчанд, бархе аз донишмандони тоҷик бо омори мақомот дар бораи коҳиши миқдори пиряхҳо розӣ нестанд ва иддао доранд, ки афзоиши миқдори прияхҳои кӯчак низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG