Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Туркия: Синон Уғон дар даври дувум аз Эрдуғон ҳимоят мекунад


Синон Уғон, номзади миллигарои ифротии Туркия, ки дар марҳилаи аввали интихоботи президентии ин кишвар рутбаи севумро ба даст овард, дар марҳилаи дувуми интихобот аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳимоят кард.

Ӯ рӯзи душанбеи 22 май зимни нишасти хабарӣ дар Анқара гуфт, эътилофи "Миллат" бо раҳбарии Камол Қиличдороғлу "натавонист моро дар бораи оянда қаноат диҳад". Синон Уғон афзуд, тасмими ӯ дар ҳимоят аз Эрдуғон бар асоси "муборизаи беист алайҳи терроризм" будааст.

Даври дувуми интихоботи президентии Туркия рӯзи якшанбеи 28 май байни ду номзад -- Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу баргузор мешавад.

Синон Уғон, ки пеш аз муборизаҳои интихоботии ахир дар Туркия чеҳраи чандон шинохташудае набуд, дар даври аввали интихоботи ин кишвар, 2,8 миллион раъй, яъне бештар аз 5 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард.

Ӯ ҳафтаи гузашта дар гуфтугӯе бо хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ҳадафаш берун кардани ду ҳизби курди Туркия аз саҳнаи сиёсии ин кишвар ва тақвияти миллигароҳои Туркия аст.

Ҳизби демократии халқҳо, ки ҳомии курдҳо аст, аз Қиличдороғлу ҳимоят кардааст. Дар ҳоле, ки ҳизби исломгарои курд бо номи "Мутолибаи озод", аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон пуштибонӣ намудааст.

Камол Қиличдоғлу ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот бисёре аз тағйироти густурдаеро, ки Эрдуғон дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунин иқтисоди Туркия ба вуҷуд овард, бекор мекунад.

Дар давраи аввали интихоботи Туркия, ки рӯзи 14 май баргузор шуд, ҳеч яке аз номзадҳо натавонист беш аз 50 дарсади раъйро ба даст орад.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз таҳлилгарон навишт, ки ҳимояти Сино Уғон аз Эрдуғон, мавқеияти раиси ҷумҳури феълиро тақвият мекунад, аммо айни замон байни тарафдорони ӯ ихтилоф ба миён меорад.

Ҳизби "Пирӯзӣ" ки Уғон номзади он мебошад, қарор аст имрӯз, сешанбеи 23 май ба таври алоҳида мавзеи худро дар бораи марҳилаи дувуми интихобот эълон кунад.

Дар рӯзҳои ахир Қиличдороғлу лаҳни худро сатхттар кард ва ваъда дод, ки дар сурати ғалаба дар интихобот, 10 миллион паноҳҷӯи хориҷиро ба кишварҳои худ бармегардонад.

Туркия бинобар мавқеияти ҷуғрофии худ, мизбони миллионҳо паноҳҷӯ, аз ҷумла паноҳҷӯёни суриягӣ, афғон ва эронӣ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG