Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ба гумони одамрабоӣ дастгир шудааст.
Радиои Озодӣ ҳафтае пеш бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дод, ки Юсуфзода "шаби 12-уми июн Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро зӯран ба мошин бор карда, ба самти номаълум бурдааст" ва тақдири дувумӣ маълум нест.
Масъулони Додситонии кул рӯзи 24-уми июн ба гузориши Радиои Озодӣ посух додаанд.
Онҳо дар эъломияе гуфтанд, сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-ро ба ҳабс гирифтанд. Боздошти ӯ пас аз се рӯзи воқеа сурат гирифт.
Ҳамроҳи ӯ хешовандаш, Исмоилҷон Шукуров, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳам боздошт шудааст. Таҳқиқи парвандаи ҳардуи онҳо ба иттиҳоми одамрабоӣ (моддаи 130, қисми 2, бандҳои “а, в"-и Кодексиҷиноӣ) ҷараён дорад.
Рӯзи 19-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки ду нафар шахсеро, ки омӯзгор Исмоил Раҳмонов гуфта мешавад, кашола карда мебаранд. Ҳодиса дар маҳаллаи "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе рӯй додааст.
“Онҳо дастони Раҳмоновро баста, дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ, ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд,” – омадааст дар изҳороти Додситонӣ.
Шахсони наздик ба Исмоил Раҳмонов ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯро дар дарёи Зарафшон мекобанд. Мақомот гуфтаанд, то рӯзи 24-уми июн ҷасад ёфт нашуд.
Ба иттилои расмӣ ҳодиса дар заминаи рашк рӯй додаааст.
Ба қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекарданд. Дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, ки Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс мегуфт, ҳамсари подполковник аз забони англисӣ.
Наздикони Акмал Юсуфзода ва ҳамсараш дар бораи қазия, ки мақомот заминаашро рашк мегӯянд, то ҳанӯз чизе нагуфтаанд. Пайвандони Исмоил Раҳмонов ба далели баёноти додаашон ба мақомот низ аз баёни тафсили моҷаро худдорӣ варзиданд.
Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.
Гуфтугӯ