Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шарти Путин дар назди аъзоёни гуруҳи "Вагнер"


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як муроҷиати тоза ба мардуми кишвараш, ба ошӯбгарони гуруҳи "Вагнер" дигарбора ваъдаи афв дод, вале аз раҳбари гуруҳ ном набурд.

Путин дар суханронии телевизионӣ дар рӯзи 26-уми июн гуфт, зархаридони ин гуруҳ метавонанд ба сафи неруҳои Русия бипайванданд, ба назди оилаҳояшон баргарданд ва ё ба Ҷумҳурии Белорус бираванд. Ӯ ҳеч ишорае ба Евгений Пригожин раҳбари 62-солаи Вагнер накард, ки дар гузашта аз шарикони наздики худи Владимир Путин буд.

Айни замон раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки ошӯбгарон ба мардуми кишвараш хиёнат карданд. Чанд соат пеш аз ин муроҷиат Евгений Пригожин зимни суханронии сабтшудае гуфт, рӯзи 23-уми июн барои он ошӯб бардошт, то монеи пароканда кардани гуруҳи "Вагнер" шавад, ки ба қавли ӯ ҷанговарони беҳтарин дар Русияро дорад.

XS
SM
MD
LG